Беҳрӯз Зеваров, акс аз бойгонӣ

Бишнав: Беҳрӯз Зеваров шеъри Манижа Давлатро сароид

660
(Таҷдидшуда 10:05 23.09.2017)
Беҳрӯз Зеваров мегӯяд, идеяи сурудро худи Манижа Давлат пешниҳод карда буд ва матни онро бо ҳамроҳии Орзу Исоев навиштанд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Продюсер ва овозхони тоҷик Беҳрӯз Зеваров ба мухлисонаш сурудеро бо ном "Бишнав" таҳия кардааст. Матни сурудро овозхони тоҷик Манижа Давлат ва рӯзономанигори маъруф Орзу Исоев навиштаанд.

Чуноне ки Беҳрӯз Зеваров гуфт, "Бишнав" барои филми нави "Домоди замонавӣ"-и коргардон Набиҷон Пирматов таҳия гардид, ки идеяи суруди онро Манижа Давлат пешниҳод кардааст. Муаллифи оҳанги он Роберт Мирзоян будааст.

Ба гуфтаи вай, суруд ҳанӯз моҳҳои март омода буд, аммо онро пурра бо намоҳангаш нимаҳои сентябр мунташир карданд.

"Бишнав"- аз авалин ҳамкориҳои  Манижа Давлат ва Орзу Исоев нест.

Моҳҳои июл овозхони ҷавон Зулайхо Маҳмадшоева сурудеро бо ном "Роҳ" таҳияи мухлисонаш кард, ки муаллифи оҳанги он Манижа Давлат ва муаллифи шеъри суруд Орзу Исоев буданд.

660
Барчаспҳо:
овозхон, суруд, Манижа Давлат, Беҳрӯз Зеваров, Орзу Исоев, Тоҷикистон
Нигина Амонкулова

"Гуфтиву накардӣ" : нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова - видео

1297
(Таҷдидшуда 20:12 18.10.2020)
Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи саҳнаи тоҷик, суруди ҷадиди худро таҳти унвони "Гуфтиву накардӣ" нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Нигина Амонқулова овозхони шинохтаи Тоҷикистон, дар саҳифаи Qiam Entertainment дар Ютуб, суруд ва намоҳанги нави худро пешкаши мухлисонаш гардонидааст.

Навори суруд дирӯз, 17 октябр дар шабакаи Youtube нашр шудааст. Дар давоми як рӯз ин сурудро беш аз 84 ҳазор кас тамошо карда ва зиёда аз 2 ҳазор корбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки ин суруди Нигина Амонқулова низ дар доираи тарҳи нави сароянда бо ширкати Qiam Entertainment сабт шудааст.

Маллифи суханони суруд Орзу Исоев буда, оҳангашро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст. Ин суруд дар бораи ошиқест, ки маъшуқаашро қадр намекунад. 

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сароянда тарҳи нави худ -  "Legends live forever" оғоз кард, ки дар доираи он сурудҳои машҳури ситораҳои номдори шарқро бозхонӣ мекунад. Ба гуфти Нигина ин тарҳро ба ӯ ширкати  Qiam Entertainment, ки сароянда аз оғози соли 2020 бо он ҳамкорӣ дорад, пешниҳод кардааст.

То ҳол Нигина сурудҳои сарояндаҳои шодравон  - Аҳмад Зоҳир, Муқаддас Набиева, Зафар Нозим, Муҳаммадрафеъ ва Аминҷон Сабуриро, ки ба гуфти худаш аз ҳама бештар писандаш ҳастанд, иҷро кардааст.

Нигина Амонқулова суруди Муқаддас Набиеваро бозхонӣ кард

Нигина Амонқулова дар доираи ин тарҳи ҷадид, нахустин бор ба забони ҳиндӣ сароид. Ҳамчунин дар баробари зинда кардани ёди ҳунармандони қадимӣ, Нигина дар доираи ин тарҳ, се суруди ҷадиди худро низ месарояд.

