Далер Назаров

Лидушсароӣ: Далер Назаров дар Душанбе ҳунарнамоӣ мекунад

456
(Таҷдидшуда 10:47 17.09.2017)
Маэстро Далер Назаров дар ёдбуди барди машҳури Бадахшон шодравон Лидуш Ҳабиб ҳунарнамоӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ба муносибати ёдбуди барди номдор шодравон — Лидуш Ҳабиб дар Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе консерти хайриявӣ баргузор мегардад.

Консерт рӯзи 23 сентябр соати 15:00 дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев баргузор мешавад.

"Дар ин барномаи фарҳангӣ маэстро Далер Назаров, гурӯҳи "Авесто", гурӯҳи "Равшандилони Рӯшон", Азиз ва Бахтиёр, гурӯҳи "Бартанг", гурӯҳи "Ҷирай", Некрӯз Мамадамонов ва Ниссои Лутфишо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард", — омадааст дар эълон.

Консерти хайриявӣ ба хотири ёдбуди Лидуш Ҳабиб
© Фото : Аз гурӯҳи Pamir news
Консерти хайриявӣ ба хотири ёдбуди Лидуш Ҳабиб

Консерти хайриявӣ ба муносибати ёдбуди барди номдори тоҷик шодравон — Лидуш Ҳабиб гузаронида мешавад.

456
Барчаспҳо:
консерти хайриявӣ, Далер Назаров, Тоҷикистон
Мавзуъ
“Чаки чаки борон”-и Далер Назаров дар тарҳи коргардони Русия Иван Шаповалов “Поднебесы”
Аброр Назаров: на ҳар касе метавонад роҳи Далер Назаровро биравад
Далер Назаров дар "Боми ҷаҳон" ҳунарнамоӣ мекунад
Устод Далер Назаров сафҳаҳои расмияшро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ боз кард
Театри ноҳияи Ёвон

Театри ноҳияи Ёвон касбӣ мешавад

48
(Таҷдидшуда 13:14 03.07.2020)
Мақомоти иҷроияи Хатлон хабар дод, ки теъдоди театрҳои касбӣ дар вилоят афзоиш ёфта, ба чор адад баробар мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода театри халқии ноҳияи Ёвон ба театри касбӣ табдил хоҳад ёфт, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон раиси вилоят дар Қасри фарҳангии ноҳия композитсияи ҳунармандони театри халқиро бахшида ба 5500-солагии Саразм тамошо карда, бо ҳунармандон мулоқот орост.

Котибот афзуд, ки пешниҳоди ба театри касбӣ табдил ёфтани театри халқӣ пазируфта шуда, Қурбон Ҳакимзода барои дастгирии ҳамаҷиҳатаи фаъолияти он дастур дод.

Феълан дар ин театри халқӣ 15 ҳунарманди ҳирфаии театр фаъолият мекунанд. Раиси вилоят ваъда дод, ки дар нахустин намоиши саҳнавии театри касбӣ иштирок хоҳад кард.

Котиботи ҳукумати Хатлон илова намуд, ки то имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон се театри ксбӣ фаъолият мекунанд. Дар сурати мақоми театри касбиро гирифтани театри халқии ноҳияи Ёвон, теъдоди театрҳои касбии вилоят ба чор адад мерасад.

48
Барчаспҳо:
касбӣ, театр, Ёвон, Тоҷикистон
Министр культуры Таджикистана Зульфия Давлатзода

Ҳамдардии вазири фарҳанг бо хонаводаи Амонулло Қодиров

699
(Таҷдидшуда 19:02 02.07.2020)
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Фарҳангиёни Тоҷикистон ба аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори таслият кард, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳанги кишвар аз даргузашти собиқадори соҳаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амон Қодиров андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамоянд", - омадааст дар номаи таслият.

Ёдрас мешавем, ки Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, рӯзи 28 июн дар шаҳри Душанбе дар синни 75-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Амонулло Қодиров 10 июни соли 1945 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омада, соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ) ва соли 1971 Институти давлатии санъати театрии ба номи А.Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Ӯ қариб тамоми умр дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарнамоӣ карда, соли 1982 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1994 соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.

Қодиров бо даҳҳо нақшаш дар театр ва синамои тоҷик, бахусус бо нақши Ҳодӣ дар дуэти Шодию Ҳодӣ ҳамроҳ бо Шодӣ Солеҳов дар ёдҳо мемонад.

"Дар ҳаҷв доди ҳунарро медиҳад. Ҳарчанд образҳои лирикӣ, драмавӣ, фоҷиавиро низ бо маҳорати баланд иҷро мекунад, ҳолати рӯҳию дунёи ботинии қаҳрамононашро ҳамаҷониба мекушояд. Тамошогарон ба истеъдодаш дар беш аз шаст спектакли театр, аз қабили «Дон Жуан», «Умри ҷовид», «Латифаҳои деҳот», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Робиаи Балхӣ», «Умед», «Табиби зӯракӣ» баҳои баланд додаанд", - омадааст дар маълумоти Википедия.

Амонулло Қодиров ҳамчунин дар филмҳои «Субҳи Ганг», «Достони Сиёвуш», «Ҳафт арӯси дуздидашуда», «Аспҳо дар моҳтобшаб», «Хоби хирси сафед» ва дар чандин намоишномаи телевизионӣ нақшҳои мондагор офарида, дар дубляжи даҳҳо филм ба забони тоҷикӣ низ иштирок кардааст.

699
Барчаспҳо:
вазир, Вазорати фарҳанги ҶТ, ҳамдардӣ, ҳунарпеша, Тоҷикистон
Специалисты министерства здравоохранения в аэропорту Ташкента

Шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 10 ҳазор наздик шуд

0
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон омори нави ҳолатҳои ошкоршудаи гирифторони коронавирусро дар ин кишвар эълон кард

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтраи матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон теъдоди дардмандони коронавирус дар ин кишвар танҳо шабонарӯзи азир то 285нафар афзудааст.

Ҳамин тариқ шумораи умумии ҳодисаҳои коронавирус дар Ӯзбекистон тақрибан 9708 нафарро ташкил дод.

Ба иттилои манбаъ ҳоло дар ҷумҳурӣ 3220 гирифторони COVID-19 дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор доранд.

Манбаъ мегӯяд, ҳодисаҳои нав асосан дар байни шаҳрвандоне, ки дар қарантинӣ ҷойгиранд, ошкор карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар Узбакистон 31 нафар аз коронавирус фавтиданд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Узбакистон 15 март дар зане, ки аз Фаронса ба ватанаш баргашт, расман сабт шуд.

0