Нахустин фурӯшгоҳи армуғонҳои тоҷикӣ дар Маскав ифтитоҳ шуд

© Аккаунт Ethnos WORLD в InstagramНамоишгоҳи ҳунармандони тоҷик дар Маскав
Намоишгоҳи ҳунармандони тоҷик дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бунёдгузори фурӯшгоҳи Ethnos World мехоҳад офаридаҳои ҳунармандону дастварзони тоҷикро ба ҷаҳониён намоиш диҳад ва онҳоро дар фурӯши дастсохтаҳояшон ёрӣ расонад

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Нахустин фурӯшгоҳи саноеъи дастиву армуғонҳои тоҷикӣ дар Маскав дари худро ба рӯи муштариён боз кард.

Фурӯшгоҳи "Ethnos Word" дар харидгоҳ ё маркази хариди "Спектр" бунёд шуда, ки назди истгоҳи метрои "Теплый стан" ҷой дорад.

Sputnik Тоҷикистон бо бунёдгузори ин фурӯшгоҳ мусоҳиба кард ва нарху навои колоҳояшро пурсид.

 Аз гуногунии колоҳо дар дукони Фатҳиддин Насимов чашмони бинанда хира мешаванд: аз косаву кӯза гирифта то зевару зебафзору корду ханҷару лухтак — ҳамаро метавон инҷо пайдо кард.

 "Ин сафоли риштонӣ аст, ки онро кабуд мегӯянд. Риштон яке аз шаҳрҳои тоҷикшинини Узбакистон аст, яъне шаҳри тоҷикон аст. Падидоварандагони ингуна сафол тоҷикон ҳастанд", — мегӯяд Фатҳиддин.

 Аз ин фурӯшгоҳ метавон ҷӯробу мӯҳраҳои помирӣ, кулоҳҳои хуҷандӣ, ҳисорӣ, раштӣ, кӯлобӣ, помирӣ, косаву табақ, ангуштариву дастпона, корду ханҷар, шохҳои мешу ғурм ва сангҳои гаронбаҳоро харид кард.

 "Тарҳи фурӯшгоҳи Ethnos World на танҳо саноъеи дастии тоҷикиро дар бар мегирад, балки армуғону раҳовард аз бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро низ пешниҳод мекунад. Инҷо сохтаву офаридаи дастварзони Афғонистон, Узбакистон, Покистон, Перу, Непол ва Бразилияро низ метавон хард", — мегӯяд ин ҷавони 29-сола.

 Донишпажӯҳе, ки ҳамеша ҳунардӯст низ буда

 "Ман асолатан аз Панҷиканд ҳастам, дар Қӯрғонтеппа зода шудаам. Дар донишкадаи заминшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардаам. Соли 2008 ба Донишгоҳи давлатии заминшиносиву конҷӯии Русия интиқол гирифтам ва онро дар соли 2011 бо беҳтарин дастовард ба поён бурдам", — мегӯяд Фатҳиддин.

 Ҳамакнун вай донишҷӯи аспирантура аст ва тиҷоратро саргармие мешуморад.

 Тиҷорате ки аз як ҳуштак оғоз шуд

 Порсол тобистон Фатҳиддин ҳамкоронаш дар Пажӯҳишгоҳи конишиносии Русияро Тоҷикистон даъват карда буд. 

"Ҳангоме ки Русия бар мегаштем, яке аз дӯстонам хост, фурӯшгоҳе барояш пайдо кунам то раҳоварде бо худ бибарад. Вай мехост аъҷуба ё ҳуштаки сафолӣ бихарад", — ба ёд меорад вай.

Мусофирон аз ин ҳуштак ҳарчанд ҷустанд, дар Душанбе пайдо накарданд. Онро дар ҷое намефурӯхтанд.

"Онҷо донистем ки чунин ҳуштакро танҳо як дастварзе месозад ки дар шаҳри Истаравшан зиндагӣ дорад. Барои пайдо кардани он усто ман аз роҳи Тошканд ба зодбумам рафтам. Онҷо ки расидам, дидам ки ин ҳунар чи зебост. Чи торихе дерина дорад. Вале ман чун як тоҷик аз он ҳунару торихаш чизе намедонистам", — мегӯяд Фатҳиддин.

 Пас аз ҳамин сафару боздид буд ки вай тасмим гирифт аз ҳунару фарҳанги мардуми тоҷик барои дигарон огаҳирасонӣ кунад.

"То бозгаштам ба Маскав, ин андеша раҳоям намекард, ки чаро ин устоҳоро ёрӣ надиҳам, ки колоҳои нестандарҷаҳон падид меоваранд?", — мегӯяд вай.

 Тамоси мустақим

Акнун Фатҳиддин устоҳои дастварзро дар саросари Тоҷикистон меҷӯяд, то дастсохтаҳояшонро дар Маскав бифурӯшад.

"Ман мустақиман бо ҳунармандон дар тамос ҳастам ва раванди тавлиду кайфияти колоро контрол мекунам. Ин устоҳоро ман бо ёриву ҳамкории Иттиҳодияи саноъеи дастии Тоҷикистон пайдо кардам. Акнун камубеш 15 — 20 ҳунарманд бо ман ҳамкорӣ доранд", — мегӯяд Фатҳиддин.