1297
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, нав, ҷадид, нашр, Нигина Амонқулова
Младенец, архивное фото

Машҳуртарин номҳои кӯдакона дар Ӯзбекистон маълум шуд

528
(Таҷдидшуда 09:25 18.10.2020)
Соли 2020 Муҳаммадалӣ ва Солиҳа номҳои маъмулӣ шуданд. Соли гузашта низ ба онҳо шумораи бештари волидон бартарӣ додаанд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Агентии хизматрасонии давлатии назди Вазорати адлия маълумотро дар бораи номҳои маъмул дар Ӯзбекистон, ки волидон барои кӯдакони навзод интихоб кардаанд, нашр кард.

Изабелла, Сензора, Имран: Кумитаи забон 217 номи нав илова ва 223 номи аҷнабиро рад кард

Тибқи маълумоти ин ниҳоди давлатӣ, дар соли 2020 маъмултарин номҳо Муҳаммадалӣ ва Солиҳа буданд: 1582 писар ва 1601 духтар ба ин ном гузошта шудаанд.

Тибқи омори соли гузашта, ин номҳо инчунин мавқеи аввалро ишғол мекарданд.

Ҳабибҳо бисёр шуданд: Ҳукумат гуфт, навзодҳоро зиёд Ҳабиб ном мегузоранд

Дар соли гузашта, 12 461 шаҳрванд ба фарзандони худ Солиҳа ва 11 305 шаҳрванди Ӯзбекистон ба фарзандонашон Муҳаммадалӣ ном гузоштанд.

528

Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:20 25.10.2020)
Рӯзи 26 октябр рӯзи пайдоиши футбол (1863) буда, рӯзи миллии Озарбойҷон мебошад. Дар ин рӯз ҳунармандони халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва Мастона Эргашева ба дунё омадаанд

Рӯзи 26 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1861 олими немис Филипп Рейс дар Франкфурт ихтирои худро ба намоиш гузошт ва минбаъд онро телефон номид.

 

Телефон в центре управления остановленного третьего реактора на Чернобыльской атомной электростанции
© REUTERS / Gleb Garanich
Телефон в центре управления остановленного третьего реактора на Чернобыльской атомной электростанции

 

Соли 1863 дар шаҳри Лондон Ассотсиатсияи футболи Англия таъсис дода шуд.Соли 1900 дар Ню-Йорк аввалин хатти метрополитен кушода шуд.

 

Стадион Уэмбли в Лондоне
© Sputnik / Антон Денисов
Стадион "Уэмбли" в Лондоне

 

Соли 1932 Иосиф Сталин нависандагонро "муҳандисони қалби инсонҳо" унвон кард.Соли 1956 Агентии байналхалқӣ оид ба энергияи атомӣ таъсис ёфт.

 

Иосиф Виссарионович Сталин (Джугашвили), Генеральный секретарь ЦК ВКП (б)
© Sputnik / РИА Новости
Иосиф Виссарионович Сталин (Джугашвили), Генеральный секретарь ЦК ВКП (б)

 

Соли 1978 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон дошт, ки барангезандаи бемории нағзак (оспа) дар табиат маҳв карда шуд.

Соли 1990 Шон Шеннони канадагӣ барои дар 26 сония хондани монологи Гамлет «Будан ё набудан» рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2015 дар натиҷаи заминҷунбии 7,5-балла дар Афғонистон ва Покистон беш аз садҳо нафар ҷони худро аз даст доданд.

Рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи вақти Қувваҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Америка  Дэвид Петреусро ба ҳузур пазируфт.

Соли 2011 Клуби футболи "Регар-ТадАЗ" — и шаҳри Турсунзада  барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2011 гардид.Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали раисҷумҳури вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон масоили кунанӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 дар Қасри миллат Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал — Маътуқро ба ҳузур пазируфт.

Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр

Рӯзи пайдоиши футбол (1863).
Рӯзи миллии Озарбойҷон.

Рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1945 – доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Соли 1945 – Ҳунарпешаи шоистаи театри лӯхтаки Тоҷикистон Зафар Ҷаводов

Соли 1950 – ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов.

Народный артист Таджикистана, исполнитель фалака Давлатманд Холов
Amir Isaev
Народный артист Таджикистана, исполнитель фалака Давлатманд Холов


Соли 1952 – Ҳунарманди халқии Мастона Эргашева.

Соли 1953 – композитор Борис Пиговат.

Соли 1978 – журналист Олга Тутубалина.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон