Вручение копий Верительных грамот Министру иностранных дел Азербайджанской Республики

Тоҷикистон равобиту ҳамкориҳояшро бо Ҷумҳурии Озарбойҷон густариш медиҳад

31
(Таҷдидшуда 18:36 02.10.2017)
Сафири Тоҷикистон дар Боку дар дидорҳои ҷудогона бо раҳбарони Вазорати фарҳангу гардишгарӣ, Хадамоти давлатии марзбонӣ ва Ҳавопаймоии миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боку Рустам Солӣ ва вазири фарҳангу гардишгарии Ҷумҳурии Озарбойҷон Абулфазл Қараев роҳҳои густариши ҳамкориҳои фарҳангии ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, дар ин дидорҳо, ки 28 сентябр баргузор шудаанд, роҳҳои густариши равобиту ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили cафарҳои ҳунарӣ ва барномаҳои консертии муштарак бо ширкати ҳунармандони ҳар ду кишвар, масоили вобаста ба ҳамкориҳо дар замнаи гардишгарӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон Рустам Солӣ ва Абулфазл Қараев имкони роҳандозии омӯзиши ҳирфаӣ, бозомӯзӣ ва донишафзоии коршиносони тоҷикро дар риштаҳои ҳунар, фарҳанг ва гардишгарӣ дар муассисаҳои марбутаи Озарбойҷон баррасӣ карданд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дар дидор бо раҳбари Хадамоти давлатии марзбонии Озарбойҷон генерал-полковник Элчин Қулиев ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷониба дар масъалаҳои таъмини амнияти марзҳои давлатӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни сохторҳои низомии ду кишварро баррасӣ кард.

Рустам Солӣ ҳамчунин дар дидор бо раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии «AZAL» Ҷаҳонгир Аскаров масъалаҳои мубрами равобити Тоҷикистону Озарбойҷонро дар заминаи мусофирбарии ҳавоӣ, бавижа роҳҳои аз сар гирифтани парвозҳо миёни Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ кард.

31
Барчаспҳо:
Рғзҳои фарҳанги Озарбойҷон, ҳамкориҳои фарҳангӣ, Сафорати ҶТ дар Озарбойҷон, Абулфазл Қараев, Рустам Солӣ, Тоҷикистон-Озарбойҷон
Мавзуъ
Тоҷикистону Озарбойҷон хостори барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ шуданд
Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкорӣ дар заминаи кору таъмини иҷтимоиро баррасӣ карданд
Сафири нави ҶТ бо вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дидор кард
Театр имени Маяковского в Москве

Намоишномаи театри Тоҷикистонро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд

138
(Таҷдидшуда 21:06 26.11.2020)
Намоишномаҳои Ҷашнвораи дуюми театрҳои русии хориҷиро, ки дар Маскав аз 16 то 22 ноябр баргузор шуд, беш аз 1 миллион нафар тамошо карданд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Намоишномаҳои Ҷашнвора тайи тақрибан як ҳафта дар саҳнаи театрҳои “Et Cetera" ва "Современник" намоиш дода шуда, маҷмӯан онҳоро беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар тамошо карданд, хабар дод котиботи лоиҳа.

Манбаъ таъкид кард, ки дар ин ҷашнвора ҳайати театрҳои русӣ аз Абхазистон, Белорус, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок кардаанд. Онҳо асарҳои классикии адабиёти ҷаҳонӣ аз Шекспир то Стейнбекро ба саҳна гузоштанд, ки тариқи онлайн дар интернет низ намоиш дода мешуданд.

Александр Калягин, раиси Иттифоқи ходимони театри Русия, зимни истиқболи иштирокдорони ҷашнвора гуфт, ин ҳамоиш дуюм бор баргузор шуда истодааст, аммо аллакай равобити дӯстию фарҳангиро миёни иштирокдорон ба вуҷуд овардааст.

Тоҷикистонро дар ҷашнвора, Театри драмаи русии ба номи Маяковский намояндагӣ кард, ки дар шаҳри Душанбе аз соли 1937 фаъолият дорад. Ҳайати театри Тоҷикистон дар ҷашнвора намоишномаи “Ҳамлет”-и коргардон Бодурбек Миралибековро иҷро намуданд, ки ба гузориши баргузоркунандагон, онро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд.

138
Барчаспҳо:
намоишнома, Русия, Тоҷикистон
Археологическая находка, копье найденное в махалле Умар Хайям города Куляба

“Ҳодисаи таърихӣ”: бозёфти 5-ҳазорсола дар Кӯлоб

451
(Таҷдидшуда 19:51 26.11.2020)
Мақомоти Кӯлоб дар сомонаи рамияш навиштаанд, ки дар шаҳр боз як ҳодисаи таърихию фаромӯшнашаванда рух дод

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, аз маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб сарнайзае ёфт шудааст, ки таърихи беш аз 5- ҳазорсола дорад.

Таъкид шудааст, ки дар пайи таҳқиқ ва пажӯҳиши ҳамаҷонибаи кормандони Институти таърих, археология ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон синни сарнайза муайян карда шуда, он ба Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700- солагии шаҳри Кӯлоб бозгардонида супорида шуд.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, нигораи мазкурро Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ва ҳайати ҳамроҳонашон - директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи  Аҳмади Дониш, Убайдулло Насруллоҳ Каримзода, мудири шӯъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Сайфуллоев Нуриддин Назруллоевич дар як маросим  мудири кулли  муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб”, Ҳотам Раҷаби Асозода супориданд.

“Тасмим гирифта шуд, ки дар соли 2021 бахшида 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб экспозитсияи мукаммали 5 ҳазорсолагии Кӯлоб ташкил ва барои тамошо пешкаш мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

451
Барчаспҳо:
бозёфт, таърих, Тоҷикистон
КамАЗ, акс аз бойгонӣ

Садамаи маргбор: ронандаи "КАМАЗ" пиёдагардро пахш кард

0
(Таҷдидшуда 11:08 27.11.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад, ки боиси ба ҳалокат расидани як пиёдагард шуд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодисаи мудҳиш рӯзи 26-уми ноябр, тахминан соати 10:30-дақиқа, рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи худрави тамғаи "КАМАЗ-ХОВА" аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада пиёдагардро пахш намудааст.

Маҳмадаминов дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт: ду мусофири дигар ба беморхона интиқол ёфтанд

Ронанда Бобоев Навруз Бобоевичи сокини  32 - сола, дар шоҳроҳи Душанбе - Турсунзода, ҳангоми ба қафо ҳаракат намудан бо қисми қафои чархи мошин, пиёдагард - сокини ноҳияи Шаҳринав Пиров Нарзиқул Остонқуловичи 59 - соларо пахш кардааст.

Бархӯрди маргбор: садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ" ҷони ду кӯдак ва ронандаро гирифт

"Дар натиҷа, пиёдагард Пиров Н.О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзудааст, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
маргбор, ҳалокат, садама, ВКД ҶТ