Ҷои аввали Идибек Тошев - навозандаи созҳои миллӣ дар Бозиҳои Делфӣ

© Фото : Аз саҳифаи расмии Бозиҳои ДелфӣБозиҳои Делфӣ. Акс аз бойгонӣ
Бозиҳои Делфӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Идибек Тошев, донишомӯзи ҳунаристони ба номи М.Атоев дар бахши “созҳои миллӣ”, дар XII Бозиҳои Делфӣ миёни ҷавонони кишварҳои ИДМ пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дувоздаҳумин бозиҳои Делфӣ миёни ҷавонони ҷумҳуриҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои мустақил аз 18 то 23 апрели соли 2017 дар  дар шаҳри Екатеринбурги Русия бо ширкати ҷавонони тоҷик баргузор шуданд.

Ҳунармандони ҷавони тоҷик аз рӯи панҷ бахш — дар равияҳои академӣ, суннатӣ, созу овоз ва тасвирӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

Идибек Тошев — хонандаи мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев дар бахши "созҳои миллӣ", барандаи ҷоизаи Бозиҳои XII-уми Делфий гардид.

Кумитаи байнулмилалии Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби 65 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидааст.

Мақсад аз баргузории Бозиҳои Делфӣ дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ ва маънавиёти наврасону ҷавонон, тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0