Таҷлили Меҳргон дар Душанбе

Тоҷикистон аз ЮНЕСКО хост Меҳргонро мероси фарҳангии башар гардонад

53
Дар ин созмони бонуфуз лоиҳаи ҷашни Меҳргон ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик ба қайд гирифта шуд ва он соли 2019 мавриди баррасӣ ва қабул қарор мегирад

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод кардааст, ки ҷашни Меҳргон ба мероси фарҳангии башар Қалъаи Ҳулбук ҳамчун мероси моддии ҷаҳонӣ ба қайд гирад.

Бино бар иттилори манбаъ, лоиҳаҳои мазкурро вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода ва ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳамоиши умумии ЮНЕСКО дар Фаронса пешниҳод кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ҳамоиши умумии ЮНЕСКО аз номи Ҳукумати ҶТ вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода сухан гуфт.

"Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз номи Ҳукумати кишвар сухан гуфта, дастовардҳои Тоҷикистонро дар давоми солҳои охир дар самти рушди илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва мақоми фаъол доштани кишвар дар масъалаи об дар ҷаҳон махсус зикр намуд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ Оши палав расман ба Феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид гардида буд.

53
Барчаспҳо:
пешниҳоди мероси фарҳангӣ, Ҷашни Меҳргон, ЮНЕСКО, Шамсиддин Орумбекзода, Тоҷикистон
Ҳаётой Муминова

Ордкашии Ҳаётой дар сарҳад ва тарки саҳнаи бузург: "ҳеҷ вақт сар хам намекунам" - видео

2832
(Таҷдидшуда 17:21 09.08.2020)
Ҳаётой Муъминова - Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дар бораи солҳои душвори 90-ум, ордкашӣ дар сарҳад ва тарки саҳнаи бузург нақл кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев дар бораи ҳаёти шахсӣ гуфт.

Ҳаётой Муъминова солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз сангинтарин рӯзҳои мардуми Тоҷикистон буданд, нахустин фарзандашро ба дунё овард. Ӯ ҳамроҳи ҳамсараш барои дарёфти қути лоямут ва рӯзгоргузарнӣ ба тиҷорат рӯ овард.

"Ман аз Худованд шукргузорӣ мекунам, ки бароям чунин марди сабур, фурӯтан ва оқил ҳадя кард", - гуфт Ҳаётой дар бораи ҳамсараш ва орзу кард, ки Худованд ба ӯ 100 сол умр диҳад.

Ҳаётой Муъминова зане ҳаст, ки дар зиндагӣ ношукрӣ ва нолиданро намеписандад.

"Агар ба ман фишор оранд ҳам, садди роҳи ман шаванд ё хоҳиши ҳамкорӣ надошта бошанд, ман ҳеҷ вақт сар хам намекунам, ман бисёр хушрӯй баромада меравам. Инкори ҳар чиз тавлиди роҳи нав аст", - бовар дорад Ҳаётой ва аз ашхосе, ки садди роҳи ӯ шуданд ва боиси тарки саҳнаи бузург гардиданд, изҳори сипос мекунад.

Ҳаётой Муъминова шаш сол дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба тиҷорат машғул буду дар ин ҷодда муваффақ ҳам шуд.

"Тӯй нест, маош нест. Як дугона доштам дар Каленин Холбӣ, дигараш Истамой. Онҳо аслан мухлисонам буданд, ман дар маъракаҳояшон хизмат карда будам. Баъд гуфтанд мебинем аҳволатон хеле вазнин, биёед ман ба шумо тиҷоратро ёд медиҳам. Баъд  ангуштарини маркиза ва як гарданбандамро фурӯхта ба тиҷорат оғоз кардам". 

Ҳамин тавр Ҳаётой рӯ ба тиҷорат овард ва ҳамроҳи ҳамсараш бозорнишин шуд. Дар тиҷорат Ҳаётой муваффақ шуд. Ӯ мегӯяд мушкилиҳо ҳам хубии худро дорад.

"Рафиқони зиёде пайдо кардем. Чор рӯз сурудхонда мерафтем Бишкек барои бор, боз сурудхонда меомадем. Мисли як оила шуда будем",- гуфт Ҳаётой.

Сароянда ҳамчунин дар бораи сахтиҳои тиҷорат нақл кард.

