Каъба, акс аз бойгонӣ

Ҳаҷ ва ҳикмати фарз гардидани он

239
Фаризаи ҳаҷ яке аз аркони дини мубини Ислом буда, бар касоне, ки барои рафтан ба хонаи Каъба тавоноии молӣ дошта бошанд, фарз мебошад

Ҳаҷ дар луғат ба маънои қасд намудан барои амри бузург буда, дар истилоҳи шариат ба маънои зиёрати макони махсус бо афъоли махсус дар замони махсус мебошад. Худованд дар бораи фаризаи ҳаҷ мефармояд:

وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا ۚ [٣:٩٧]

"Ҳаҷҷи Хонаи Каъба барои Худо бар мардумон, бар касе воҷиб аст, ки тавоноии рафтан ба сўи онро дорад". ("Оли Имрон", 97).

Аллома Алӣ Қорӣ дар китоби "Фатҳу бобил-иноя" ба ривояти Ибни Асир истинод карда гуфтааст, ки Пайғамбар (с) пеш аз ҳиҷрат ба Мадина ҳар сол ҳаҷ мекард, ки адади онҳо бешумор аст. Аммо ҳаҷи фарзиро он Ҳазрат (с) дар соли даҳуми ҳиҷрӣ адо намуд. Дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ, ки ҳаҷ фарз гардида, ояти дар боло зикр гардида нозил гардид, бо дастури Пайғамбар (с) ҳазрати Абўбакри Сиддиқ ҳамроҳ бо мусулмонон ҳаҷро ба ҷо оварданд. Аммо ба қавли дигар уламо ҳаҷ дар соли панҷум ё соли шашуми ҳиҷрӣ воҷиб гардида буд. Аксари донишмандон соли шашумро дурусттар меҳисобанд.

Тибқи ривояти Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ва Ибни Аббос (р) Паёмбари акрам (с) се бор ҳаҷ кардааст. Пеш аз ҳиҷрат ду бор маносики ҳаҷро ба ҷо оварданд, аммо баъд аз ҳиҷрат танҳо як бор дар соли 10 ҳиҷрӣ ҳаҷҷу умра карданд, ки онро дар таърихи Ислом "Ҳаҷҷатул-вадоъ" меноманд.

Ҳикмати ибодати ҳаҷ ва тавофи хонаи Каъба

Аъмоли ҳаҷ аз умури зерин иборат мебошад: Бастани эҳром аз миқот, тавофи қудум, саъй байни Сафо ва Марва, вуқуф дар Арафот, шабгузаронӣ дар Муздалифа, ҳузур дар Мино ва рамйи ҷамарот, забҳи қурбонӣ, тарошидан ё кўтоҳ намудани мўи сар, тавофи ифоза (зиёрат) ва тавофи видоъ. Дар ҳар яке аз ин аъмоли ҳаҷ фалсафа ва ҳикмате нуҳуфтааст, ки ғараз аз анҷоми ҳаҷ дарёфтан ва ноил гардидан ба ин ҳикмати илоҳӣ мебошад.

Мавлоно Ашрафалии Таҳованӣ (рҳ) дар китоби худ "Аҳкоми Ислом аз дидгоҳи ақл" ҳикмати машруъияти ҳаҷ ва тавофи Каъбаи мушаррафаро чунин зикр намудааст:

1. Дар олами муҳаббат рўҳи инсон ҳар вақт перомуни маҳбуби худ давр мезанад ва остонаи ўро мебўсад. Хонаи Каъба дар олами ҷисмонӣ барои ошиқони илоҳӣ як намуна ва рамзе мебошад ва ба сўи инсонҳо нидое мерасад, ки: "ин Хонаи ман аст ва Ҳаҷарул-асвад санги остонаи Хонаи ман аст". Ин намунаро ба ин ҷиҳат қарор додааст, ки инсон ба таври ҷисмонӣ ишқу муҳаббати худро зоҳир кунад. Пас ҳаҷкунанда дар аснои ҳаҷ ҷисман дар ҳолати фурўтанӣ ва бохузуъу хушуъ гирдогирди хонаи Каъба мегардад, ки гуё дар муҳаббати илоҳӣ девонаву маст аст. Яъне зинатро тарк мекунад, сари худро метарошад ва ба сурати маҷзубон ба гирди хонаи Каъба тавоф мекунад ва санги остонаи хонаро мебўсад.

