Севинч Муминова

Аз Севинч то Ғуломҷон: рақсу бозии фарҳангиёни Узбакистон дар Тоҷикистон

433
(Таҷдидшуда 12:19 11.05.2017)
Дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон Севинч Муъминова, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов ва дигар фарҳангиёни узбак ҳунарнамоӣ карданд

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputniк. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ шоми 10 май дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон дар Тоҷикистон оғоз шуд.

Фарҳангиёни узбак барномаи хотирмони консертиро манзури ҳаводорони созу овоз карданд.

"Ҳунарнамоии овозхонони шинохта Севинч Муъминова, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, Анвар Собиров ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси "Ӯзбекистон" писанди аҳли нишаст гардид", — омадааст дар хабарнома.

Севинч Муминова
© Фото : Аз равобити умуми вазорати фарҳанг
Севинч Муминова

Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон Ғуломҷон Ёқубов дар бораи дӯстиву рафоқати мардумони тоҷику узбак ҳарф зада, гуфт. "Тоҷику узбак ҳарчанд ду забон доранд, аммо як дил доранд, урфу одати ягона, тӯйи ягона ва ҳатто таоми ягона доранд. Дар Узбакистон ҳам оши палов ва дар Тоҷикистон ҳам оши палов мехӯрем. Дӯстии мову шумо абадӣ аст ва абадӣ хоҳанд монд!".

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар суханронияш гуфт, ки Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон боиси мустаҳкам гардидани муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя хоҳанд гардид.

"Фалсафаи фарҳанги тоҷик басо амиқу ибратомӯз аст. Дӯстиву рафоқат дар ин фалсафа мақоми хоса доранд. Донӣ, ки чист давлат, дидори ёр дидан, дар кӯи ӯ гадоӣ, дар хусравӣ гузидан", — гуфт Шамсиддин Орумбекзода. 

Муовини аввали вазири фарҳанги Узбекистон, Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов низ аҳли толор ва фарҳангиёнро бо ибтидои ин падидаи хотирмони фарҳангӣ муборакбод намуд.

"Миннатдории худро ба раҳбарони Тоҷикистон ва вазорати фарҳанг барои чунин ибтикор изҳор медорам. Тули ду рӯз ҳар ҷое равем, моро бо дили кушод ва лабони пуртабассум пешвоз мегиранд", — изҳори хушҳолӣ кард Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов. 

Вазири узбак дар бораи ба дӯстиву бародарии ду адиби машҳури тоҷик ва турк — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ёдовар шуд ва аз шоҳасарҳои ин ду шоири шинохта порчаҳо дар бораи дӯстиву рафоқат қироат намуда, суханрони худро бо мисраҳои машҳури сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ "Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷахон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон" ба поён расонд.

Фарҳангиёни узбак дар Тоҷикистон
© Фото : Аз равобити умуми вазорати фарҳанг
Фарҳангиёни узбак дар Тоҷикистон

 

433
Барчаспҳо:
барномаи консертӣ, Севинч Муминова, Узбакистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пас аз 25 сол: дӯстии Тоҷикистону Узбакистон (8)
Мадина Акназарова

Аз кулчапазӣ то нашри нахустин суруд ба забони шуғнонӣ: Мадина дар замони COVID - 19

2037
(Таҷдидшуда 18:24 01.06.2020)
Мадина Ақназарова ахиран суруди ҷадиди худро ба забони шуғнонӣ зери унвони "Рози дил" пешкаши мухлисонаш кард

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Мадина Ақназарова сарояндаи ҷавон ва машҳури эстрадаи тоҷик, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи нашри суруди нахустинаш ба забони шуғнонӣ ва ҳамагирии COVID - 19 нақл кард.

Ба гуфти Мадина вақте рӯзҳои аввал дар бораи COVID - 19 сухан мекарданд, дар Душанбе ҳамаро тарсу ваҳм фаро гирифта буд, вале пас аз чанде ҳамаҷо ором шуд.

"Наздик ба якуним моҳ мешавад, ки мо дар хона нишастаем. Худро эҳтиёт мекунем. Шукри Худо ҳамаи аҳли хонаводаамон дурусту бардаманд", - гуфт Мадина.

Сарояндаи ҷавон дар даврони ҳамагирӣ нахустин суруди худро ба забони шуғнонӣ (пештар ӯ суруде бо номи "Ҷону дилам" нашр карда буд, ки танҳо қисме аз суруд ба забони шуғнонӣ сароида шуд) таҳти унвони "Рози дил" нашр ва пешкаши мухлисонаш кард.

