Далер Назаров

Далер Назаров дар "Боми ҷаҳон" ҳунарнамоӣ мекунад

313
Овозхону оҳангсози номии Тоҷикистон устод Далер Назаров дар ҷашнвораи "Боми ҷаҳон" дар шаҳри Хоруғ ҳунарнамоӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Даҳумин ҷашнвораи байналмилалии фарҳангии "Боми ҷаҳон" 28 — 30 июл дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад, гуфта шуда дар сафҳаи фейсбукии Далер Назаров.

Ҷашнвораи "Боми ҷаҳон" дар Боғи марказии шаҳр баргузор шуда дар он ҳунармандон аз Австрия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин ҳам ширкат мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора овозхону оҳангсози номдор устод Далер Назаров, гурӯҳҳоии мусиқии "Машқи дутор" аз шаҳри Хуҷанд, "Западный квартал" аз шаҳри Душанбе ва дастаҳои ҳунардӯсти мардумии вилояти мухтори Кӯҳистонӣ Бадахшон муъаррифӣ мекунанд.

Ҷашнвора рӯзҳои 28-30 июл дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ баргузор хоҳад шуд.

313
Барчаспҳо:
28-30 июл, Ҷашнвораи "Боми ҷаҳон", Далер Назаров, Хоруғ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Устод Далер Назаров сафҳаҳои расмияшро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ боз кард
Гузари мотосиклчиёни “Помир-боми ҷаҳон” аз Санкт-Петербург оғоз шуд
Ҳаётой Муминова

Ордкашии Ҳаётой дар сарҳад ва тарки саҳнаи бузург: "ҳеҷ вақт сар хам намекунам" - видео

2288
(Таҷдидшуда 17:21 09.08.2020)
Ҳаётой Муъминова - Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дар бораи солҳои душвори 90-ум, ордкашӣ дар сарҳад ва тарки саҳнаи бузург нақл кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев дар бораи ҳаёти шахсӣ гуфт.

Ҳаётой Муъминова солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз сангинтарин рӯзҳои мардуми Тоҷикистон буданд, нахустин фарзандашро ба дунё овард. Ӯ ҳамроҳи ҳамсараш барои дарёфти қути лоямут ва рӯзгоргузарнӣ ба тиҷорат рӯ овард.

"Ман аз Худованд шукргузорӣ мекунам, ки бароям чунин марди сабур, фурӯтан ва оқил ҳадя кард", - гуфт Ҳаётой дар бораи ҳамсараш ва орзу кард, ки Худованд ба ӯ 100 сол умр диҳад.

Ҳаётой Муъминова зане ҳаст, ки дар зиндагӣ ношукрӣ ва нолиданро намеписандад.

"Агар ба ман фишор оранд ҳам, садди роҳи ман шаванд ё хоҳиши ҳамкорӣ надошта бошанд, ман ҳеҷ вақт сар хам намекунам, ман бисёр хушрӯй баромада меравам. Инкори ҳар чиз тавлиди роҳи нав аст", - бовар дорад Ҳаётой ва аз ашхосе, ки садди роҳи ӯ шуданд ва боиси тарки саҳнаи бузург гардиданд, изҳори сипос мекунад.

Ҳаётой Муъминова шаш сол дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба тиҷорат машғул буду дар ин ҷодда муваффақ ҳам шуд.

"Тӯй нест, маош нест. Як дугона доштам дар Каленин Холбӣ, дигараш Истамой. Онҳо аслан мухлисонам буданд, ман дар маъракаҳояшон хизмат карда будам. Баъд гуфтанд мебинем аҳволатон хеле вазнин, биёед ман ба шумо тиҷоратро ёд медиҳам. Баъд  ангуштарини маркиза ва як гарданбандамро фурӯхта ба тиҷорат оғоз кардам". 

Ҳамин тавр Ҳаётой рӯ ба тиҷорат овард ва ҳамроҳи ҳамсараш бозорнишин шуд. Дар тиҷорат Ҳаётой муваффақ шуд. Ӯ мегӯяд мушкилиҳо ҳам хубии худро дорад.

"Рафиқони зиёде пайдо кардем. Чор рӯз сурудхонда мерафтем Бишкек барои бор, боз сурудхонда меомадем. Мисли як оила шуда будем",- гуфт Ҳаётой.