2. Дар мавсими ҳаҷ мусулмонон аз ҳар гўшаву манотиқи олам дар як макон ҷамъ омада, бо ҳамдигар мулоқот мекунанд ва аз аҳволи ҳамдигар бохабар мегарданд, ки аз иҷтимоъи онҳо азамати дин зоҳир мешавад.

3. Дар сафари ҳаҷ ранҷу машаққат ва мушкилоти зиёд барои инсон пеш меояд, вале ҳамаи ин машаққатҳо ва сахтиҳоро барои ризои Аллоҳ таъоло таҳаммул менамояд, ки ба сабаби он гуноҳон ва хатоҳояш маҳв мегардад.

4. Муъмин дар тавофи хонаи Каъба шабеҳи фариштагони муқарраб мебошад, ки перомуни арши илоҳӣ тавоф мекунанд, муъмин парвонавор тавофи ҳазрати улуҳият мекунад ва хонаи Каъба дар зоҳир намуна ва рамзи дарбори илоҳӣ мебошад.

5. Иҷтимоъи мусулмонон бо либоси якранги сафеди эҳром дар мавсими ҳаҷ нишонаи камоли иттиҳоди аҳли Ислом буда, саҳнаи рўзи қиёматро барои онҳо ёдоварӣ менамояд, чунки муъмин ин манзараро мушоҳида намуда, зинда шудан дар рўзи ҷазоро ба хотир меорад ва барои он омода мешавад.

6. Ҳикмати саъй кардан дар миёни Сафо ва Марва  ки мисли як ғуломе ки дар дарбори подшоҳи худ бор-бор меравад ва меояд, ба ин умед, ки дар хидмат ихлоси худро зоҳир кунад ва ба назари раҳмат мушарраф шавад. Сайъкунанда дар дарбори илоҳӣ такрор ба такрор мераваду меояд ба ин умед, ки агар бори аввал раҳм накунад, пас шояд бори дуюм ва сеюм ба ў раҳм хоҳад кард. Ҳамчунин саъйкунанда дар байни Сафо ва Марва низ бо ҳамин умед саъй мекунад.

Гуфт Пайғамбар, ки чун кўбӣ даре,

Оқибат з-он дар бурун ояд маре.

Сояи Ҳақ бар сари банда бувад,

Оқибат ҷўянда ёбанда бувад.

Чун зи чоҳе меканӣ ҳар рӯз хок,

Оқибат андар расӣ дар оби пок.

Бознашр аз саҳифаи Маркази исломии Тоҷикистон.

239
Барчаспҳо:
фарз, Ҳаҷ, Тоҷикистон
Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳмон ба Исматуллозода вазифаи нав дод

2576
(Таҷдидшуда 16:11 14.08.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори ҳукумат ҳайати нави аъзои Кумитаи ҷоизаи давлатӣ ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки раисиҷумҳур ахиран имзо кард, Ширин Исматуллозода, ноиби сарвазири Тоҷикистон ба мақоми раиси Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Абубдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика таъйин шуд.

Ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, шоир Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Инчунин Ҳукумат ҳайати аъзои Кумитаи ҷоизаи ба номи Рӯдакиро тасдиқ намуд, ки коршиносони бахшҳои гуногун шомили он гардидаанд.

Ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ олитарин ҷоизаи Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки ба эҷодкорони кишвар тақдим мегардад.

Ин ҷоиза ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта дар замони шӯравӣ таъсис ёфта, бисёре аз адибони шинохтаи тоҷик барандаи он шудаанд.

