Ноҳияи Данғара

Дар ноҳияи Данғра қасри фарҳангии замонавӣ бунёд мешавад

26
(Таҷдидшуда 13:06 08.07.2017)
Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарғара бинои наву замонавии Қасри фарҳанг ба истифода дода хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати фарҳанги ҶТ, сохтмони Қасри нави фарҳанг барои 700 ҷои нишаст аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳииҷроияи раисҷумҳури  Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, ороиши саҳна ва васли таҷҳизоти саҳнавии ҳозиразамон бо мусоидати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Қасри нави сеошёна ва замонавии фарҳанг аввалин Қасри фарҳанг дар ноҳияи Данғара хоҳад буд. Дар қасри нави фарҳанг толори консертии барҳаво, толори тамрин ва ҳуҷраҳои корӣ ҷой дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Данғара Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавӣ фаъолият дорад. Толори театр дорои 400 ҷои нишаст аст. Бинои театр собиқ бинои Хонаи маданият, ки солҳои 60-и асри гузашта сохта шудааст, мебошад. Он соли 2002 дар натиҷаи таъмир ва тармим ба театр мубаддал гардонида шуд.

26
Барчаспҳо:
ифтитоҳи қасри фарҳанг, вазорати фарҳанг, Данғара, Тоҷикистон