Оғози намоишгоҳи Роҳ ба сӯи хона

Маслиҳати пизишкон ва опера: Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон

39
(Таҷдидшуда 10:29 25.09.2017)
Дар маркази табобатии "Истиқлол" Душанбе пизишкон аз Санкт Петербург дар давоми се рӯз маслиҳати бепул медиҳанд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Пизишкони рус дар давоми се рӯз ба беморон маслиҳат ба барои пизишкони тоҷик мастер-класс мегузаронанд. Ба гузориши равоибити умумии Россотрудничество, ин чорабинҳо дар чорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд.  

"Маросими оғози Рӯзҳои фарҳанг бо ширкати вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва муовини вазири фарҳанги Русия Сергей Обривалин баргузор мешавад, дар ин рӯз ансамбли операи шаҳри Осетия "Алан" барои мардуми Душанбе ҳунарнамоӣ хоҳан кард", — омадааст дар хабарномаи РИА Новости.

Рӯзи Душанбе ҳайъати шаҳри Санкт Петербург бо шаҳрдори пойтахт Рустам Эмомалӣ дидор мекунад. Ҳайъати шаҳри Птеребургро ноиби губернатори ин шаҳр Анна Митянина раҳбарӣ мекунад.

"Дар ин дидор ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд", — гуфта мешавад дар иттилоъия.

Гуфта мешавад, ки пизишкони рус дар давоми се рӯз дар табобатхонаи "Истиқлол" Душанбе ба беморон маслиҳат ба барои пизишкони тоҷик мастер-класс мегузаронанд.

Дар баробари ин ҳунармандони Театри Марина барои мардуми Душанбе барномаҳои консертӣ омода кардаанд. 

Дар чорчӯби Рӯзҳои фарҳанг ба Тоҷикистон ҳайъати эҷодии Ансамбли давлатии академии рақсии "Алан" ва гурӯҳи созии "Триои Консерваторияи Москва" меоянд.

Маросими оғоз рӯзи 24 сентябр соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣдар назар аст.

Барномаи консертӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон,  намоишгоҳи "Русский север" дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дарси сайқали маҳорат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, вохӯрии эҷодӣ дар Донишгоҳи славянии тоҷику рус аз ҷумлаи маросимҳоянд, ки дар доираи Рӯзҳо ба нақша гирифта шудаанд.    

Ҳунармандони рус ҳамчунин дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғонтеппа ва Турсунзода ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон аз 23 сентябр то 27 ҳамин моҳ давом мекунад.

39
Барчаспҳо:
рӯзҳои фарҳанги Русия, фарҳанг, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Пешниҳоди Узбакистон: Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистонро дар Узбакистон баргузор кунед
Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мешавад
Ҳама рақсиданд: Навор аз Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон
Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон оғоз ёфт
Маросими пешвози меҳмонон, акс аз бойгонӣ

Сафари фарҳангиёну адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

103
(Таҷдидшуда 14:31 28.09.2020)
Ҳукумати вилояти Суғд аз сафари як ҳайати намояндагони илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гуруҳи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ба вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзуд, ки ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

“Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни миллатҳои тоҷику ӯзбек, тақвияти ҳамкориҳои адабӣ, илмиву фарҳангӣ миёни ду давлати дӯст арзёбӣ мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки меҳмонон давоми рӯз аз Маҷмааи фарҳангию “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи вилоятӣ, Хона — музейи Камоли Хуҷандӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки сипас, меҳмонон тибқи барномаи сафар ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе равон шуданд. 

Дар шаҳри Душанбе феълан сафари ҳайати Ӯзбекистон давом дорад.

103
Барчаспҳо:
илм, фарҳанг, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Сангҳои сари роҳ, акс аз бойгонӣ

Раҳмон аз бошишгоҳи одамони асри санг ва шаҳри Мунк дар Ховалинг гуфт

176
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мавзеъҳои таърихӣ дар ноҳияи Ховалинг гуфта, дастур дод, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ ба онҳо бештар ҷалб карда шаванд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ноҳияи Ховалинг бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур мебошад.

Ӯ афзуд, дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили мазори Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мебошанд.

“Аз ин лиҳоз, обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.”, - омадааст дар матни суханронии раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Раҳмон, илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.

Ӯ таъкид кард, ки ин раванд бояд дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад.

176
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1363
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1363