Ҷаншвораи тиҷории СУҒД 2017

Қарори раис: ҳунарманде, ки 200 шогирд тарбия мекунад 50 ҳазор сомонӣ мегирад

190
(Таҷдидшуда 15:10 26.08.2017)
Ҳар ҳунарманде, ки ба шогирдон ҳунарҳои мардумӣ меомӯзонад ва шогирдонаш соҳиби шаҳодатномаи касбии мақомоти шуғли аҳолии вилоятb Cуғд мегарданд, бо мукофотпулии яквақта қадрдонӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 26 авг- Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, дар ин бора қарори раиси вилоят аз 21 августи соли 2017, №399 ба тасвиб расидааст.

"Ба ҳунармандон барои тайёр намудани 200 нафар шогирд 50 ҳазор сомонӣ, барои тайёр намудани 150 нафар шогирд 30 ҳазор сомонӣ, барои тайёр намудани 100 нафар шогирд 20 ҳазор сомонӣ, барои тайёр намудани 50 нафар шогирд 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки иқдоми мазкур бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон, ба ҷойи корӣ таъмин намудани онҳо ва арҷгузорӣ ба меҳнати ҳунармандон амалӣ мешавад.

190
Барчаспҳо:
барои омода кардани 200 шогирд, 50 ҳазор сомонӣ, мукофотпулӣ, ҳукумат, Суғд
Мавзуъ
Мусофирони парвози озмоишӣ ба Ишқобод: Зевар Давлатзода ва 40 ҳунарманд
Ҳунарманд, модар ва сафир: Анҷелина Ҷоллии ҳамакора