Суҳбати Мадина: аз ишқ дар маршировка то муҳоҷирату пулёбӣ ва ҷарроҳии пластикии ситораҳо

Дар бораи нашри ин суруд Мадина мегӯяд аз дер боз мақсад дошт, суруде ба забони модариаш - шуғнонӣ бисарояд, вале суруди мувофиқи дилашро пайдо накарда буд.

"Вақте ман навори қадимиеро тамошо кардам, ки дар он се духтари ҷавон ҳамин суруди "Рози дил"-ро иҷро мекарданд, ман дарҳол онро писандидам ва ба худ гуфтам, ки ман албатта ин сурудро месароям", - нақл кард Мадина ва афзуд, ки аслан ӯ сурудеро интихоб мекунад, ки ба дилаш наздик бошад.

Ӯ гуфт чун матни суруд  бештар мувофиқи сарояндагон - мардон аст, тасмим гирифт матни онро каме тағйир диҳад.

"Ростӣ иҷро кардани суруди бадахшонӣ кори осоне нест. Бояд баландии овоз нота ва ҳамааш мувофиқ бошад. Вале ин суруд ба ман бо тамоми нозукиҳояш мувофиқ омад. Танҳо матнашро ҷой ҷое барои овози духтар мувофиқ кардем", - гуфт Мадина ва афзуд, ки муаллифи ин сурудро пайдо накард, чун яке аз сурудҳои қадимии мардуми Бадахшон ҳаст ва онро суруди халқӣ унвон кард.

Ба ҷавонон муаррифӣ кардани суруди пешинро Мадина аз далели дигари интихоби сурудаш гуфт.

Суруди нави Мадина рӯзи 30 май дар саҳифааш дар шабакаи Youtube нашр шуд. То имрӯз ин сурудро беш аз 39 ҳазор кас шунида ва зиёда аз якуним ҳазор нафар писандидааст.

Аз ҳамагирии коронавирус ёдоварӣ карда, Мадина мегӯяд вақти мувофиқест барои пухту паз барои аҳли хонавода ва сабти наворҳои шӯхиомез.

Дар саҳифаи Мадина дар инстаграм наворе нашр шудааст, ки ӯ дар он тари омода намудани кулчаро аз аввали кор то охир намоиш додааст. Аз навор бар меояд, ки Мадина кадбонуи хубе ҳаст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Таёри ба Сухур 🌹 Сараф во бамаза ширчой 😜

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Ҳамчунин дар баробари наворҳои пухтупаз Мадина видеоҳои шӯхиомезро низ нашр кардааст, ки писанди ҳаводорони ҳунараш шудааст.

Умуман Мадина Ақназарова аз фаъолтарин ҳунармандони тоҷик дар Instagram ба шумор меравад. Ӯ сирри шӯҳрати худро дар истеъдод ва истифодаи фаъолонаи шабакаҳои иҷтимоӣ медонад.

Бар хилофи аксари сарояндагони тоҷик, ки шӯҳратро бо сарфи маблағи ҳангуфт тавъам медиҳанд, Мадина бовар дорад, ки барои инсони боистеъдод ва меҳнаткаш барои дарёфти мақоми худ дар шоу-бизнеси тоҷик, монеа вуҷуд надорад.

"Дар асри 21 машҳур шудан бисёр осон аст. Агра инсон истеъдод ва ҷаззобият дошта бошад, албатта метавонад дар санъати тоҷик мақоми худро пайдо кунад. Ман ин чизро дар мисоли худам тасдиқ мекунам. Шояд солҳои пеш мушкилтар буд, вале имрӯзҳо бо кумаки интернет ин кор осон шудааст”, - гуфт Мадина дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мадина Ақназарова соли 2018 дар санъати эстрадии тоҷик зуҳур кард. Ӯ бо сабки сурудхонӣ, интихоби матни суруд, овози боқувват ва ҷасорату фаъолнокӣ дар Instagram зуд дар дилу дидаи мақомдорони умури фарҳанг ва мардум ҷой ёфт.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Dustoni aziz, surudi halqii ” ”Rozi dil”bo zaboni Badakhshoni ( Shugnoni) alakai dar Youtube dar kanali man sado medihad 🙏🏻 Marhamat, gush kuned . 🎉 #girlfrombadakhshan🌹

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Нахустин намоҳангашро таҳти унвони "Ай ёр, ёр" соли 2017 сабт ва пешкаши мухлисон карда буд, ки аз ҷониби тамошобинон бисёр хуш пазируфта шуд. Мадина дар чандин консертҳои хайриявӣ низ ҳунарнамоӣ карду ӯро дигар дар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ низ даъват мекарданд. 

Мадина мусиқии тоҷикро дар Ӯзбекистон ва Ҷопон ва дигар кишварҳо муаррифӣ кардааст.

Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз чанде хонаводаи Мадина ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург мекӯчад.

