Соли нав. Акс аз бойгонӣ

Таҷлили ҷашни Соли нав дар ВМКБ

550
(Таҷдидшуда 11:18 07.01.2018)
Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Соли нави мелодии 2018-ро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил кардаанд

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 29 декабри соли 2017 аз тарафи ҳунармандони ансамбли "Навои Бадахшон" ва маркази фарҳангӣ — фароғатии шаҳри Хоруғ барномаи ҷолиби консертии "Чароғаки солинавии шаҳри Хоруғ" баргузор гардидааст.

"Санаи 30 декабри соли 2017 аз ҷониби гурӯҳи номбурда барномаи дигари идона дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ манзури сокинон ва меҳмонони шаҳр гардонида шуд", — омадааст дар хабарнома.

 

Аз ҷониби ҳунармандони театри вилоятӣ барои кӯдакон ва наврасони шаҳри Хоруғ барномаи солинавии "Шамолак" рӯи саҳна омадааст, ки он аз ҷониби тамошобинони хурдсол бо шавқу завқи беандоза пазироӣ гардидааст.

Ҳамчунин, хонандагон ва омӯзгорони мактаби санъати шаҳри Хоруғ низ чун тӯҳфаи идона барои кӯдакон ва наврасони шаҳр барномаи солинавии худро пешкаш намудаанд.

Гӯшаи китобҳо ва намоиши китобӣ, ки аз тарафи китобхонаҳои вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ барои толибилмони мактабҳои шаҳри Хоруғ ба маъраз гузошта шуда будаанд.

550
Барчаспҳо:
таҷлил, Соли нав, ВМКБ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
Мавзуъ
Соли нав аз нигоҳи сагу гурба
Навори паёми раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Соли нав
Шаҳрвандони Узбакистон дар Соли нав 5 рӯз истироҳат мекунанд
Сценарист и кинорежиссер Искандар Усмонов

Искандар Усмонов дар Теҳрон ҷоиза гирифт

77
(Таҷдидшуда 19:45 28.11.2020)
Коргардон ва драматурги тоҷик Искандар Усмонов дар як Ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар шаҳри Теҳрон соҳиби ҷоиза гардид

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Теҳрон маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои "Муқовимат" баргузор гардид, хабар медиҳад рӯзномаи Вечёрка.

Маросими мазкур санаи 23 ноябр баргузор гардид ва як намояндаи Тоҷикистон низ сазовори ҷоиза гашт.

Манбаъ меафзояд, муаллифи сенарияи филми "Дар марз", коргардон ва драматурги тоҷик Искандар Усмонов бо ҷоизаи "Сенарияи беҳтарини филми ҳунарии кутоҳмуддат" мукофотонида шуд.

Филм дар ҳамкорӣ бо коргардони қирғиз Тинчтик Абилқосимов дар "Киргизфилм" ба навор гирифта шудааст.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Қаҳрамонони филми "Дар марз" бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ ҳарф мезананд. Филм дар асоси саргузашти сокини солхӯрдаи як деҳаи Тоҷикистон, ки барои дидорбинии хешовандонаш ба деҳаи Қирғизистон меравад, таҳия шудааст.

Тавре коргардони тоҷик гуфт, филм 10 рӯз дар минтақаи Ботканди Қирғизистон ба навор гирифта шудааст.

Соли гузашта филми "Дар марз" дар озмуни байналмилалӣ дар VII Форуми филми ҷавони кишварҳои ИДМ "Умут" дар бахши "Мубрамияти ғоя" пирӯз шуда буд.

77
Поэт Тимур Зульфикаров

Маросими ҷоизасупории "Ситораи Иттиҳод" баргузор шуд: яке аз барандаҳо - Зулфиқоров

65
(Таҷдидшуда 14:51 28.11.2020)
Маросими супоридани ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” имсол тариқи онлайн баргузор шуда, яке аз барандаҳои он Тимур Зулфиқоров, нависандаи тоҷик мебошад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” барои саҳм дар рушди фарҳангу китобхонӣ эъто мешавад.  Ҷоизаи мазкур, ки аз ҷониби Бунёди байнидавлатии  ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ таъсис дода шудааст,  имсол тариқи онлайн супорида шуд, хабар додааст ТАСС.

Яке аз барандаҳои он Тимур Зулфиқоров, шоиру нависандаи русзабони тоҷик мебошад.

Барандаҳои “Ситораи Иттиҳод” соҳиби диплом, нишони рамзӣ ва ду миллион рубл мешаванд.

Дар баробари Зулфиқоров ба феҳрасти барандагони ҷоиза инчунин чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг аз кишварҳои ИДМ – Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Молдова шомил гардиданд.

Аз ҷумла ҷоизаи мазкурро нависандаи шинохта аз Русия, Гузел Яхина, муаллифи романи “Зулайхо чашм мекушояд” соҳиб гардидааст. Фаррух Зокиров, овозхону оҳангсоози шинохтаи ӯзбек, роҳбари гуруҳи “Ялла” низ барандаи ҷоиза шуд.

Ҷоизаи мазкур ҳамасола дар се бахш – илму маориф, фарҳангу санъат ва фаъолияти гуманитарӣ тақдим карда мешавад.

Имсол тариқи онлайн инчунин ҷоизаи “Иттиҳоди падидаҳо”, ки ба мутахассисони ҷавон тақдим мегардад, ба тарроҳи ҷавон аз Тоҷикистон, Муҳаммадносир Абдуллоев супорида шуд.

65
Барчаспҳо:
ба таври онлайн, ҷоиза, ИДМ

Дар Хатлон 941 иншооти тандурустӣ бунёду навсозӣ мешавад

0
(Таҷдидшуда 20:57 28.11.2020)
Дар вилояти Хатлон бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бунёди 941 иншооти тандурустӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Хатлон 532 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Манбаъ аз қавли шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, то ҷашни Истиқлол дар вилоят бунёду навсозии 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки наздики 70 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

“Аз ҷумла, 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона дар хизмати аҳолӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки айни ҳол сохтмони иншооти калонҳаҷм, аз қабили бинои Маркази перинаталӣ ва Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳа бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбист.

Инчунин, дар деҳот сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ идома дорад.

Нашрия зикр намудааст, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 115 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 41 муассисаи амбулаторию госпиталӣ фаъолият менамоянд.

0
Барчаспҳо:
сохтмон, Тоҷикистон