2576
Барчаспҳо:
ҷоиза, тағйирот, Тоҷикистон
Евгений Примаков, раиси Россотрудничество, акс аз бойгонӣ

Ислоҳоти раиси нави “Россотрудничество”: аз ребрендинг то афзоиши бурсияҳо

280
(Таҷдидшуда 22:03 12.08.2020)
Тағйири ном, зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯён аз ИДМ ва кор бо ҳунармандони шинохта - ҷузъиёте аз стратегияи ҷадиди “Россотрудничество” мебошанд, ки раиси нав муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik, Данара Курманова. Ҳанӯз охири моҳи июн маълум шуд, ки Евгений Примаков, тележурналист ва вакили Думаи давлатӣ, роҳбари ожонси “Россотрудничество” таъйин гардидаст.

Дар рӯзи аввали кораш дар мақоми нав, Примаков ба расонаҳо ваъда дод, ки акнун ожонсро тағйироти бузург интизор аст. Аммо тафсилотро танҳо 11 август, зимни лексияи онлайнияш тавзеҳ дод.  Sputnik аз ҷузъиёти муҳими барномаи нави “Россотрудничество” гузориш таҳия кард.

Бидуни нерӯи нарм: чӣ хориҷиҳоро дӯсти Русия мекунад?

Пеш аз ҳама роҳбари “Россотрудничество” ба шарикон пешниҳод кард, ки аз корбурди истилоҳи “нерӯи нарм” худдорӣ кунанд, чун ба гуфтаи ӯ "ин мафҳуми норӯшанест, ки мо онро набаровардаем”.

“Ҳадафи “Россотрудничество”  аз аввал татбиқи нерӯ набуд, балки таъмини фазои мусоиди байналмилалӣ ва осудагӣ мебошад. Ожонс тавассути барномаҳои фарҳангию  маърифатӣ барои рушди ҳам Русия ва ҳам кишварҳои шарик шароит фароҳам месозад", - изҳор дошт роҳбари нав Ожонс.

Ба гуфтаи Примаков,  “Россотрудничество” аз идеяи ҳузури гуманитарӣ канор меравад, чун он консепти куҳна мебошад. Ӯ зарурати гузаштан аз ҳузури гуманитарӣ ба таъсири гуманитариро таъкид кард, ки барои ҳифзи субот мусоидат мекунад.

Ба сифати мисоли таъсири гуманитарӣ Примаков фоҷиа дар Бейрутро зикр кард, ки ожонс бори аввал дар интиқоли табибон барои кумак ба осебдидагон иштирок кард. Примаков ин иқдомро рамзӣ хонда, таъкид намуд, ки маҳз чунин чораҳо барои муносибати дӯстона ба Русия дар хориҷа мусоидат мекунанд. Ин амалҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти ожонс ҳеч нерӯе кор бурда нашуда, танҳо талош барои ҳамраъйӣ ҷой дорад.

Маҳфилҳо барои чойхӯрию иди тушберра бас: шеваи нави кор

Дар пайи омӯзиши якмоҳаи кори ожонс Евгений Примаков ба хулосае омадааст, ки ислоҳот дар ожонсро бояд аз шабакаи марказҳои русӣ оғоз кард.

"Кори онҳо набояд дар маҳдудаи аз ин чорабинӣ то чорабинии дигар, балки доимӣ бошад. Ин бояд низоми бошгоҳие бошад, ки иштирокдорон ҳар вақти дилхоҳ тавонанд он ҷо ҳузур дошта бошанд, суҳбат кунанд, китоб хонанд. Зеро ин марказҳо дар хориҷ маҳз барои афроде мебошанд, ки ниёз ба иртибот бо Русия доранд”, - шарҳ дод ӯ.