Мадина то синфи 9-ум дар мактаби рақами 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бозгашт.

Мадина ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академӣ (опера) супорид ва онро бо хубӣ хатм кард. Пасон Мадина таҳсилашро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дод.

Феълан Мадина Ақназарова донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳунарҳои зебо мебошад.

То имрӯз Мадина Ақназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Пебербург баргузор кардааст.

2037
Барчаспҳо:
Забони модарӣ, Мадина Ақназарова, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Министр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода

Мусибат дар хонаводаи Орумбекзода: ҳамдардӣ бо оилаи собиқ вазир

8546
(Таҷдидшуда 19:48 30.05.2020)
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо хонаводаи вазири собиқи ин ниҳод Шамсиддин Орумбекзода изҳори таслият кардааст

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар хонадони вазири пешини фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода мусибат рух додааст - модари вазири собиқ даргузашт.

Дар ин робита раҳбарияти Вазорат бо хонаводаи Шамсиддин Орумбекзода изҳори таслият кардааст.

"Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода нисбати даргузашти модарашон ҳамдардии амиқ баён менамоянд", - омадааст дар номаи ҳамдардӣ.

Ёдрас мешавем, ки Шамсиддин Орумбекзода то соли 2020 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд ва соли 2019 Орумбекзодаро мардуми Тоҷикистон "вазири дастрас" унвон карданд.

Ҳамин тавр, моҳи январи соли 2020, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек аз вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуда Давлатзода Зулфия Давлат ҷойгузини ӯ гардид.

8546
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, изҳори ҳамдардӣ, Тоҷикистон
День 4 июня

Ҷашнҳои рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:07 03.06.2020)
Рӯзи 4 июн дар Ингушистон — Рӯзи маориф, дар Молдова — Рӯзи кормандони бонк, дар Финландия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ, дар ИМА ӯзи оила, дар Қирғизистон Рӯзи ёдбуд ва дар Эстония Рӯзи парчам таҷлил мешавад

Рӯзи 4 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1922 дар замимаи нашрияи шӯравии «Рабочая газета» аввалин шумораи маҷаллаи суратдори «Рабочий» нашр шуд, ки пас аз чанд вақт номи «Крокодил»-ро гирифт.

Рабочая газета
Рабочая газета

Соли 1940 дар шаҳри Маскав варзишгоҳи "Динамо" мавриди истифода қарор дода шуд.

Соли 1956 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пардохт барои таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ бекор карда шуд.

Соли 1956 дар Иттиҳоди Шӯравӣ шумораи нахустини киномаҷаллаи ҳаҷвии «Фитил»  ба экран баромад.

День 2 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1970 Тонга аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст овард.

Соли 1975 аввалин маротиба пахши мустақими телевизионӣ аз ҷараёни ҷаласаи парлумони Англия сурат гирифт.

Соли 2010 дар шаҳри Маскав аз ҷониби тоҷикон созмони хайриявии "Даргил наник" таъсис  дода шуд.

Рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2008 аввалин шумораи ҳафтаномаи "Боргоҳи сухан" чоп шуд.

Соли 2011 Расул Боқиев варзишгари тоҷик барандаи медали тиллои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба ҷудо дар шаҳри Бухарест гардид.

На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото
© Sputnik
На занятии в школе Расула Бокиева, архивное фото

Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба шаҳри Пекин ташриф омад.

День 3 июня
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Лора Пак мулоқот кард. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои тақвияти раванди ин ҳамкорӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ  ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат фабрикаи маъданғанигардонии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Покрӯд" ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 2018 дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 4 июн

  • Дар Ингушистон — Рӯзи маориф.
  • Дар Молдова — Рӯзи кормандони бонк.
  • Дар Финландия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.
  • Дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ.
  • Рӯзи оила дар ИМА.
  • Рӯзи ёдбуд дар Қирғизистон.
  • Рӯзи парчам дар Эстония.

Рӯзи 4 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Розия Акобирова (1937-2009)- киноактриса.

Сафват Бурҳонов (1968)- журналист.

Гушин Игор (1951)- доктори илми тиб.

Марям Давлатова (1955)–мутарҷим, ҷомеъашинос.

Наим Ёқубов (1934) – меъмор, профессор.

Олга Морозова (1902 – 1981) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Николай Решетников (1923 – 1983) – доктори илми фалсафа, профессор.

Ҳошим Содиқов (1911 – 1994) – физик, профессор.

Фуфигин Виктор (1907 – 1973) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Бобо Худойдодов (1927 – 1990) – мутарҷим, адабиётшинос.

Муаттара Ҷӯраева (1975)- собиқ наттоқи ТВ.

Шаферштейн Семен (1898 – 1978) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон