Тоҷикистонро дар намоишгоҳи JATA Tourism Expo Japan - 2017 муаррифӣ карданд

© Фото : МИД РТУчастие Таджикистана на выставке "JATA Tourism EXPO Japan-2017"
Участие Таджикистана на выставке JATA Tourism EXPO Japan-2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муаррифии имконоти гардишгарии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии ҷаҳонгардии «JATA Tourism EXPO Japan» метавонад гардишгарони бештареро аз Ҷопон ба Тоҷикистон биёрад

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, 21 — 24 сентябр дар шаҳри Токио дар Маркази намоишгоҳҳои байналмилалии "Tokyo Big Sight" Намоишгоҳи байналмилалии ҷаҳонгардии JATA Tourism Expo Japan — 2017 баргузор шуд.

Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ ширкати гардишгарии "Сайру саёҳати кӯҳии Тоҷикистон" муаррифӣ кардааст. Меҳмонон ва боздидкунандагон аз ғурфаи ин ширкат аз китобчаву дафтаракҳои иттилоотӣ ва барномаҳои гардишгарӣ бо манзараҳои табиат, ёдгориҳои торихиву фарҳангӣ, хӯрокҳои миллӣ ва дигар диданиҳои Тоҷикистон ошно шуданд.

Дар ин намоишгоҳ Сафорати ҶТ дар Токио ҳамроҳ бо ширкати ҷаҳонггардии "All Season Travel" аз диданиҳову тавонманидиҳои гардишгарии Тоҷикистон барои гардишгарони ҷопонӣ иттилоърасонӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0