Мубориз Усмонов ва Иван Ургант вохӯрӣ кард

© Фото : Facebook Мубориза УсмоноваРовии барномаи "Имшаб" Мубориз Усмонов
Ровии барномаи Имшаб Мубориз Усмонов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барномаи "Имшаб", ки дар Шабакаи аввали Тоҷикистон намоиш дода мешавад, мушобеҳи барномаи русии “Вечерний Ургант” дар Шабакаи аввали Русия аст
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Мубориз Усмонов ва Иван Ургант, муҷриёни барномаҳои маъруфи шомгоҳӣ дар шабакаҳои телевизюнии Тоҷикистон ва Русия, дар дидоре ки дирӯз доштаанд, сӯҳбати самимие оростанд.
Дар ин бора Мубриз Усмонов дар сафҳаи фейсбукии гурӯҳи "Имшаб" хабар медиҳад.

Чуноне ки дар гурӯҳи "Имшаб" омадааст, муҷриҳои ду барномаи телевизюнии мушобеҳи тоҷикиву русӣ о ҳам сӯҳбат ороста, Иван ба Мубориз маслиҳатҳои муфид додааст.

Мубориз Усмонов аз Иван Ургант, муҷрии барномаи "Вечерний Ургант", барои меҳмоннавозияш сипосгузорӣ кардааст.

Худи Мубориз Усмонов ба яке аз расонаҳо гуфтааст, барномаи вай бо борномаи Иван Ургант "Вечерний Ургант" ҳарчанд монанд бошад ҳам,  робитае  надорад.

"Дар кишварҳои зиёде чунин барномаҳои шабона аст, ки бо калимаи   "Шаб" шурӯъ гардида, аксарияташон  чунин номгузори шудаанд: "Tonight Show", "Барномаи шабона бо Дэвид Леттерман", "Имшаб бо Джимми Фэллон" ва ғайра",- гуфтааст вай.

Фарқ фақат дар рафти барнома ва рубрикаҳои он аст. "Имшаб"-и ман низ аз "Имшаб"-и Ургант фарқ дорад. Чун рубрикаҳои ман дигар аст, аз ӯ дигар",- изҳор доштааст Мубориз Усмонов.

Лентаи хабарҳо
0