Муқим Абдуфаттоев, акс аз бойгонӣ

Муқим Абдуфаттоев аз симаташ истеъфо дод

539
(Таҷдидшуда 16:49 28.09.2017)
Ҳоло муваққатан театри русии Пушкини шаҳри Бӯстонро саркоргардони театр Назрулло Шарипов идора мекунад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Муқим Абдуфаттоев, ҳаҷвнигори тоҷик, роҳбари театр-студияи "Хандинкамон", ки то имрӯз раҳбари театри русии Пушкин дар шаҳри Бӯстонро низ буд, аз ин симаташ истеъфо додааст.

Чуноне, ки сухангӯи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода  ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Муқим Абдуфаттоев аризае ба номи раиси шаҳри Бӯстон навишта хоҳиш кардааст, ки ӯро аз симаташ озод кунанд.

Ба иттилоъи вай, шаҳрдори Бӯстон Рухсора Давлатзода аризаи Муқим Абдуфаттоевро қабул кардааст.

Ин ҳаҷвнигор чанде пеш аз ин ки аз симаташ канорагирӣ кунад, дар сафҳаи фейсбукиаш навишта буд, ки "мехоҳанд маро шикананд".

Муқим Абдуфаттоев иддао дошт, ки чанде аз бадхоҳонаш дар паи раҳбари театр шуданаш даст ба бадном карданаш задаанд ва аз ҷумла навори фаҳшоеро мунташир кардаанд.

Дар мусоҳибае Муқим Абдуфаттоев мегуфт, воруна бар хостаҳои он бадбинонаш корашро идома хоҳад дод ва дар ҷустуҷӯи ҳунармандони тоза барои "Хандинкамон" аст.

Сухангӯи раиси шаҳри Бӯстон мегӯяд, Муқим Абдуфаттоев дар аризааш далели хостори аз симат озод шуданашро нишон надодааст.

539
Барчаспҳо:
барканорӣ аз мақом, Муқим Абдуфаттоев, Бӯстон, Тоҷикистон