Ҳамин тамоси мустақим усули аслии тарҳи Ethnos World аст.

"Русия бозоре бузург аст ва инҷо ҳар харидоре хостаҳое вижа ба худашро дорад. Мо кӯшиш мекунем ин хостаҳоро дақиқ ба устоҳо бирасонем то колоро ончунон бисозад, ки харидор мехоҳад", — тавзеҳ медиҳад ин ҷавони тоҷик.

Ин фурӯшгоҳи хурд на танҳо барои ӯву хонаводааш даромаде меорад, балки бисёре аз дастварзони тоҷикро низ бо кор таъмин мекунад. Бо ёрии Фатҳиддин он устоҳо ба бозори бузурге дастрасӣ пайдо кардаанд ва акнун метавонанд оромона кори дӯстдоштаашонро анҷом диҳанду аз суду зиён парво накунанд.   

"Устоҳо метавонанд аз хонаашон берун наоянду корд бисозанду бифрӯшанд", — мегӯяд вай.

Ин тоза оғози кор аст

 Фатҳиддин мегӯяд ки мушкилтар аз ҳама ҳалли масоили молӣ буд, зеро иҷораи дукон дар харидгоҳ ниёз ба ҳазинаи калон дорад.

"Бисёр душвор буд ки ҳамзамон ҳам таҳсил кунам ва ҳам машғул ба тиҷорат бошам. Аз ин таку дав сахт лоғар шудам", — бо лабханд мегӯяд вай.

Муддате дароз вай танҳо кор мекард, ҳамсараш гоҳе дар тарҷумаи номаҳо ба инглисӣ ва олмонӣ ёрияш мерасонд. Аммо акнун ки фурӯшгоҳ ифтитоҳ шуда, Фатҳиддин тасмим гирифта ки шарике пайдо кунад.

Тиҷорате ки вай пеш гирифтааст, гарчи мушкилоте сари роҳ дорад, вале оҳиста-оҳиста пеш мераваду густариш меёбад. Чунончи, агар пештар аз устоҳо моҳе танҳо 5 корд супориш мекард, акнун ҳар моҳ то 250 корд супориш медиҳад. Фурӯши ҳуштакҳо низ ҳамин оҳангро дорад — ҳар бор 500 то ҳуштак супориш медиҳад, ки дар ҷо фурӯхта мешаванд.

"Аз он маҳмула ҳамин чаҳор то монда, ки инҳоро ҳам пешхарид кардаанд", — лоф мезанад вай хандида.

 Ин коркушо нақша кашида, ки дуконе дигар наздиктар ба маркази Маскав ифтитоҳ кунад. Ҳамчунин дукони аввалашр обузургтар кунад то ҷое барои пӯшокҳои миллии тоҷикӣ ҳам дошта бошад.

 

 

"Мехоҳем то поёни ин сол дар Маскав се фурӯшгоҳ ифтитоҳ кунем ва сипас дар Петербург ҳам дукон бунёд кунем", — мегӯяд вай.

Фатҳиддин тиҷораташро аз таблиғ дар интернет оғоз кард. Вай дар шабакаҳои иҷтимоъӣ сафҳаҳои дуконашро боз кард ва колоҳояшро пешниҳод мекард. Яке аз сафҳаҳояш дар Instagram буд ва кормандони сафорати Тоҷикистон ҳамонҷо ӯро диданд ва даъваташ карданд дар ҷашни Наврӯз ширкат кунад. Ҳамкории онҳо аз ҷашни Наврӯз дар ҳотели Ритз-Карлтон оғоз шуд, ки сафорат онҷо меҳмонии расмӣ бар по карда буд. Сипас дар намоишгоҳи ВДНХ ғурфае оростанд ва саноъеи дастиро ба намоиш гузоштанд.

Ин ҷавон барномаҳои бузурге барои оянда дорад. Вай ҳозир нест танҳо машғул ба тиҷорат шавад, балки мехоҳад ҳунару фарҳанги мардум ва табиъати кишварашро аз роҳи гардишгарӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Вай ҳамин акнун барномаи гардишҳои фарҳангшинохтонаро омода кардааст ки гардишгарии қавмшинохтона, хӯрокхӯрона, фарҳангшинохтона бо иқомат дар ҳотелҳои миллиро дар дар мегирад.

Ингуна гардишгарӣ фаротар аз тафреҳу саргармӣ ва бештар омӯзишиву фарҳангӣ аст.

 "Тоҷикистон барои рушду тавсеъаи гардишгарӣ тавони билқувва фаровон дорад. Вале мо ҳатто 5 дарсад аз тавонро ба кор намегирем. Яке аз ҷанбаҳои мусбат барои Тоҷикистон ин аст ки сарзаминаш чандон густарда нест ва метавон дар зуд аз як шаҳр ба дигар шаҳр рафт", — мегӯяд вай.

 Боре, ҳамакнун Фатҳиддин тиҷораташро пеш мебарад то сармояе ба даст ораду орзуҳояшро бароварда созад. Ҳамзамон маскавиҳоро бо армуғонҳо аз Меҳанаш шод мегардонад.

Лентаи хабарҳо
0