Кадр из клипа Мадины Акназаровой

Нашри нахустин намоҳанги Мадина Ақназарова

1269
(Таҷдидшуда 12:14 15.11.2017)
Мадина Ақназарова-овозхони опера нахустин намоҳангашро сабт ва мунташир кард

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Мадина Ақназарова нахустин намоҳангашро таҳти унвони "Ай ёр ёр" мунташир кард. Дар ин бора дар саҳифаи Facebook-и сарояндаи ҷавон хабар дода шудааст.

"Дӯстони азиз! Мехоҳам намоҳанги нахустинамро барои суруди "Ай ёр ёр", баҳратон пешкаш кунам! Мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар коркарди ин тарҳ ширкат карданд изҳори миннатдорӣ намоям! Ба ҳама ташаккури зиёд, тамошои хуш", — навиштааст Мадина дар саҳифаи Facebook-и худ.

Мадина Ақназарова овозхони ҷавони операсаро мебошад. Имсол ӯ суруди "Ай ёр ёр"-и худро нахустин бор дар консерти бузург, ки ба хотири "Соли ҷавонон" дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, пешкаши мухлисон ва ҳаводоронаш кард.

Ҳамчунин Мадина Ақназарова соли гузашта дар консерти "Хушҳолӣ муборак", ки ба муносибати 80-солагии пешвои исмоилиҳои ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ҳунарнамоӣ карда буд.

1269
Барчаспҳо:
нахустин намоҳанг, Мадина Ақназарова, Тоҷикистон