Иди Қурбон

Фазилат ва ҷойгоҳи қурбонӣ

173
(Таҷдидшуда 13:41 27.08.2017)
Қурбонӣ як ибодати муҳим ва яке аз шиорҳои Ислом аст, ки решаи таърихии он ба замони Одам (а) бармегардад ва дар замони ҳар як пайғомбар муқаддас будааст

Аз рӯзгори Одам (а) то замони Иброҳим (а) қурбонӣ шартҳои хосси худро доштааст. Онҳо қурбонӣ мекарданд. Вале наметавонистанд аз гӯшти он бихӯранд, балки мунтазир мемонданд, то оташе аз осмон фуруд меомад ва онро месӯхт. Чунонки Худованди Мутаъол аз қурбонӣ намудани фарзандони Одам (а) хабар медиҳад: "Достони фарзандони Одамро, ки ҳақ аст, барояшон бихон, ки чун (Қобил ва Ҳобил) қурбонӣ карданд, қурбонии яке аз онҳо (Ҳобил) пазируфта шуд ва аз дигаре (Қобил) пазируфта нашуд".

Аз Зайд ибни Арқам (р) ривоят шудааст, ки асҳоби Расулуллоҳ (с) аз он Ҳазрат (с) пурсиданд: "Ё Расулаллоҳ (с), ин қурбониҳо чист?" Фармуданд: "Суннати падари шумо Иброҳим (а) аст". Гуфтанд: Пас чӣ суде барои мо дорад? Фармуданд: "Дар баробари ҳар тори пашм ва мӯи он як ҳасана барои шумо дода мешавад".

Инчунин аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: "Рӯзи ид фарзанди Одам ҳеҷ амале маҳбубтар аз рехтани хуни қурбонӣ дар назди Худованд анҷом надодааст. Ҳайвони қурбонӣ рӯзи қиёмат бо шоху пашм ва мӯю суми худ дар паллаи ҳасаноти соҳиби худ қарор мегирад ва хуни қурбонӣ қабл аз ин ки бар замин бирезад, мақбули Худованд мегардад. Пас аз самими қалб ҳайвони хуберо қурбонӣ кунед".

Шароити қурбонӣ

Қурбонӣ бар шахсони мусулмон ва озоду муқиме, ки дар айёми ид ғанӣ ва сарватманд бошанд, назди Имоми Аъзам (р) воҷиби амалӣ аст, на эътиқодӣ. Аммо назди Имом Шофеъӣ ва Имом Абӯюсуф суннати муаккада аст.

Касоне, ки ғайр аз ниёзҳои зарурии худ мисли манзили маскунӣ, рахт ва ҷиҳози хона, васоили саворӣ боз соҳибнисоб ҳам бошанд, қурбонӣ барояшон воҷиб мегардад, фарқе надорад, ки ашхоси сарватманд шаҳрӣ бошанд ё рустоӣ. Дар тамоми шартҳои боло зану мард баробаранд.

Агар шахси қарздоре пас аз пардохти қарз барояш он миқдор маблағе монад, ки соҳибнисоб мегардад, қурбонӣ бар ӯ воҷиб мегардад.

Агар барои пардохти закот баъд аз соҳибнисоб шудан гузаштани як соли ҳиҷрии қамарӣ шарт бошад, вале барои қурбонӣ кардан гузаштани як сол шарт нест. Агар шахси фақир то охири рӯзи сеюми ид соҳиби маблағи муайян гардад, барояш қурбонӣ кардан воҷиб мегардад, агар қарздор набошад.

Агар касе дар оғози айёми ид ғанӣ буд ва қурбонӣ накард, то ин ки дар охири айёми ид фақир шуд, бар ӯ қурбонӣ воҷиб намегардад.

Агар мусфири ғанӣ қабл аз ғуруби рӯзи сеюми ид ба хонаи худ баргашт, ё фақир то қабл аз ғуруби рӯзи сеюми ид соҳибнисоб шуд, дар ҳар ду сурат қурбонӣ воҷиб мегардад.

