"Занони барҷастаи Тоҷикистон"-ифтитоҳи осорхонаи нав дар Душанбе

© SputnikНациональный музей Таджикистана провел акцию "Ночь в музее"
Национальный музей Таджикистана провел акцию Ночь в музее - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Музейи "занони барҷастаи Тоҷикистон", ки дар он ба кору зиндагии маъруфтарин занони Тоҷикистон мепардозад барои нахустин бор дар Душанеб оғоз ба кор кард

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Ба гузориши "Парстудэй", ин музей тайи маросиме бахшида ба рӯзи модар дар бинои музейи мардумшиносии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Дар ин маросим Фарҳоди Раҳимӣ-раиси академияи улуми Тоҷикистон хитоб ба ҳамаи занони кишвар рӯзи модарро табрик гуфт ва таъкид кард: Занон дар гузашта ва ҳол саҳми бузурге дар рушд ва тавсеаи Тоҷикистон дошта ва доранд.

Ҷойгоҳи занон дар ҷомеаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Ҷойгоҳи занон дар ҷомеаи Тоҷикистон

Илнура Қосимова духтари Муқадара Рустамова, ки музейи "занони барҷастаи Тоҷикистон" ба номи ӯ номгузорӣ шудааст бо ишора ба саҳми модари худ дар шаклгирии ин музей гуфт модари ман ки солҳои зиёде ба унвони муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон фаолият кард бештари осори ин музейро ҷамъоварӣ кардааст.

Вай афзуд: Тақрибан тамоми заноне ки дар мавриди онҳо дар ин музей сухан гуфта мешавад монанди аввалин омӯзгори зан, аввалин зани табиб, аввалин зани ҳунарманд ва… дар заминаи фаолияти худ аввалин ва беҳтарин ҳастанд.

Ин музей зиндагии занони маъруфи Тоҷикистонро тайи қарни бистум ва бисту якум пушиш медиҳад.

 

Лентаи хабарҳо
0