Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве

Консерти муштараки ҳунарпешаҳои ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Мурғоб ва шаҳри Исфара

141
(Таҷдидшуда 15:17 25.08.2017)
Ҳунарпешаҳои Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб дар чорчӯби барномаҳои Ҳафтаи фарҳанги вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд дар шаҳри Исфара ҳунарнамоӣ карданд

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ҳайъати фарҳангиёни бадахшониро, ки муовини раиси ВМКБ Абдулназар Абдулназарзода раҳбарӣ мекард, шаҳрдори Исфара Дилшод Ҷабборӣ ва мардуми шаҳр гарму самимӣ пешвоз гирифтанд.

Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, ҳайътаи фарҳангии ВМКБ дар Боғи фарҳангию фароғатии маркази шаҳр бар пояи тандиси шоири маъруф Сайфи Исфарангӣ гулу гулдастаҳо гузошта аз гулбоғи шоир дидан кард.

Дар чорчӯби барномаҳои Ҳафтаи фарҳангӣ меҳмонони бадахшонӣ дар шаҳри Исфара аз ширкати "Файзи Навгилем", корхонаи "Баракат", варзишгоҳи маркази шаҳр, майдони Исмоили Сомонӣ ва осоишгоҳи "Зумрад" боздид карданд.

Сипас дар Кохи фарҳанги шаҳр бо ширкати ҳунарпешаҳои ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Мурғоб ва шаҳри Исфара барномаи муштараки фарҳангӣ баргузор гардид.

Шаҳрдори Исфара дар маросими оғози ин барнома ташкилу баргузории Ҳафтаи фарҳанги Кӯҳистони Бадахшон дар Суғдро тадбири арзишманде хонд, ки дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа ва тақвияти риштаи дӯстӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик нақши муассир хоҳад дошт.

141
Барчаспҳо:
консерт, фарҳанг, фарҳангиён, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд (11)
Театри ноҳияи Ёвон

Театри ноҳияи Ёвон касбӣ мешавад

27
(Таҷдидшуда 13:14 03.07.2020)
Мақомоти иҷроияи Хатлон хабар дод, ки теъдоди театрҳои касбӣ дар вилоят афзоиш ёфта, ба чор адад баробар мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода театри халқии ноҳияи Ёвон ба театри касбӣ табдил хоҳад ёфт, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон раиси вилоят дар Қасри фарҳангии ноҳия композитсияи ҳунармандони театри халқиро бахшида ба 5500-солагии Саразм тамошо карда, бо ҳунармандон мулоқот орост.

Котибот афзуд, ки пешниҳоди ба театри касбӣ табдил ёфтани театри халқӣ пазируфта шуда, Қурбон Ҳакимзода барои дастгирии ҳамаҷиҳатаи фаъолияти он дастур дод.

Феълан дар ин театри халқӣ 15 ҳунарманди ҳирфаии театр фаъолият мекунанд. Раиси вилоят ваъда дод, ки дар нахустин намоиши саҳнавии театри касбӣ иштирок хоҳад кард.

Котиботи ҳукумати Хатлон илова намуд, ки то имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон се театри ксбӣ фаъолият мекунанд. Дар сурати мақоми театри касбиро гирифтани театри халқии ноҳияи Ёвон, теъдоди театрҳои касбии вилоят ба чор адад мерасад.

27
Барчаспҳо:
касбӣ, театр, Ёвон, Тоҷикистон
Министр культуры Таджикистана Зульфия Давлатзода

Ҳамдардии вазири фарҳанг бо хонаводаи Амонулло Қодиров

606
(Таҷдидшуда 19:02 02.07.2020)
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Фарҳангиёни Тоҷикистон ба аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори таслият кард, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳанги кишвар аз даргузашти собиқадори соҳаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амон Қодиров андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамоянд", - омадааст дар номаи таслият.

Ёдрас мешавем, ки Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, рӯзи 28 июн дар шаҳри Душанбе дар синни 75-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Амонулло Қодиров 10 июни соли 1945 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омада, соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ) ва соли 1971 Институти давлатии санъати театрии ба номи А.Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Ӯ қариб тамоми умр дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарнамоӣ карда, соли 1982 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1994 соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.

Қодиров бо даҳҳо нақшаш дар театр ва синамои тоҷик, бахусус бо нақши Ҳодӣ дар дуэти Шодию Ҳодӣ ҳамроҳ бо Шодӣ Солеҳов дар ёдҳо мемонад.

"Дар ҳаҷв доди ҳунарро медиҳад. Ҳарчанд образҳои лирикӣ, драмавӣ, фоҷиавиро низ бо маҳорати баланд иҷро мекунад, ҳолати рӯҳию дунёи ботинии қаҳрамононашро ҳамаҷониба мекушояд. Тамошогарон ба истеъдодаш дар беш аз шаст спектакли театр, аз қабили «Дон Жуан», «Умри ҷовид», «Латифаҳои деҳот», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Робиаи Балхӣ», «Умед», «Табиби зӯракӣ» баҳои баланд додаанд", - омадааст дар маълумоти Википедия.

Амонулло Қодиров ҳамчунин дар филмҳои «Субҳи Ганг», «Достони Сиёвуш», «Ҳафт арӯси дуздидашуда», «Аспҳо дар моҳтобшаб», «Хоби хирси сафед» ва дар чандин намоишномаи телевизионӣ нақшҳои мондагор офарида, дар дубляжи даҳҳо филм ба забони тоҷикӣ низ иштирок кардааст.

606
Барчаспҳо:
вазир, Вазорати фарҳанги ҶТ, ҳамдардӣ, ҳунарпеша, Тоҷикистон
Встреча Президента Беларуси Александра Лукашенко и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона

Раҳмон Лукашенкоро ба солгарди истиқлолияти Белорусия табрик кард

0
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва як қатор раҳбарони дигари ҷаҳон ба президенти Беларус Александр Лукашенко барқияи табрикотӣ ирсол кардаанд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои беларусаш Александр Лукашенко барқияи шодбошӣ ирсол намудааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории “БелТА” бо истинод ба хадамоти матбуоти дастгоҳи раёсати ҷумҳури он кишвар.

Дар барқияи табрикотӣ Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар дахл кардааст.

"Ҳамкорӣ бо Белорусия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми аввалиндараҷаро ишғол мекунад ва итминон дорам, ки бо саъю кӯшишҳои муштарак мо тамоми имконоти потенсиалии кишварҳоямонро барои ноил шудан ба ҳадафҳои муштарак баҳри  ояндаи осоишта ва хушбахтии ду кишвар пурра татбиқ хоҳем кард" гуфтааси президенти ҷумҳурӣ дар паёми шодбошияш .

Ҳамчуни раҳбарони Русия, Чин, Фаронса ИМА ва Бритониёи Кабир низ Лукашенкоро бо иди миллии кишвари Белорус табрик кардаанд.

Гуфта мешавад, номаҳои табрикотӣ аз ҷониби ҳамаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ фиристода шудаанд.

0