Агар нафаре аз сабаби ғафлат дар ин рӯзҳо қурбонӣ накард, бояд қимати моли қурбониро ба муҳтоҷону тангдастон садақа намояд.  

Қурбонӣ бар он шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд. Тибқи қарори Шӯрои уламо нисоби закот ба 22950 сомонӣ баробар мебошад. Мавсими қурбонӣ дар рӯзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи Зулҳиҷҷа аст. Агар дар ғайри ин рӯзҳо қурбонӣ карда натавонист, дар шабҳои ин муддат қурбонӣ кардан ҷоиз аст, вале рӯзона забҳ кардан авлост.

 Дар  рӯзи  12-уми Зулҳиҷҷа  то  замоне  ки  офтоб ғуруб накарда бошад, қурбонӣ ҷоиз аст. Пас аз ғуруб дигар ҷоиз намегардад.

Кадом ҳайвонеро бояд қурбонӣ намуд?

Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ (хонагӣ) барои қурбонӣ ҷоиз аст: Гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.

Агар гов ё шутуреро аз ду то ҳафт нафар бо ҳам шарик шуда, қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст. Аммо беҳтар он аст, ки пеш аз харидан нияти шарик шудан кунанд. Нияти касоне, ки бо ҳам шарик шуда қурбонӣ мекунанд, бояд ризои Худои таъоло бошад. Агар яке аз шарикон ба хотири гӯшт хӯрдан шарик шавад ва нияташ қурбонӣ набошад, ё яке аз шарикон мусулмон набошад ва дигарон дониста ӯро шарики худ интихоб намуданд, қурбонии ҳама ҷоиз намешавад.

Гӯшти қурбониеро, ки чанд нафар якҷоя шариканд, бояд одилона ва бо тарозу тақсим намоянд, зеро тахминӣ тақсим намудан ҷоиз нест. Инчунин калла, поча, дил, ҷигар ва пӯсти он ҳайвонро низ бояд тақсим намоянд. Ҳайвони қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Синни буз ва гӯсфанд на камтар аз як сол бошад, аммо барраи шашмоҳа ба шарте, ки бинанда аз яксола фарқаш накунад ва ҷуссаи қавӣ дошта бошад, ҷоиз аст.

Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз  нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.

Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст. 

Бознашр аз саҳифаи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

173
Барчаспҳо:
Иди қурбон, қурбонӣ, Тоҷикистон
Евгений Примаков, раиси Россотрудничество, акс аз бойгонӣ

Ислоҳоти раиси нави “Россотрудничество”: аз ребрендинг то афзоиши бурсияҳо

272
(Таҷдидшуда 22:03 12.08.2020)
Тағйири ном, зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯён аз ИДМ ва кор бо ҳунармандони шинохта - ҷузъиёте аз стратегияи ҷадиди “Россотрудничество” мебошанд, ки раиси нав муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik, Данара Курманова. Ҳанӯз охири моҳи июн маълум шуд, ки Евгений Примаков, тележурналист ва вакили Думаи давлатӣ, роҳбари ожонси “Россотрудничество” таъйин гардидаст.

Дар рӯзи аввали кораш дар мақоми нав, Примаков ба расонаҳо ваъда дод, ки акнун ожонсро тағйироти бузург интизор аст. Аммо тафсилотро танҳо 11 август, зимни лексияи онлайнияш тавзеҳ дод.  Sputnik аз ҷузъиёти муҳими барномаи нави “Россотрудничество” гузориш таҳия кард.

Бидуни нерӯи нарм: чӣ хориҷиҳоро дӯсти Русия мекунад?

Пеш аз ҳама роҳбари “Россотрудничество” ба шарикон пешниҳод кард, ки аз корбурди истилоҳи “нерӯи нарм” худдорӣ кунанд, чун ба гуфтаи ӯ "ин мафҳуми норӯшанест, ки мо онро набаровардаем”.

“Ҳадафи “Россотрудничество”  аз аввал татбиқи нерӯ набуд, балки таъмини фазои мусоиди байналмилалӣ ва осудагӣ мебошад. Ожонс тавассути барномаҳои фарҳангию  маърифатӣ барои рушди ҳам Русия ва ҳам кишварҳои шарик шароит фароҳам месозад", - изҳор дошт роҳбари нав Ожонс.

