Ҷашнвораи Тоҷикистон-Русия. Акс аз бойгонӣ

Фарҳангиёни Бадахшонро дар Суғд бо нону асал пешвоз гирифтанд

679
(Таҷдидшуда 16:53 21.08.2017)
Фарҳангиёни Бадахшон имрӯз ба вилояти Суғд расиданд. Меҳмононро дар ноҳияи Айнӣ бо карнаю сурнай ва бо нону асал пешвоз гирифтанд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, сафари ширкаткунандагони Ҳафтаи фарҳангии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд.

Меҳмонон нахуст бар пои тандиси шоири маъруф Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулу гулдастаҳо гузошта, мақбараи шоирро зиёрат карданд.

Сипас барои меҳмонон дар Қасри фарҳанги ин ноҳия барномаи "Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон" иҷро шуд.

Пас аз анҷоми ин барнома фарҳангиёни бадахшонӣ ба чаҳор гурӯҳ ҷудо шуда аз ноҳияи Айнӣ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷиканд, Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов рафтанд.

Пештар хабар додем, ки Ҳафтаи фарҳанги вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз 21 то 26-уми августи соли 2017 баргузор мешавад.

679
Барчаспҳо:
ҳафтаи фарҳангии Бадахшон, Суғд
Мавзуҳо:
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд (11)
Мавзуъ
Дар вилояти Суғд ҳафтаи фарҳанги вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад
Ҳунарнамоии Шабнам ва Ғизол: гузориши аксӣ аз ҳафтаи муди Душанбе