Сароянда ҳамчунин дар бораи сахтиҳои тиҷорат нақл кард.

"Як бор гуфтанд орд камчин шудааст ва интиқоли он манъ аст, вале мо ба ин нигоҳ накарда бор мекардем. Мо то Регар бо мошини худамон ва баъд пиёда сарҳадро убур мекардем ва баъд мошинҳои Ӯзбекистон моро интизор мешуданд. Борро дар сарҳад бояд аз болои як ҷӯйбори калон мегузаронидем. Шафёр ба пушти ман бор мекард ман то ҷӯйбор мебурдам, Меҳрӣ аз ҷӯйбор гузаронид ба мошини дигар бор мекард", - нақл мекунад Ҳаётой ва меафзояд, ки агар сарҳадбонон дар чунин ҳолат онҳоро медиданд, мумкин буд парронанд ё ҷарима кунанд.

Ин кори сангинро занон ба хотири обод кардани хона ва сер кардани шиками худу кӯдакон анҷом медоданд.

Ҳаётой Муъминова мегӯяд, инсон то охирин лаҳзаи ҳаёташ барои хушбахтии худ талош мекунад ва танҳо бояд такя ба Худо кунад.

Орзу Исоев аз ошноӣ бо Ҳаётой гуфту зиндагии ӯро дабистони вафову садоқат ва сабуриву инсонпарварӣ хонд.

2288
Барчаспҳо:
ҳаёти шахсӣ, сароянда, Тоҷикистон, Душанбе
Историк Гафур Шерматов

Рӯнамоии китоби таърихнигори тоҷик дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ: видео

63
(Таҷдидшуда 11:38 08.08.2020)
Таърихнигори тоҷик Ғафур Шерматов китоби худро дар бораи аҳамияти иштироки Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Рӯнамоии китоби тозанашри таърихшинос оид ба ҶБВ дар Маркази илму фарҳанги Русия сурат гирифтааст, дар ин бора телевизиони “Мир 24”гузориш додааст.

Китоби тозанашр "Ҷанг ва Ғалаба. Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ"  унвон дошта, муаллиф барои таҳияи он панҷ сол заҳмат кашидааст.

Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

Ба гуфтаи Шерматов, тамоми саҳмҳо ва ҷангҳоеро, ки зодагони ҶШС Тоҷикистон кардаанд, дар як китоб ҷой додан номумкин аст, аммо ӯ дар матн муҳимтарин марҳилаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки ба  Тоҷикистон рабт дорад, қайд кардааст.

Аз Сталинград то Берлин: саргузашти собиқадори 112-солаи ҶБВ аз Тоҷикистон

Аксари сафҳаҳои китоб ба ҳаёти аҳолии ҷумҳурӣ дар рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд.

Дар муаррифии китоб инчунин намояндагони пойгоҳи низомии 201-и Русия ва сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ширкат варзиданд.

63
Барчаспҳо:
таърих, рӯнамоӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муҳаққиқ, Ғафур Шерматов
Строительство нового дома в Душанбе

Ҳалокати ҷавони 23 сола бар асари чаппашавии крани сохтмонӣ дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 10:32 10.08.2020)
Дар пайи чаппашавии крани борбардор дар бинои навсохте воқеъ куча Сурхоби пойтахт як нафар ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса шоми шанбеи гузашта сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, крани сохтмонии баландиаш 35 метр, ки дар сохтмони яке аз биноҳои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Сурхоби пойтахт буд, ба болои се бинои истиқоматӣ афтидааст.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ҳодиса ду сохтмончӣ- ҷавони 22 ва 23  ҷароҳат бардошта, аввали дар роҳ ба беморхона ҷон дод.

Гуфта мешавад табибон ҳолати ҷавони дигарии 23 соларо миёна арзёбӣ кардаанд.

Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳангоми чоҳканӣ

Дар пайи чаппашавии кран боми се манзили сокинон зарар дидаву хушбахтона касе аз истиқоматкунандагонаш осеб надидааст.

Барои муаян сохтани сабаби ҳодиса гуруҳи корӣ таҳия шуда, таҳқиқ идома дорад, гуфт манбаъ.

0