Ба гуфтаи Примаков,  “Россотрудничество” аз идеяи ҳузури гуманитарӣ канор меравад, чун он консепти куҳна мебошад. Ӯ зарурати гузаштан аз ҳузури гуманитарӣ ба таъсири гуманитариро таъкид кард, ки барои ҳифзи субот мусоидат мекунад.

Ба сифати мисоли таъсири гуманитарӣ Примаков фоҷиа дар Бейрутро зикр кард, ки ожонс бори аввал дар интиқоли табибон барои кумак ба осебдидагон иштирок кард. Примаков ин иқдомро рамзӣ хонда, таъкид намуд, ки маҳз чунин чораҳо барои муносибати дӯстона ба Русия дар хориҷа мусоидат мекунанд. Ин амалҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти ожонс ҳеч нерӯе кор бурда нашуда, танҳо талош барои ҳамраъйӣ ҷой дорад.

Маҳфилҳо барои чойхӯрию иди тушберра бас: шеваи нави кор

Дар пайи омӯзиши якмоҳаи кори ожонс Евгений Примаков ба хулосае омадааст, ки ислоҳот дар ожонсро бояд аз шабакаи марказҳои русӣ оғоз кард.

"Кори онҳо набояд дар маҳдудаи аз ин чорабинӣ то чорабинии дигар, балки доимӣ бошад. Ин бояд низоми бошгоҳие бошад, ки иштирокдорон ҳар вақти дилхоҳ тавонанд он ҷо ҳузур дошта бошанд, суҳбат кунанд, китоб хонанд. Зеро ин марказҳо дар хориҷ маҳз барои афроде мебошанд, ки ниёз ба иртибот бо Русия доранд”, - шарҳ дод ӯ.

Ба ақидаи Примаков ҳар марказ набояд танҳо ба ҷавонон нигаронида шавад, балки аҳолии синнашон боло низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд, чун дар хориҷа зодаҳои шӯравӣ зиёданд, ки синнашон ба бознишастагӣ наздик омадааст. Барои ҳар гуруҳ вобаста ба сол бояд фаъолиятҳо фароҳам шаванд.

“Ба мо чорабиниҳое, ки танҳо барои қайд гузаронда мешаванду меҳмонҳоро чой мехӯронанд, зарур нест”, - изҳор дошт Примаков ва аз кормандони Ожонс даъват кард, ки аз идеяҳои монанд ба “Рӯзи мусиқии русӣ” ё “Иди тушберраи русӣ” канор раванд.  

Ӯ аз мушкил дар тағйири низоми кори бархе марказҳо гуфт, чун дар дохили бинои сафорат қарор доранду на ҳар кас метавонад вориди онҳо шавад: “Барои ин мо корро аз марказҳое оғоз мекунем, ки роҳандозии низоми ҷадид дар онҳо имконпазир аст”.

Ҷалби ситораҳо ва таҳлили майли ҷавонон

Раиси “Россотрудничество” зикр кард, ки аудиторияи асосии ожонс ҷавонон мебошанд, ки бештар майл ба фарҳанги поп доранд. Донишҷӯёни оянда метавонанд, тариқи китоб, синамо ва силсилафилмҳо майл ба фарҳанги русӣ пайдо кунанд. Ба ақидаи ӯ, шинос кардани ҷавонон бо классика муҳим мебошад, аммо шавқу майлҳои хоси ҷавононро низ набояд сарфи назар кард.

“Каманд афроде, ки англисиро омӯхтаанд, то осори Шекспирро бо забони асл бихонанд. Барои ҷавонони муосир забон ин пеш аз ҳама имконоти иҷтимоию иқтисодӣ мебошад”, - изҳор дошт роҳбари “Россотрудничество”.

