Ширкати фарҳангиёни кишварҳои аъзои СҲШ дар Остона

Ҳифзи гуногунӣ: Орумбекзода бо вазирони давлатҳои СҲШ мулоқот кард

49
(Таҷдидшуда 14:20 06.06.2017)
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҷаласаи фарҳангии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ширкат кард

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Рӯзи 2 июн дар шаҳри Остонаи Қазоқистон 14-умин ҷаласаи вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа, ки ду рӯз идома дошт, вазирон дурнамои ҳамкориҳо ва раванди амалисозии Тавофуқномаи ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви созмонро баррасӣ карданд.

Мулоқоти муовини аввали вазири фарҳанг Ибодулло Машрабов бо намояндаи ЮНЕСКО
© Фото : Аз равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ

Онҳо бар посдошту нигаҳдории гуногунии фарҳангҳо ва эҳтироми мардумони мухталиф, тарғиби тарододҳои фарҳангии мардумони кишварҳои узв таъкид карда, омодагияшонро барои табодули таҷрибаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои Роҳи бузурги Абрешим изҳор карданд.

Дар ин нишаст ҳамчунин вазирони фарҳанги Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Чин, Русия, муовини дабири кулли СҲШ Носиров, намояндагони Ҳиндустон ва Эрон ширкат карданд.

49
Барчаспҳо:
ҳифзи гуногунӣ, фарҳанг, Остона, Қазоқистон
Мавзуъ
Фарҳанг ҳудуд надорад: шоми фарҳангии тоҷикон дар Маскав
Ифтитоҳи "Қасри фарҳанг" дар Рӯшон. Бо ширкати Раҳмон
Вазорати фарҳанг таҳияи Барномаи рушди фарҳангро ба анҷом расонид
Ба Узбакистон биёед: тоҷиконро ба ҷашнвораи матои анъанавӣ даъват карданд
Памятник крестьянину Восе, организовавшему восстание против политики бухарских чиновников (Восстание Восе)

Соҳибкорон дар шаҳраки Ҳулбук муҷассамаи 11-метрии Восеъ - ро гузоштанд

289
(Таҷдидшуда 20:21 24.09.2020)
Муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ аз ҷониби ҳайкалтарош Хушбахт Саъдиев сохта шуда, баландии он бо назардошти таҳкурсӣ 11 метрро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар маркази ноҳияи Восеи вилояти Хатлон-шаҳраки Ҳулбук президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Восеъро ба баҳрабардорӣ расонид ва аз рӯйи лавҳаи рамзии муҷассама парда бардошт.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, ҳайкал бо истифода аз металли ранга сохта шуда, таҳкурсӣ ва атрофи он бо санги хоро оро дода шудааст.

"Баландии муҷассама бо назардошти таҳкурсӣ 11 метрро ташкил медиҳад. Таҷдиди гулгашт ва гузоштани муҷассама дар ин майдон бо саҳми шахсони эҳсонкор ва соҳибкорони хайрхоҳи маҳаллӣ сурат гирифтааст", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, масоҳати умумии гулгашт 1 гектарро ташкил дода, дорои беҳтарин шароит барои истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонон мебошад.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи гулгашти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Аҳмадҷон Ҳулбук" тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии "Манзилию коммуналӣ"-и ноҳияи Восеъ ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ниагара-А" анҷом дода шудаанд.

Дар давраи таҷдиди ин иншооти фарҳангӣ ва гузоштани муҷассамаи Восеъ беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар атрофи муҷассама бо композитсияи бадеӣ 3 фаввораи замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин гулҳои ранга ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самаранок ва  зебо нигоҳ доштани гулгашт масъулонро муваззаф намудааст.

289
Барчаспҳо:
муҷассама, муҷассама, Восеъ, Эмомалӣ Раҳмон, Кӯлоб, Ҳулбук
Памятник Рудаки, архивное фото

Имрӯз дар Тоҷикистон аз Рӯдакӣ ёд мекунанд: бузургдошти рӯзи Одамушуаро дар ҷумҳурӣ

70
(Таҷдидшуда 16:55 22.09.2020)
Имрӯз 22 сентябр - рӯзи бузургдошти Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, бунёдгузори адабиёти порсӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Аз соли 2002 бад ин сӯ дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи рӯзи Рӯдакӣ гиромӣ дошта мешавад.

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ дар соли 858 дар рустои Панҷрӯди шаҳристони Панҷакент (воқеъ дар Тоҷикистони имрӯза) ба дунё омаду дар дарбори Сомониён аз иззату эҳтироми зиёде бархурдор буд.

Шоирро дар охирҳои умр тибқи навиштаи бархе тазкираҳо бадхоҳонаш кӯр мекунанду ӯ бо анбӯҳи андӯҳ ба зодгоҳаш бармегардад ва дар ҳамон ҷо вафот мекунад.

Дар мавриди шумори ашъори Рӯдакӣ назарҳои мухталифе мавҷуд аст, ки бархе онро як миллиону сесад ҳазор байт гуфтаанд, ки муттаассифона аз он ашъор то замони мо камтар аз 1000 мисраъ боқӣ монда, ки ҳамин миқдори андак аз табъи равону самимияти гуфтори ӯ ҳикоят медиҳанд.

Барои гиромидошти номи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон номи яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаасту, дар вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову ва маҳалҳои аҳолинишин номгузорӣ карда шудаанд.

Дар пойтахт шаҳри Душанбе Боғи Устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда, якчанд муассисаҳои давлатӣ номгузорӣ шудаанд.  

Ҳазорҳо нусха китобу нашрияҳо дар бораи эҷодиёти А. Рӯдакӣ пайваста маводҳои илмиву бадеӣ ҳамасола нашр карда истодаанд. Рузи 22- юми сентябр хамчун Рӯзи Рӯдаки ҷашн гирифта мешавад.

70
Барчаспҳо:
ёдбуд, бузургдошт, адабиёт, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Рӯдакӣ, Тоҷикистон
Игор Черевченко, акс аз бойгонӣ

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

0
(Таҷдидшуда 19:28 25.09.2020)
Дастаи “Химки” дар пайи қатъи шартнома бо сармураббӣ Дмитрий Гунко хабар дод, ки Игор Черевченко сармураббии нави тим таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Собиқ сармураббии тими “Арсенал”-и Тула, Игор Черевченко ба мақоми сармураббии дастаи “Химки” таъйин шудааст, хабар дод бошгоҳ дар саҳифааш.

Рӯзи 21 сентябр маълум шуд, ки бошгоҳи “Химки” ҳамкориро бо мураббии собиқ Дмитрий Гунко қатъ мекунад, ки дар ин бора хадамоти матбуоти даста хабар дод.

Черевченко дар тӯли камтар аз як сол чорумин мураббии клуби вилояти Маскав шуд.

Дмитрий Гунко тавонист камтар аз ду моҳро дар даста гузаронад. Таҳти роҳбарии Гунко, “Химки” ба зинаи охир дар ҷадвали “РПЛ” фаромад.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.

0
Барчаспҳо:
Футбол, Русия