Дидори вазири фарҳанги Тоҷикистон бо муовини вазири фарҳанги Узбакистон

Муовини вазири Узбакистон: дӯстии тоҷику узбак аз Ҷомӣ ва Навоӣ оғоз ёфт

98
(Таҷдидшуда 16:06 10.05.2017)
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо муовини аввали вазири фарҳанги Узбакистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов дидор кард.

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Вазири тоҷик сафари ҳайъати фарҳангии Узбакистон ба Тоҷикистонро хушомадед гуфта, наздик шудани ду кишвари ҳамосяро талоши кишвардоронаш гуфт.

"Боварам комил аст, ки аз баракати талошҳои роҳбарони вазоратҳои фарҳанг, ки пешниҳодашонро сарони ҳарду кишвар ҷонибдорӣ карданд,ки Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон бисёр хуб сурат мегиранд ва дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба як падидаи нодир ва ёдмон мегарданд", — гуфт Шамсиддин Орумбекзода.

Муовини вазири фарҳанги Узбакистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов низ ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангро дар Тоҷикистон табрик гуфт ва таъкид кард, ки равобити фарҳангии Тоҷикистону Узбакистон аз жарфои торих реша мегиранд.

"Ҳарчанд равобити сиёсии ду кишвар соли 1992 оғоз ёфта бошанд, дӯстиву бародарии мардуми ду кишвар торихи чандсадсола доранд. Исботи ин гуфтаҳо дӯстии ду намояндаи варзидаи адабиёт Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад"- изҳор дошт Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов.

Баъди анҷоми дидор ҳайъати расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Боғи Рӯдакӣ дидан намуданд.

98
Барчаспҳо:
Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Шасиддин Орумбекзода, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пас аз 25 сол: дӯстии Тоҷикистону Узбакистон (8)
Мавзуъ
Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон оғоз ёфт