Дар ин робита “Россотрудничество” бояд ҳунармандони шинохтаро бештар ба чорабиниҳо дар хориҷа ҷалб кунад, зарур хонд Примаков. Инҳо бояд афроде бошанд, ки дар ҳама ҷо шинохтаанд, на танҳо ҳайатҳои хурди эҷодӣ, ки дар бораи онҳо дар доираҳои маҳдуд сухан меравад.  

Ҳама нав мешавад: “Россотрудничество” ребрендинг мекунад

Худи номи “Россотрудничество” муосиру фаҳмо садо намедиҳад, хоса  барои афроде, ки русиро балад нестанд, мегӯяд Примаков. Ӯ зарурати ребрендинги ожонсро таъкид карда, афзуд, ки марказҳои илму фарҳанги Русия – ба русӣ РЦНК низ бояд тағйири ном кунанд.

“РЦНК – бисёр абревиатураи даҳшатовар аст,  чун худи номи “Россотрудничество”.  Хориҷӣ тавони талаффузи онро надорад”, - бовар дорад Примаков.

Дар баробари ин номи расмии ожонс – “Ожонси федералӣ дар умури ИДМ, ҳамватанҳои дар хориҷ иқоматдошта ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ” ҳифз хоҳад шуд, танҳо бренди зоҳирӣ барои аудиторияе, ки забонашон русӣ нест, тағйир дода мешавад.

Калимаи “Россотрудничество” барои гӯяндаҳои забони русӣ чандон ваҳмовар нест, аммо номи нав барои Ожонс хароҷоти нав дар пай дорад, чун ҳадди ақал овезаҳо ва санадҳои расмӣ бояд тағйир дода шаванд. Ин маблағҳоро метавон барои корҳои муфиди дигар харҷ кард.

Зоҳиран сарфакорию хирадмеҳварӣ аз омилҳои калидии стратегияи Примаков мебошанд. Ӯ нияти кирои таҳиягарони брендро низ надорад, мехоҳад озмуни кушодеро эълон кунад, то номро барои Ожонс донишҷӯёне пешниҳод кунанд, ки тариқи “Россотрудничество” ба донишгоҳҳои Русия шомил шудаанд. Ӯ дар шарҳи мантиқи ин тасмим гуфт, ки ҳеч кас беҳтар аз иштирокдорони бевоситаи ин лоиҳа консепсияи онро эҳсос нахоҳад кард.  

Такя ба ИДМ: бурсияҳо ду баробар зиёд мешаванд

Бо пеш гирифтани лоиҳаҳои ҷадид, “Россотрудничество” пешбарии таҳсилоти Русияро низ канор нахоҳад гузошт, гуфт Примаков.

"Бо фармони президенти Федератсияи Русия бурсияҳои таҳсили ройгон барои шаҳрвандони хориҷӣ дар солҳои наздик ду баробар зиёд карда мешаванд. Феълан теъдодашон 15 ҳазор ададро ташкил медиҳад”, - хабар дод Примаков.

Зиёда аз он Ожонс лоиҳаҳои маърифатиеро, ки бо Русия ва забони русӣ алоқманданд дастгирӣ хоҳад кард, чӣ донишгоҳи бузург бошаду чӣ кӯдакистоне дар навоҳии дурдаст.

Инчунин “Россотрудничество” бештар ба таҳлил таваҷҷуҳ хоҳад кард, то беҳтар бифаҳмад, ки ҷавонони муосир ба чӣ майл доранд. Бо ин ҳадаф ожонс ният дорад, ки сомонаашро ба таври куллӣ тағйир диҳад. Примаков мегӯяд, сомонаи навро хонданбобтар хоҳанд  кард.

Ҳамаи ин албатта вақт мехоҳад, чун ожонс дар чаҳорчӯбаи сахт кор мекунад ва ҳар лоиҳа бояд ҳадди ақал як сол то оғози он тасдиқ шавад. Бо вуҷуди ин раиси “Россотрудничество” ваъда дод, ки ба шарофати навовариҳо ниҳоди тобеяш кушодтар хоҳад буд.

“Ин барои мубориза бо стереотипҳои куҳна, ки метавонистанд бо назардошти собиқаю хотираи куҳна нисбати ожонсамон пайдо шуда бошанд, кумак мекунад”, - хулоса кард Примаков.

