Анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон

Хайр Душанбе: Рӯзҳои фарҳанги Русия дар ҶТ анҷом ёфт

24
(Таҷдидшуда 12:28 27.09.2017)
Шоми 26 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими анҷоми Рўзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ, Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бо ҳунарнамоии муштараки ҳунармандони русу тоҷик анҷом ёфт.

Дар барномаи муштараки ҳунарӣ устодони санъати Тоҷикистон ва Русия иштирок карданд.

Аз ҷумла истеъдоди нодири ҳунарпешагони "Трио"-и Консерваторияи Москва", Ансамбли давлатии академии рақсии Осетияи Шимолӣ – Алания "Алан", Театри давлатии академии Мариини Санкт-Петербург, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Ансамбли рақсии "Парасту"-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ дар ин барнома ҳунарнамоӣ карданд.

Манбаъ меафзояд, ки дар даромадгоҳи театри мазкур намоиши расмҳои аккоси рус таҳти унвони "Русский север", ки табиати зебову нотакрори сарзамини Русияро инъикос мекард, манзури ҳаводорони ин намуди санъат гардид.

Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистоназ 24 то 26 сентябр доир гардида, дар чорчӯби ин  Рӯзҳо як қатор чорабиниҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода баргузор гардиданд.

24
Барчаспҳо:
анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Русия, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Маслиҳати пизишкон ва опера: Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Русия баргузор мешавад