Ба ақидаи Примаков ҳар марказ набояд танҳо ба ҷавонон нигаронида шавад, балки аҳолии синнашон боло низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд, чун дар хориҷа зодаҳои шӯравӣ зиёданд, ки синнашон ба бознишастагӣ наздик омадааст. Барои ҳар гуруҳ вобаста ба сол бояд фаъолиятҳо фароҳам шаванд.

“Ба мо чорабиниҳое, ки танҳо барои қайд гузаронда мешаванду меҳмонҳоро чой мехӯронанд, зарур нест”, - изҳор дошт Примаков ва аз кормандони Ожонс даъват кард, ки аз идеяҳои монанд ба “Рӯзи мусиқии русӣ” ё “Иди тушберраи русӣ” канор раванд.  

Ӯ аз мушкил дар тағйири низоми кори бархе марказҳо гуфт, чун дар дохили бинои сафорат қарор доранду на ҳар кас метавонад вориди онҳо шавад: “Барои ин мо корро аз марказҳое оғоз мекунем, ки роҳандозии низоми ҷадид дар онҳо имконпазир аст”.

Ҷалби ситораҳо ва таҳлили майли ҷавонон

Раиси “Россотрудничество” зикр кард, ки аудиторияи асосии ожонс ҷавонон мебошанд, ки бештар майл ба фарҳанги поп доранд. Донишҷӯёни оянда метавонанд, тариқи китоб, синамо ва силсилафилмҳо майл ба фарҳанги русӣ пайдо кунанд. Ба ақидаи ӯ, шинос кардани ҷавонон бо классика муҳим мебошад, аммо шавқу майлҳои хоси ҷавононро низ набояд сарфи назар кард.

“Каманд афроде, ки англисиро омӯхтаанд, то осори Шекспирро бо забони асл бихонанд. Барои ҷавонони муосир забон ин пеш аз ҳама имконоти иҷтимоию иқтисодӣ мебошад”, - изҳор дошт роҳбари “Россотрудничество”.

Дар ин робита “Россотрудничество” бояд ҳунармандони шинохтаро бештар ба чорабиниҳо дар хориҷа ҷалб кунад, зарур хонд Примаков. Инҳо бояд афроде бошанд, ки дар ҳама ҷо шинохтаанд, на танҳо ҳайатҳои хурди эҷодӣ, ки дар бораи онҳо дар доираҳои маҳдуд сухан меравад.  

Ҳама нав мешавад: “Россотрудничество” ребрендинг мекунад

Худи номи “Россотрудничество” муосиру фаҳмо садо намедиҳад, хоса  барои афроде, ки русиро балад нестанд, мегӯяд Примаков. Ӯ зарурати ребрендинги ожонсро таъкид карда, афзуд, ки марказҳои илму фарҳанги Русия – ба русӣ РЦНК низ бояд тағйири ном кунанд.

“РЦНК – бисёр абревиатураи даҳшатовар аст,  чун худи номи “Россотрудничество”.  Хориҷӣ тавони талаффузи онро надорад”, - бовар дорад Примаков.

Дар баробари ин номи расмии ожонс – “Ожонси федералӣ дар умури ИДМ, ҳамватанҳои дар хориҷ иқоматдошта ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ” ҳифз хоҳад шуд, танҳо бренди зоҳирӣ барои аудиторияе, ки забонашон русӣ нест, тағйир дода мешавад.

Калимаи “Россотрудничество” барои гӯяндаҳои забони русӣ чандон ваҳмовар нест, аммо номи нав барои Ожонс хароҷоти нав дар пай дорад, чун ҳадди ақал овезаҳо ва санадҳои расмӣ бояд тағйир дода шаванд. Ин маблағҳоро метавон барои корҳои муфиди дигар харҷ кард.

Зоҳиран сарфакорию хирадмеҳварӣ аз омилҳои калидии стратегияи Примаков мебошанд. Ӯ нияти кирои таҳиягарони брендро низ надорад, мехоҳад озмуни кушодеро эълон кунад, то номро барои Ожонс донишҷӯёне пешниҳод кунанд, ки тариқи “Россотрудничество” ба донишгоҳҳои Русия шомил шудаанд. Ӯ дар шарҳи мантиқи ин тасмим гуфт, ки ҳеч кас беҳтар аз иштирокдорони бевоситаи ин лоиҳа консепсияи онро эҳсос нахоҳад кард.  

