Народные танцоры в национальных костюмах выступают во время торжеств

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон оғоз ёфтанд

117
(Таҷдидшуда 12:47 11.10.2017)
Аз 10-ум то 14-уми октябр дар шаҳри Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон баргузор мешаванд. Ҳадаф аз ин барномаро таҳкими равобити фарҳангии ду кишвари дӯсту ҳамсоя гуфтаанд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҳунармандони тоҷик имрӯз субҳ барои ширкат дар Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Узбакистон ба шаҳри Тошканд рафтанд.

Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ, ҳайъати фарҳангиву ҳунарии Тоҷикистонро, ки 44 касро дар бар мегирад, муовини вазири фарҳанги ҶТ Ибодулло Машраб раҳбарӣ мекунад.

Маросими оғози расмии барномаҳои Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбакистон 11 октябр дар Намоишсарои бузурги Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошкканд баргузор мешавад.

Ҳамзамон дар Намоишгоҳи ҳунарҳои тасвирии Узбакистон намоиши акси "Тоҷикистони  муосир" ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешавад.

Барномаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон ҳамчунин намоишгоҳи "Китобҳои Тоҷикистон" ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши ду филми ҳунарии коргардон Носир Саидов "Қиёми рӯз" ва "Муаллим"-ро дар бар мегирад.

Ҳамчунин дар чорчӯби ин барнома ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди тоҷик Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рӯзиев, Хершед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова, Дамирбек Олимов ва ансамбли овозадори «Зебо» дар назар аст.

Ёдоварӣ мекунем, ки аз 9-ум то 13-ум май дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон баргузор шуда буданд.

117
Барчаспҳо:
барномаҳои фарҳангӣ, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Тоҷикистон-Узбакистон
Мавзуъ
Пешниҳоди Узбакистон: Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистонро дар Узбакистон баргузор кунед
Ҳунарнамоии фарҳангиёни Узбакистонро дар Турсунзода 15 ҳазор кас тамошо кард
Ҳама рақсиданд: Навор аз Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон
Аз Севинч то Ғуломҷон: рақсу бозии фарҳангиёни Узбакистон дар Тоҷикистон
Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон оғоз ёфт
Узбакистон пас аз 25 сол фарҳангашро дар Тоҷикистон намоиш медиҳад
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон открыл государственный флаг Таджикистана в селе Гозион

Дар ноҳияи Шаҳринав Парчами 55-метрӣ гузошта шуд

105
(Таҷдидшуда 12:50 30.09.2020)
Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ сохта шудааст. Баландии сутунпояи парчам 55 метрро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳринав Майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисҷумҳур, масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази ноҳияи Шаҳринав сохта шудааст, 2100 метри мураббаъ буда, баландии сутунпояи ин рамзи давлатдорӣ 55 метр мебошад.

Матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 15 метр дарозӣ дорад.

Гуфта мешавад, ки майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Ҳамчунин, ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар Майдони Парчами давлатии ноҳияи Шаҳринав нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардидаанд.

Дар ин майдон ҳамчунин фаввора сохта шудааст.

Дар майдони парчам барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, он барои сайру гашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон аснои ошноӣ, бунёди Майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳринав дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ кардааст.

105
Барчаспҳо:
парчам, Эмомалӣ Раҳмон, Шаҳринав
Маросими пешвози меҳмонон, акс аз бойгонӣ

Сафари фарҳангиёну адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

125
(Таҷдидшуда 14:31 28.09.2020)
Ҳукумати вилояти Суғд аз сафари як ҳайати намояндагони илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гуруҳи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ба вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзуд, ки ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

“Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни миллатҳои тоҷику ӯзбек, тақвияти ҳамкориҳои адабӣ, илмиву фарҳангӣ миёни ду давлати дӯст арзёбӣ мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки меҳмонон давоми рӯз аз Маҷмааи фарҳангию “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи вилоятӣ, Хона — музейи Камоли Хуҷандӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки сипас, меҳмонон тибқи барномаи сафар ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе равон шуданд. 

Дар шаҳри Душанбе феълан сафари ҳайати Ӯзбекистон давом дорад.

125
Барчаспҳо:
илм, фарҳанг, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Абдулла Абдулла

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад

15
(Таҷдидшуда 12:58 30.09.2020)
Раиси Шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар дидор бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон таъкид кард, ки музокироти сулҳи байни афғонҳо ба кундӣ пеш меравад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ахиран ба Исломобод сафар карда аст, аз ҳимояти Покистон дар заминаи оташбас дар Афғонистон истиқбол зикр кард, ки  агар аз фурсати торихии пеши рӯ истифода нашавад, буҳрон дар ин кишвар шадид хоҳад шуд.

Раиси шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо қадрдонӣ аз Покистон ба хотири ташвиқи Толибон ба ширкат дар гуфтугуҳои сулҳ афзуд, ки таъмини сулҳи пойдору одилона дар Афғонистон ба сӯди ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҳамсоя мебошад.

 Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар навбати худ гуфтааст, ки сафари Абдуллоҳ равобити миёни ду кишвари Афғонистону Покистонро вориди марҳалаи тозае мекунад ва ниёз аст фасли наве дар равобити ду тараф гушуда шавад.

Вазири хориҷаи Покистон таъкид кард, ки кишвараш уҳдадор ба дахолат накардан дар умури Афғонистон аст ва аз талошҳои сулҳ пуштибонӣ мекунад, зеро Исломобод муътақид аст, ки мушкили Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва танҳо роҳ, гуфтугӯ аст.

“Набояд аз хоки Покистону Афғонистон алайҳи якдигар истифода шавад ва иродаи сиёсӣ ҳам дар ин замина вуҷуд дорад”, - гуфт Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ.

15
Барчаспҳо:
Покистон, музокирот, сулҳ, Афғонистон, Абдулло Абдулло