"Як бор гуфтанд орд камчин шудааст ва интиқоли он манъ аст, вале мо ба ин нигоҳ накарда бор мекардем. Мо то Регар бо мошини худамон ва баъд пиёда сарҳадро убур мекардем ва баъд мошинҳои Ӯзбекистон моро интизор мешуданд. Борро дар сарҳад бояд аз болои як ҷӯйбори калон мегузаронидем. Шафёр ба пушти ман бор мекард ман то ҷӯйбор мебурдам, Меҳрӣ аз ҷӯйбор гузаронид ба мошини дигар бор мекард", - нақл мекунад Ҳаётой ва меафзояд, ки агар сарҳадбонон дар чунин ҳолат онҳоро медиданд, мумкин буд парронанд ё ҷарима кунанд.

Ин кори сангинро занон ба хотири обод кардани хона ва сер кардани шиками худу кӯдакон анҷом медоданд.

Ҳаётой Муъминова мегӯяд, инсон то охирин лаҳзаи ҳаёташ барои хушбахтии худ талош мекунад ва танҳо бояд такя ба Худо кунад.

Орзу Исоев аз ошноӣ бо Ҳаётой гуфту зиндагии ӯро дабистони вафову садоқат ва сабуриву инсонпарварӣ хонд.

2832
Барчаспҳо:
ҳаёти шахсӣ, сароянда, Тоҷикистон, Душанбе
Историк Гафур Шерматов

Рӯнамоии китоби таърихнигори тоҷик дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ: видео

67
(Таҷдидшуда 11:38 08.08.2020)
Таърихнигори тоҷик Ғафур Шерматов китоби худро дар бораи аҳамияти иштироки Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Рӯнамоии китоби тозанашри таърихшинос оид ба ҶБВ дар Маркази илму фарҳанги Русия сурат гирифтааст, дар ин бора телевизиони “Мир 24”гузориш додааст.

Китоби тозанашр "Ҷанг ва Ғалаба. Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ"  унвон дошта, муаллиф барои таҳияи он панҷ сол заҳмат кашидааст.

Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

Ба гуфтаи Шерматов, тамоми саҳмҳо ва ҷангҳоеро, ки зодагони ҶШС Тоҷикистон кардаанд, дар як китоб ҷой додан номумкин аст, аммо ӯ дар матн муҳимтарин марҳилаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки ба  Тоҷикистон рабт дорад, қайд кардааст.

Аз Сталинград то Берлин: саргузашти собиқадори 112-солаи ҶБВ аз Тоҷикистон

Аксари сафҳаҳои китоб ба ҳаёти аҳолии ҷумҳурӣ дар рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд.

Дар муаррифии китоб инчунин намояндагони пойгоҳи низомии 201-и Русия ва сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ширкат варзиданд.

67
Барчаспҳо:
таърих, рӯнамоӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муҳаққиқ, Ғафур Шерматов
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе

Пулис сокини 30 - солаи Кӯлобро меҷӯяд: аз чор нафар 1.5 миллион сомонӣ гирифту ғайб зад

0
Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сокини 30 - солаи Кӯлобро меҷӯянд, ки дар фиреби 4 мард муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 11 авг – Sputnik. Аз болои сокини 30 - солаи шаҳри Кӯлоб марди 40 - сола, ки низ аз ҳамин шаҳр мебошад, ба ШВУД дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат намуд, хабар медиҳад котиботи ВУД.

Бар тибқи даъвои сокини Кӯлоб, ҷавони 30 - сола соли гузашта ба боварияш даромада аз ӯ 1 миллиону 147 ҳазору 500-сомонӣ гирифта, ғайб задааст.

Зимнан, ин ҷавон бо ҳамин тарзу усул бо роҳи фиреб ба воситаи шахси сеюм ба боварии марди 34 - солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 88 ҳазор сомониро гирифта, барнагардондаст.

Раис аз дасти коргар фиреб хурд: боздошти корманди ширкати “Афзалият-Групп” барои қаллобӣ

Инчунин ӯ бо роҳи фиреб ба воситаи марди 34 - сола ба боварии марди 32 - солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 115 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи мазкурро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.

"Боз ӯ бо роҳи фиреб ба боварии марди 30 - солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, ба воситаи ӯ аз марди 34 - солаи сокини ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Муъминобод, 234 ҳазор сомонӣ, чорвои майдаи шохдор гирифта ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки  дар маҷмӯъ номбурда ба шахсони дар боло зикршуда, маблағи умумии 1 миллиону 584 ҳазору 500  сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Манбаъ меафзояд, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 банди "б"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
қаллобӣ, пулис, ҷустуҷӯ, сокин, Кӯлоб