Ҷӯрабек Муродов низ дар консерти ҳунармандони Тоҷикистону Узбакистон ширкат мекунад

© Фото : JM CompanyДжурабек Муродов и Шерал Джураев, архивное фото
Джурабек Муродов и Шерал Джураев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беш аз сад ҳунарпешаҳои Узбакистон аз ҷумла Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев, Озодбек Назарбеков ва раққосаҳову мусиқинавозон аллакай ба Душанбе расиданд. Ҳоло ҳунармандони тоҷику узбак барои ҳунарнамоӣ дар барномаи "Шоми дӯстӣ" якҷоя тамрин мекунанд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷӯрабек Муродов низ дар консерти "Шоми дӯстӣ", ки рӯзи 9 март бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Узбакистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар маҷмааи "Кохи Борбад" доир мегардад, иштирок мекунад.

Пештар хабар дода шуд, ки беш аз 100 ҳунарманди Узбакистон барои ширкат дар ин барнома ба Душанбе расиданд. Ҳайъати Узбакистонро дар ин консерт машҳуртарин ҳунармандони кишвар аз ҷумла Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев, Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров ва мусиқинавозону раққосон намояндагӣ хоҳанд кард.

Джурабек Муродов и Шерали Чураев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷӯрабек Муродов: Шералӣ Ҷӯраев шахсан ба Тоҷикистон омада, истиқлолро табрик гуфта буд

Ҷониби Тоҷикистонро бошад, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷурабек Муродов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, инчунин Рустам Дуллоев, Нигина Амонқулова, ҳунармандони ансамбли давлатии "Шашмақом" ва дигарон намояндагӣ хоҳанд кард.

Консерти "Шоми дӯстӣ" дар ҳошияи сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон шоми 9 мерт дар "Кохи Борбад" баргузор мешавад.

Пештар аз Вазорати фарҳанги ҶТ ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки рӯйхати ҳунармандоне, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ин барнома ширкат мекунанд, ҳоло тадиқ нашудааст. 

Ёдрас мешавем, президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев моҳҳои августи соли гузашта дар як суханрониаш назди зиёиёони Узбакистон ҳунарнамоии Ҷӯрабек Муродовро васф карда буд.

Худи устод Ҷӯрабек Муродов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки  тайи се рӯз ба хотири бузургдошти ҳунарманди машҳур Комилҷон Отаниёзов ба Узбакистон сафар дошт.

Дар пайи ин сафар ҳунарманд мардуми ҳамсоякишварро аз номи мардуми тоҷик ба муносибати ҷашни 100-солагии ҳунарпешаи машҳур Комилҷон Отаниёзов  муборакбод гуфт ва ҳамзамон дар ҳисоби ҳунармандони машҳури узбакистонӣ ҳунарнамоӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0