Праздник урожая Мехргон отметили в Душанбе

Меҳргонро дар Донишкадаи фарҳангу ҳунари Тоҷикистон ҷашн гирифтанд

25
(Таҷдидшуда 21:55 22.10.2017)
Ҳунарҷӯёни Донишкадаи фарҳангу ҳунари Тоҷикистон ҷашни Меҳргонро бо шукӯҳ баргузор карданд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳунарҷӯён барномаи консертӣ ва шеърхониву сурудсароиро намоиш дода ва дар саҳни Донишкада хӯрокҳои гуногуни тоҷикиро бо нону кулчаҳову шириниҳои гуногун пешкаши меҳмонон кардаанд.

Дар чорчӯби ин барнома ҳамчунин аз ториху пешинаи ҷашни Меҳргон ва пайванди он бо кишвардориву кишоварзӣ сухан гуфта шуд.

Чунончи, раиси Донишкада Хайриддин Идиев ёдоварӣ карда, ки "Меҳргон ҷашнест, ки  ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандиву нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукӯҳи он башорати рӯзгори босаодат аст. Тамоми ин нозу неъмат ва таҷлили бошукӯҳи идҳои ниёгон самараи Истиқлол мебошанд ва моро мебояд, ки ба қадри истиқлол — ин неъмати бузургу бебаҳо бирасем".

Ҳамчунин маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи деҳқонони кишвар низ пешниҳоди бинандагон карда шуд.

25
Барчаспҳо:
кишоварзӣ, ҷашн, Меҳргон, Донишкадаи ҳунару фарҳанги Тоҷикистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистон имрӯз Меҳргонро ҷашн мегирад