"Оқ Илбирс": Баҳодур Миралибеков - беҳтарин бозигари нақши мард дар Осиёи Марказӣ

Обуна шудан
Филми коргардони ҷавони тоҷик Румӣ Шоазимов "Хоби маймун" номзади ҷоизаҳои ҷашнвораи синамоии "Оқ Илбирс" дар се бахш шуда буд

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар Бишкек Шашумин маросими тақдими ҷоизаҳои ҷашнвораи синамоии "Оқ Илбирс" баргузор шуд, ки филми Румӣ Шоазимов "Хоби маймун" дар се бахш — "Беҳтарин филми Осиёи Марказӣ", "Беҳтарин бозигари нақши мард дар Осиёи Марказӣ" ва "Беҳтарин бозигари нақши зан дар Осиёи Марказӣ" номзад шуда буд.

Доварони ин ҷашнвора ҳунарпешаи тоҷик Баҳодур Миралибековро барои иҷрои нақш дар ин филм "Беҳтарин бозигари нақши мард дар Осиёи Марказӣ" шинохтанд.

"Хоби маймун" нахустин филми комили Румӣ Шоазимов аст ва соли 2016 аз рӯи достони кӯтоҳи нависандаи инглис Уилям Ҷекобс "Панҷаи маймун" (The Monkey's Paw) сохта шудааст.

Ин филм дар пайравӣ аз он достон ҳамон идеи қадимии "се орзуе, ки бароварда мешаванд"-ро бознамоӣ мекунад ва дар он панҷаи як маймун орзуҳоро бароварда месозад. Нукта инҷост ки панҷа ҳар орзӯеро, ки  бароварда мекунад, дар паяш арзишмандтарин доштаҳои орзӯкунандаро аз ӯ мегирад. Дар ин филм панҷаи маймун фарзанди қаҳрамони аслиро аз ӯ мегирад. Паёми ахлоқии ин филм ин аст ки нишон медиҳад гоҳе зиндагии воқеъӣ басе беҳтар аз зиндагие аст ки орзӯяшро дорем.

Нахустнамоиши ҷаҳонии филм соли гузашта дар ҷашнвораи "Край света" дар Сахалин баргузор шуда буд. Нақшҳои аслииро онро ҳунарпешаҳои номии тоҷик Баҳодур Миралибеков ва Зулфия Содиқова офаридаанд.

"Оқ Илбирс" — ҷоизаи миллии синамоии Ҷумҳурии Қирғизистон аст, ки Иттиҳодияи синамогарони Қирғизистон, Бунёди иҷтимоъии "Ойтиш" ва Бунёди густариши синамои Қирғизистон барои арҷгузорӣ ва арзёбӣ аз синамогарон ва дастовардҳояшон таъсис додаанд. Барандагони ин ҷоиза тандиси озодапалангро дарёфт мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0