Профессор, Худоӣ Шарифов

Ёди устод Худоӣ Шарифзодаро дар Эрон гиромӣ доштанд

216
(Таҷдидшуда 13:22 18.12.2017)
Анҷумани илмии эроншиносии Донишгоҳи Теҳрон бо ҳамроҳии Бошгоҳи шоҳномапажӯҳон ва чанд анҷумани шоҳномахонии дигар ба ёд ва дар бузургдошти шодравон устод Худоӣ Шарифзода намоишгоҳи тахассусӣ дар мавзуъи "Акс ва китоб дар ҳавзаи Фирдавсӣ ва Шоҳномапажӯҳӣ" барпо кардааст

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ба гузориши вебгоҳи расмии Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, дуктур Ғуломалӣ Ҳаддод Одил, раиси ин ниҳод, паёме ба баргузоркунандагони ин намоишгоҳ ирсол кардааст.

Вай дар ин нома аз Донишгоҳи Теҳрон ва Анҷумани илмии эроншиносӣ барои баргузории маросиме ба ёди устод Худоӣ Шарифзода сипосгузорӣ кардааст.

"Номи Худоӣ Шарифзода дар муҳити пажӯҳишии адабиёти форсӣ, номе ошно ва муътабар аст. Устод Шарифзода профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илму фанни Тоҷикистон, узви Иттиҳодияи нависандагони ин кишвар ва уизви вобастаи Фарҳангистони улуми ҶТ ва дар як калом, донишманде соҳибназар ва соҳибмактаб буд", — гуфта мешавад дар ин нома.

Дуктур Ҳаддод Одил ҳамчунин осори шодравон устод Шарифзодаро "арзишманд ва мондгор" дониста, ёдоварӣ кардааст, ки "беш аз ним қарн талошҳои муассири вай дар низоми омӯзиши тахассусии адабиёт дар Тоҷикистон дархӯри арзёбӣ ва гиромидошт аст".

Устод Шарифзода даҳҳо унвон китобу ҳудуди сесад мақола таълиф кард, ки дар нашрияҳову донишномаҳои Тоҷикистон, Эрон, Русия ва дигар кишварҳо мунташир шудаанд.

Профессор, Худоӣ Шарифов
© Фото : Аз бойгонии Рамазон Назариев

Таҳияи барномаи омӯзишӣ ва таълифи китобҳои дарсӣ яке аз меҳварҳои аслии фаъолияти донишгоҳии устод Шарифзода буд. Тадриси дарсномаи назмшиносӣ, маъонӣ ва баён, сабкшиносӣ, сарчашмашиносӣ, таҳлили матни адабӣ, равиши таълими адабиёт, номанигорӣ ва дигар фаннҳои адабӣ, ба ибтикору талошӣ вай дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат гирифт.

Профессор Худоӣ Шарифзода чеҳрае матраҳ ва мондгор дар сатҳи байналмилалӣ буда ва суханрониҳои илмии бисёре дар марокизи эроншиносӣ ва тоҷикшиносии Эрон, Русия, Бритониё, Чехистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дошта аст.

Китоби "Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ" аз ҷумлаи осори Худоӣ Шарифзода аст, ки ба мабоҳиси пажӯҳишӣ дар муҳтавиёти "Шоҳнома" ва заминаи пайдоиши он ихтисос ёфтааст. Ин китоб аз тозатарин осори вай аст, ки дар соли 2015 барандаи ҷоизаи "Саъдӣ" аз Ҷумҳурии Исломии Эрон низ шуд.

Раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ дуктур Ғуломалӣ Ҳаддод Одил барои руҳи шодравон устод Худоӣ Шарифзода раҳмату мағфират орзу карда ва умедвор шудааст, ки фаъолиятҳои назир ончи устод дар ҳаёт пурбори илмии худ ба анҷом расонд, дар муҳитҳои илмӣ ва пажӯҳишии Тоҷикистон тадовум ёбад.

Вай ҳамчунин хостори густариши ҳарчи бештари иртиботи фарҳангии Эрон бо марокизи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва ҳамкории самимонатари фарҳехтагону адибони ду кишвар шудааст.  

216
Барчаспҳо:
бузургдошт, Донишгоҳи Теҳрон, Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, Ғуломалӣ Ҳаддод Одил, Худоӣ Шарифзода, Эрон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Боз як Хуршед моро тарк гуфт: дар сӯги устод Додихудо Саймиддинов
Зрители в кинотеатре

Филми "Парвонаҳо" дар Қазон ҷоиза гирифт - видео

48
(Таҷдидшуда 18:37 02.03.2021)
Филми "Парвонаҳо"-и коргардони тоҷик дар Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.

Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад. 

Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.

Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.

Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.

48
Барчаспҳо:
КИНО, Қазон, ҷоиза, коргардон, Тоҷикистон
Книга, архивное фото

"Қонуни тиб"- и Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе бознашр шуд

81
(Таҷдидшуда 17:12 02.03.2021)
Кормандони маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии Тоҷикистон “Қонуни тиб” (китоби 5) - ро тарҷума ва бознашр намуданд, ки ҷилди 16 - уми Осори Абуалӣ ибни Синоро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст.

"Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад", -  таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев. 

Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд, шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.

Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. 

Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои "Китоб - уш – шифо",  "Ҷадал", "Хитоба", "Суфастоӣ" ва "Фанни шеър" - и  Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.

Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.

81
Барчаспҳо:
китоб, қонун, Ибни Сино, Сино, Тоҷикистон
День 6 марта

Зодрӯзи Парвин Юсуфӣ ва таъсиси клуби "Реал": имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 18:04 02.03.2021)
Рӯзи шашуми март дар Ҷумҳурии Муғулистон Рӯзи матбуот ва дар Гана Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 6 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон  маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.

Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.

Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.

Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.

Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.

Рӯзи 6 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 март

  • Дар Муғулистон – Рӯзи матбуот.
  • Дар Гана – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 6 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.

Соли 1938 - шоир Одина Мирак.

Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.

Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Дона Баҳромов ва ифтитоҳи Маҷмааи тандурустии "Истиқлол": имрӯзи таърих