272
Барчаспҳо:
ислоҳот, таҳсил, ИДМ, Русия
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ

Сипоси падари Баҳром Ғафурӣ ба ғамшарикони хонадонаш

737
Хонаводаи Бахром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, ба тамоми дӯстону азизоне, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ғамшарикӣ кардаанд, изҳори сипос кардааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Баҳром аввал ба шумо – миллати бошараф ва мухлисони азизаш, сипас ба хонаводаи мо тааллуқ дошт, омадааст дар изҳороти хонаводаи мотамзада.

“Аз замин то осмон аз якояки шумо миннатдорем. Худованд ҳамаи шуморо аз балову офатҳои заминиву осмонӣ нигаҳбон бошад!”, - дуо кардаанд аҳли байти сароянда.

Сипосномаро яке аз дӯстони хонавода, рӯзноманигор Фахриддини Холбек дар саҳифаи фейсбукияш аз номи падари хонадон - амаки Шамсиддин, бародарони Баҳром - Анвар, Музаффар, Вайсиддин, писаронаш – Анӯшервон ва Эҳсон ва бақияи аъзои хонаводаи Баҳром Ғафурӣ нашр кардааст.

Баҳром Ғафурӣ бар асари садамаи маргбор санаи 7-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00 ҷон дода буд.

Бино бар иттилои ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер-200”, рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдаааст. .

Ба иттилои мабаъ, дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки худи ронанда Анварзода ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

737
Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, овозхон, Тоҷикистон
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук

Оверчук дар бораи тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо

0
(Таҷдидшуда 19:25 13.08.2020)
Ҳукумати Русия мавзӯъи сабукиҳои эҳтимолии навбатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла тамдиди патентро баррасӣ хоҳад кард

Душанбе, 13 август - Sputnik. Дар ҷаласаи раисони Комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар мавриди патенти муҳоҷирини корӣ ва таҷдиди парвозҳо гуфтугӯ карданд.

Санаи эҳтимолии барқарор шудани парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон эълон шуд

Дар брифинги матбуотие, ки пас аз ин ҷаласа баргузор шуд, муовини нахуствазири Русия дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар мавриди тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон гуфт, дар тӯли пандемияи “вируси корона” дар Русия барои муҳоҷирин пардохти ҳаққи патент лағв шуд.

"Муҳлати аввали лағв то 15 июн таъйин шуда буд, аммо пандемия поён наёфт, аз ин хотир, тасмим гирифта шуд то 15 сентябр тамдид шавад. Ҳоло ин мавзуъ баррасӣ мешавад, ки ин муҳлат пас аз 15 сентябр низ дигарбора тамдид шавад. Ин масъала таҳти таваҷҷуҳи ҳукумати Русия аст", - гуфт Алексей Оверчук.

Дар мавриди таҷдиди парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия мавсуф гуфт, талоши кишвараш бар ин аст, ки парвозҳои муназзам бо тамоми кишварҳои ҷаҳонро, тавре ки то замони пандемия буд, ба роҳ монад.

"Мо қабл аз ҳама вазъи сироятии кишварҳоро меомӯзем. Ҳоло мо бо се кишвар – Бритония, Туркия ва Танзания парвозҳоро барқарор кардем. Аз 15 август қарор аст парвозҳо ба Шветсария аз сар гирифта шаванд. Мебинем, ки дар Тоҷикистон низ раванди мусбате ҷараён дорад. Ҳоло талош мекунем, ки бо ин кишвар низ бо пеш омадани имкон парвозҳоро ба роҳ монем", - гуфт Алексей Оверчук.

Парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон аз моҳи март ба ин сӯ қатъ шудаанд. Дар ин миён Русия 23 парвозро ба манзури хориҷ кардани шаҳрвандонаш аз Тоҷикистон анҷом додааст. Тоҷикистон низ ҳамарӯза ду парвози чартериро ба шаҳрҳои Русия анҷом медиҳад.

0