Аслишо Акимбеков

Аслишо Акимбеков дар Наврӯз овозхонони Қафқозро ба Душанбе мебарад

607
(Таҷдидшуда 17:44 05.03.2018)
Аслишо Акимбеков ҳунарманд ва муҷрии барномаҳои фарҳангӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи тарҳи нави худ гуфт

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Аслишо Акимбеков дар Маскав дар якҷоягӣ бо лейбли мусиқавии Kema music тарҳи наверо рӯи кор овардааст.

Ин тарҳи ҷадиди Акимбеков, баргузор кардани барномаҳои фарҳангиро дар миқёси кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар назар дорад.

"Ин тарҳ дар якҷоягӣ бо лейбли мусиқавии Kema music, ки бо овозхононе чун Элбурс Ҷонмирзоев, TURAL EVEREST ва ATESH сару кор дорад, роҳандозӣ шудааст", —гуфт Аслишо Акимбеков дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Нахустин барномаи консертие, ки Аслишо Акимбеков дар чорчӯби тарҳи нави худ баргузор мекунад, рӯзи 9 март бо ширкати ҳунармандони манотиқи Қафқоз ва Русия, ба назар гирифта шудааст.

"Дар ин консерт мо беш аз ду ҳазор тамошобинро интизорем, чун худи барнома дар яке аз толорҳои марказии шаҳри Маскав, Известия холл баргузор мешаваду дар он ҳашт овозхон ҳунарнамоӣ мекунад"-, гуфт Акимбеков.

Дар баробари ин ба гуфти Аслишо Акимбеков дар ҳоли ҳозир ӯ  бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав, барои таҷлили Наврӯз омодагӣ мебинад.

"Рӯзи 21 март ман овозхонони Қафқоз-Самир Ганҷиев ва Archi-M-ро ба тамошобинони Душанбе муаррифӣ хоҳам кард", — хабар дод Аслишо.

Дар оянда Аслишо Акимбеков баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва консертҳои зиёдеро дар миқёси кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назар дорад.

607
Барчаспҳо:
тарҳи нав, Аслишо Акимбеков, Русия
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)