Озодбек Назарбеков

Тағйироти кадрӣ дар ҳамсоякишвар: ситораи эстрада муовини вазири фарҳанг таъин шуд

414
(Таҷдидшуда 12:01 10.08.2017)
Овозхони эстарда - Озодбек Назарбеков муовини вазири Вазорати фарҳанги Узбакистон таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи расонаҳои Узбакистон, раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев бо имзои як қарор овозхони эстрадаро муъовини вазири фарҳанг таъйин кардааст.

Озодбек Назарбеков 43-сола буда, соли 2010 унвони Ҳунарпешаи мардумии Узбакистонро дарёфт кардааст.

Фаъолияти овозхониро Озодбек аз соли 1994 шуруъ карда, ширкаткунандаи доимии барномаҳои фарҳангии ҳукуматӣ мебошад.

Моҳи июни соли равон Озодбек Назарбеков мудири шабакаи телевизионии "Ёшлар" (Ҷавонон) таъйин шуда буд, вале пас аз моҳе бо хоҳиши худ ин симатро тарк кард.

Пештар хабар дода будем, ки ин овозхони номдори Узбакистон бо "Паёми дӯстӣ" дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Турсунзода ҳунарнамоӣ мекунад.

414
Барчаспҳо:
муовини вазири фарҳанг, Озодбек Назарбеков, Узбакистон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (71)
Мавзуъ
Гапро кам кунед: раисҷумҳур баргузории ҷаласаҳои беҳударо манъ кард