Наряды работы портнихи Салимы Худобердиевой, архивное фото

Ҷашнвораи "Помир - Маскав": чид, сур ва ширчой

1347
(Таҷдидшуда 19:52 22.05.2017)
Дар маркази пойтахти Русия чид - хонаи помирӣ месозанду дар он сур - ҷашни арӯсӣ барпо мекунанд

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар Музеи Маскав ҷашнвораи фарҳангии Русия ва Тоҷикистон "Помир — Маскав" баргузор мешавад.

Дар чорчӯби ин ҷашнвора, ки рӯзи 4 июн аз соати 13:00 то 23:00 бар по хоҳад буд, дар осорхонаи Маскав хонаи помирӣ сохта ва дар он ойинҳои баргузории ҷашни арӯсии помириро ба тамошобинон намоиш хоҳанд дод.

Боздидкунандагон аз хӯрокҳои гуногуне, ки дар сур мепазанад, хоҳанд чашид ва ҳунарнамоии гурӯҳҳои мусиқии "Помир" ва "Аркадий Котс"-ро тамошо хоҳанд кард.

Дар бахше дигар аз барнома пӯшоки миллӣ ва пухтупази хӯрокҳои помирӣ намоиш дода хоҳад шуд.

Барномаи бузурги фарҳангии "Помир —  Маскав" бо ибтикори созмони иҷтимоъии "Нур", гурӯҳи мусиқии "Аркадий Котс" ва Музеи Маскав баргузор мешавад.

Ҷашнвора дар Музеи Маскав, воқеъ дар хиёбони Зубовский булвар, 2 (истгоҳи метрои Парк культуры) баргузор мешавад.

Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Москав
© Фото
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия "Помир - Москав"
1347
Барчаспҳо:
фашнвораи "Помир - Маскав", фестивал, ташкилоти ҷамъиятии Нур, Маскав
Мавзуъ
Ҷалби сайёҳон: дар Маскав дар давоми чор рӯз хонаи Помирӣ сохтанд
Собиқадорони ҷанг дар Рӯзи ғалаба ҷӯробӣ помирӣ ҳадя гирифтанд
Ҷураби помирӣ: тӯҳфаи солинавии Филипп Киркоров ба Максим Галкин
В Душанбе состоялась фотовыставка Анисы Сабири Знаки Согдианы

Нахустин филми тоҷикию бритониёӣ аз рӯи филмномаи Аниса Собирӣ наворбардорӣ мешавад

283
(Таҷдидшуда 18:07 20.01.2021)
Филмномаи навиштаи Аниса Собирӣ дар озмуни мактаби синамои Лондон баранда шуда, аз рӯи он филм сабт хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Филмнома ё худ сенарияи Аниса Собирӣ дар London Film School беҳтарин эътироф шуд, хабар дод котиботи ин муассисаи таълимӣ.

Филмномаи "Таноб" – "Tightrope" аз миёни 6 сенарияи дигар пирӯз дониста шудааст.

Ин сенария аз саргузашти сарбозе қисса мекунад, ки аз асорат дар Афғонистон ба ватанаш, шаҳри Дардобод бармегардад. Собиқ низомӣ зодгоҳашро комилан дигаргуна ёфт, маъюберо мебинад, ки замоне ситораи балет буд, ҳамсарашро низ пайдо мекунад, ки аз ӯ рӯй мегардонад.

Ҳаводиси филмнома дар пасманзари таҳаввулоте рух медиҳанд, ки шаҳр дар ҳоли табдилёбӣ ба пойтахти як давлати нав мебошад.

“Ростӣ, интизор надоштам, чун ҳамкурсонам хеле бомаҳоратанд. Мо бо як суръат пеш мерафтем, фаъолона сари лоиҳаҳо кор мекардем ва ман то ҷое худро каме нороҳат эҳсос мекунам, ки пирӯз шудам, гарчанде хеле хурсанд ҳам ҳастам”, - изҳор дошт Аниса дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Филмномаи Аниса, аллакай мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Созишнома низ бо продюсери шинохтаи бритониёӣ Люк Шиллер баста шудааст, ки бо Тилдо Суинтон ва Тосин Коул кор кардааст.

"Созишномаро ҳанӯз дар замони таҳсилам дар мактаби синамо бастем, замоне, ки ба Люк филмномаи маро тавсия доданд ва ӯ дар охири соли таҳсил роҳнамои ман шуд. Дар натиҷаи баъзе мулоқотҳо мо созишномаро бастем", - илова намуд Аниса Собирӣ.

Интизор меравад, ки нахустин филми муштараки тоҷику бритониёӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба навор гирифта шавад.

283
Барчаспҳо:
филм, Тоҷикистон
Намозгузорон дар масҷиди Душанбе, акс з бойгонӣ

Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо

710
(Таҷдидшуда 14:44 20.01.2021)
Кумитаи дини Тоҷикистон хабарҳо вобаста ба иҷозаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳоро шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ дар мавриди иҷозати фаъолияти масҷидҳо ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст, хабар дод Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъ ва ба эътибор гирифтани таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, инчунин дархости зиёди ҳамватанон, Кумитаи дин барои фаъоолияти масоҷид ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод ироа намудааст. Афшин Муқим таъкид кардааст, ки феълан интизори тасмими Ситоданд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмии пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи қариб 10 рӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Ахиран хабар дода шуд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Шӯрои уламои Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми омодагиҳоро барои боз кардани масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъро рӯи даст гиранд.

“Агар як вазъи дигари хос пеш наояд, омодагиҳо барои боз кардани масҷидҳо аз 1 феврали соли равон бояд гирифта шаванд”, - гуфт манбаъ.

Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.

Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.

Азбаски ин тасмим қабл аз моҳи шарифи Рамазон гирифта шуд, баргузории намози таровеҳ ва ҳатто намозу идгардаки моҳи Рамазон низ манъ шуд.

Дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳудуди 10 рӯзи охир эълон медорад, ки ягон мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” дар кишвар расман сабт нашуда, ягон нафар ҳам дар шифохонаҳои ин кишвар бо ин ташхис бистарӣ нест ва ин вазъ роҳро барои боз кардани дари масҷидҳо боз кардааст.

710
Барчаспҳо:
масҷид, кумитаи дин, Тоҷикистон
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото

Даъват шуданд: доварони футболи тоҷик ба Арабистони Саудӣ мераванд

0
Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни федератсияҳои футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Ҳайати доварон аз Тоҷикистон барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ оид ба футбол даъват шуданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи ёддошти ҳусни тафоҳум байни федератсияҳои футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бозиҳои чемпионати Арабистони Саудиро ҳакамӣ хоҳанд кард.

Доварони ФИФА Насрулло Кабиров (Норак) ва Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), инчунин ёварони доварони ФИФА Акмал Буриев (Турсунзода) ва Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), ки ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд, барои ҳакамии бозиҳои чемпионати Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Дастпарвари футболи тоҷик сармураббии дастаи футболи “Олой”-и Қирғизистон шуд

Ҳайати ҳакамони зикршуда бозиҳои дивизиони якуми ин кишварро ҳакамӣ мекунанд. Дар лигаи якуми Арабистони Саудӣ, ки 20 даста баромад мекунад, айни замон 16 давр баргузор шуда, ҷадвали мусобиқаро бо 43 имтиёз дастаи «Ал-Хазм» ишғол менамояд.

0