Ҷашнвораи Оши палав, акс аз бойгонӣ

Дар "Қалъаи Хуҷанд" ҷашнвораи "Оши палав" баргузор мешавад

240
(Таҷдидшуда 20:20 17.08.2017)
Дар ҷашнвораи "шоҳи ғизоҳо" ошпазон аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат хоҳанд варзид

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи "Оши палав" баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.
Тавре манбаъ меафзояд ҷашнвораи "шоҳи ғизоҳо" дар дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" рӯзи 24-уми август баргузор хоҳад шуд, ки дар он таббохони беҳтарин аз тамоми шаҳру навоҳиҳои вилоят ширкат меварзанд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ Оши палав расман ба Феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид гардидааст.

240
Барчаспҳо:
"Оши палав", ҷашнвора, Хуҷанд, Тоҷикистон