Такя ба ИДМ: бурсияҳо ду баробар зиёд мешаванд

Бо пеш гирифтани лоиҳаҳои ҷадид, “Россотрудничество” пешбарии таҳсилоти Русияро низ канор нахоҳад гузошт, гуфт Примаков.

"Бо фармони президенти Федератсияи Русия бурсияҳои таҳсили ройгон барои шаҳрвандони хориҷӣ дар солҳои наздик ду баробар зиёд карда мешаванд. Феълан теъдодашон 15 ҳазор ададро ташкил медиҳад”, - хабар дод Примаков.

Зиёда аз он Ожонс лоиҳаҳои маърифатиеро, ки бо Русия ва забони русӣ алоқманданд дастгирӣ хоҳад кард, чӣ донишгоҳи бузург бошаду чӣ кӯдакистоне дар навоҳии дурдаст.

Инчунин “Россотрудничество” бештар ба таҳлил таваҷҷуҳ хоҳад кард, то беҳтар бифаҳмад, ки ҷавонони муосир ба чӣ майл доранд. Бо ин ҳадаф ожонс ният дорад, ки сомонаашро ба таври куллӣ тағйир диҳад. Примаков мегӯяд, сомонаи навро хонданбобтар хоҳанд  кард.

Ҳамаи ин албатта вақт мехоҳад, чун ожонс дар чаҳорчӯбаи сахт кор мекунад ва ҳар лоиҳа бояд ҳадди ақал як сол то оғози он тасдиқ шавад. Бо вуҷуди ин раиси “Россотрудничество” ваъда дод, ки ба шарофати навовариҳо ниҳоди тобеяш кушодтар хоҳад буд.

“Ин барои мубориза бо стереотипҳои куҳна, ки метавонистанд бо назардошти собиқаю хотираи куҳна нисбати ожонсамон пайдо шуда бошанд, кумак мекунад”, - хулоса кард Примаков.

280
Барчаспҳо:
ислоҳот, таҳсил, ИДМ, Русия
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Маросими видоъ бо устод Гулназар Келдӣ - навори муфассал

0
Шоири маъруфи Тоҷикистон, муаллифи Суриди миллӣ Гулназар Келдӣ рӯзи 13 - уми август дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ҷанозаи шоири шаҳир ва маҳбуби Тоҷикистон бегоҳи ҳамон рӯз баргузор шуд ва Келдӣ дар оромгоҳи Лучоб манзили охираташро дарёб кард.

Навори маросими видоъ бо шоири зиндаёд Гулназар Келдиро сомонаи "Фараж" дар сафҳаи худ нашр намудааст.

Аз навор бармеояд, ки дар маросими хайрибод бо шоири маҳбуб даҳҳо нафар ходимону олимон,намояндагони ҳукумат, пайвандон ва ҳаводорони ӯ ҳузур доштанд.

Аксари иштирокчиёни маросими видоъ, ниқоби муҳофизатӣ доштанд ва ҳамзамон фосилаи иҷтимоӣ низ аснои дуо хондан ва вориди хок намудани шоир риоя мешуд.

Ёдовар мешавем, ҳамагӣ чанд рӯз пеш Гулназар Келдӣ бо нишони маризии коронавирус бистарии беморхона гардида шуд ва ахиран рӯзи 13 - уми август ҷон ба Ҷонофарин супорид.

Низом Қосим гуфт, ки Гулназар Келдӣ дар куҷо ба хок супурда хоҳад шуд

Марҳум чанд рӯз қабл дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ӯ  ташвиш накашанд.

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.
0
Барчаспҳо:
навор, маросими видоъ, Гулназар Келдӣ