Ҳошим Гадо. Акс аз бойгонӣ

Намояндаи Путин ба Ҳошим Гадо: "фаъолияти Шумо сазовори таҳсин аст"

161
(Таҷдидшуда 19:44 22.05.2017)
Намояндаи махсуси Владимир Путин дар умури равобити байнулмилалӣ Михаил Швидкой ва вазири фарҳанги Русия Владимир Мединский ба Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо номаи шодбош фиристодаанд

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ ин номаи шодбоши масъулини баландпояи давлати Русия ба муносибати 80-умин солгарди зодрӯзи Ҳошим Гадо равон шудааст.

Дар ин табрикнома гуфта шудааст, ки Ҳошим Гадо ҳунарпешаи нотакрор, коргардони моҳир ва мутафаккири хирадмандест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ эътироф гардидааст. Фаъолияти бисёрсолаи ӯ дар рушди фарҳанги тоҷик дар ҳақиқат сазовори таҳсин ва эҳтиром аст.

"Заҳматҳои пайваста ва арзандаи Шумо барои устуворсозии равобити фарҳангӣ миёни кишварҳо сазовори миннатдории махсус аст" — гуфтааст намояндаи раисҷумҳури Русия Михаил Швидкой.

Тақдими унвони ифтихории раисҷумҳур ба Ҳошим Гадо
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"Осори шумо дар торихи театр ва синамои советӣ ба сафҳаи дурахшоне табдил ёфтааст. Истеъдоди фавқулоддаи нависандагӣ, осори зиндагиномаӣ ва фалсафии саршор аз ҳикмати Шумо шавқи беандозаи хонандагонро бедор намуда, шуҳрати бузургеро ба даст овардаанд", — навиштааст вазири фарҳанги Русия Владимир Мединский дар барқияи шодбош. 

10 майи соли 2017 ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии ИҶШС Ҳошим Гадо 80 сол пур шуд.

Он рӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҳошим Гадоро ба ҳузур пазируфта, ӯро бо ин санаи муборак табрик намуд ва ба ӯ гувоҳиномаи унвони ифтихории "Арбоби ҳунари Тоҷикистон"-ро тақдим кард.

161
Барчаспҳо:
80 - солагӣ, зодрӯз, номаи табрикотӣ, Ҳошим Гадо, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Ҳошим Гадо: Ҷаноби олӣ маро дубора эҳё кард
Ёдбуди Одина Ҳошим ва Абдулло Назриев дар Филармонияи давлати Тоҷикистон
Заррагул Искандарова: бо пои баста дар саҳна
Малика Собирова 75 сола мешавад: ёдбуди раққоса дар Театри опера ва балет