Театри опера ва балет

Фирӯз Баҳор ба Тоҷикистон омад

124
(Таҷдидшуда 09:31 30.10.2017)
Рӯзи 27 октябр композиори маъруфи тоҷик ва Иттиҳоди Шӯравӣ, Корманди шоистаи фарҳанги РСС Тоҷикистон Фируз Баҳор ба Тоҷикистон омад

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шоми 30 октябр дар театри опера ва балет намоиши балети "Мақоми ишқ"-и Фирӯз Баҳор дар назар аст.

Манбаъ меафзояд, ки худи ҳамон рӯз композитор бо донишҷўёни консерваторияи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом хоҳад дод.

Композитор рӯзи 28 октябр дар ҷамъбасти Ҷашнвораи ҷумхуриявии кӯдакон ва наврасони хунарманд "Сапеда", "Рассомони ҷавон" ва "Навозандагони ҷавон", ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор шуд, ширкат кард.

"Шоми 30 октябр дар театри мазкур намоиши балети "Мақоми ишқ"-и Фирўз Баҳор дар назар аст. Он рўз инчунин композитор бо донишҷўёни консерваторияи миллии Тоҷикистон вохўрӣ анҷом хоҳад дод", —омадааст дар хабарнома.

Рўзҳои 31 октябр ва 1 ноябр вохўрии Фирўз Баҳор бо намояндагони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, хонандагони муассисаҳои таълимии соҳаи санъат ва намоиши барномаи консертӣ дар назар аст.

124
Барчаспҳо:
намоишнома, Фирӯз Баҳор, Тоҷикистон