Сафири Амрико фаро расидани иди Фитрро ба тоҷикистониён табрик гуфт

Обуна шудан
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард иди Рамазонро ба мардуми Тоҷикистон ба забони форсӣ табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Сафҳаи фейсбукии сафорати Амрико дар Тоҷикистон навореро мунташир кард, ки дар он сафири Амрико Элизабет Миллард фаро расидани иди Фитрро ба мардуми Тоҷикистон табрик мегӯяд.

Сафири Амрико пироҳани чакан дар бар кардаву сари дасторхони тоҷикӣ нишаста ин рӯзи муборакро ба шаҳрвандони Тоҷикистон табрик гуфт.

"Иди шарифи рамазон муборак, дӯстони азиз!", — гуфт Элизабет Миллард ба забони форсии тоҷикӣ.

Ёдовар мешавем, ки пештар хонум Элизабет Миллард дар остонаи фаро расидани моҳи мубораки Рамазон мардумро табрик гуфта буд ва дар яке аз маросимҳои тақдими китоб аз номи бародаршаҳри Душанбе Боулдер чанд мисраъ шеър ба забони форсии тоҷикӣ низ хонда карда буд.

Лентаи хабарҳо
0