Певцы Джурабек Муродов и Шерали Джураев

"Замон, замони мост": таронаи муштараки Муродов ва Ҷӯраев толорро ба по хезонд (НАВОР)

2380
(Таҷдидшуда 10:10 10.03.2018)
Суруди "Замон, замони мост" (Замон бизники) тоҷикиву узбакӣ садо дод. Аҳли толор, аз ҷумла сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ҷой бархоста то анҷоми тарона қарсак заданд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Рӯзи гузашта, 9 март дар "Кохи Борбад" бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистону Узбакистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, ҳамчунин ҳайъати Узбакистон ва зиёиёни тоҷик консерти "Шоми дӯстӣ" баргузор шуд.

Дар барнома устодони ҳунари Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат карданд. Дар оғоз раисҷумҳурони ду кишвар суханронӣ карда, ҳар ду ҳам аз дӯстии мутафаккирон Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ёдовар шуданд.

Дар консерт ҷониби Узбакистонро ҳунармандони маъруф Озодбек Назарбеков (бо суруди тоҷикӣ), Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев, Фаррух Зокиров ва дигарон намояндагӣ карданд. Аз ҷониби Тоҷикистон ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов, Мадина Ақназарова ва ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, ансамбли "Шашмақом" ва дигарон баромад карданд.

Таронаи "Замон, замони мост" (Замон биздики)-ро Шералӣ Ҷӯраев ва Ҷӯрабек Муродов бо ду забон иҷро карданд. Ба истиқболи ин тарона ва ду ҳунарманди дӯст тамоми толор аз ҷой хеста кафкӯбӣ карданд.

То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун,

Расми хуби узбаконро гум макун.

Замон замон — бизнинг замон, даврон бизники,

Қӯлимизда йеру осмон, имкон бизникӣ.

Замон, замон- замони мо, даврон аз они мост,

Замин осмон дар дасти мо, имкон аз они мост.

2380
Барчаспҳо:
тарона, дӯстӣ, Ҷӯрабек Муродов, Шералӣ Ҷӯраев, Узбакистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (18)
Министр культуры Таджикистана Зульфия Давлатзода

Ҳамдардии вазири фарҳанг бо хонаводаи Амонулло Қодиров

228
(Таҷдидшуда 19:02 02.07.2020)
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Фарҳангиёни Тоҷикистон ба аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори таслият кард, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳанги кишвар аз даргузашти собиқадори соҳаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амон Қодиров андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамоянд", - омадааст дар номаи таслият.

Ёдрас мешавем, ки Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, рӯзи 28 июн дар шаҳри Душанбе дар синни 75-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Амонулло Қодиров 10 июни соли 1945 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омада, соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ) ва соли 1971 Институти давлатии санъати театрии ба номи А.Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Ӯ қариб тамоми умр дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарнамоӣ карда, соли 1982 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1994 соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.

Қодиров бо даҳҳо нақшаш дар театр ва синамои тоҷик, бахусус бо нақши Ҳодӣ дар дуэти Шодию Ҳодӣ ҳамроҳ бо Шодӣ Солеҳов дар ёдҳо мемонад.

"Дар ҳаҷв доди ҳунарро медиҳад. Ҳарчанд образҳои лирикӣ, драмавӣ, фоҷиавиро низ бо маҳорати баланд иҷро мекунад, ҳолати рӯҳию дунёи ботинии қаҳрамононашро ҳамаҷониба мекушояд. Тамошогарон ба истеъдодаш дар беш аз шаст спектакли театр, аз қабили «Дон Жуан», «Умри ҷовид», «Латифаҳои деҳот», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Робиаи Балхӣ», «Умед», «Табиби зӯракӣ» баҳои баланд додаанд", - омадааст дар маълумоти Википедия.

Амонулло Қодиров ҳамчунин дар филмҳои «Субҳи Ганг», «Достони Сиёвуш», «Ҳафт арӯси дуздидашуда», «Аспҳо дар моҳтобшаб», «Хоби хирси сафед» ва дар чандин намоишномаи телевизионӣ нақшҳои мондагор офарида, дар дубляжи даҳҳо филм ба забони тоҷикӣ низ иштирок кардааст.

228
Барчаспҳо:
вазир, Вазорати фарҳанги ҶТ, ҳамдардӣ, ҳунарпеша, Тоҷикистон
Эйфелева башня в Париже.

Коронавирус сабаб шуд: санаи баргузории намоиши Осорхонаи миллӣ дар Париж тағйир ёфт

97
(Таҷдидшуда 17:19 30.06.2020)
Қарор буд намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимейи шаҳри Парижи Фаронса рӯзи 14 октябри соли равон баргузор мешуд, аммо ба далели густариши вируси корона ин намоишгоҳ соли 2021 баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ахиран бо дархости сафорати Фаронса дар Тоҷикистон мулоқоти вазири фарҳанг бо сафири он кишвар хонум Ясмин Гуедар баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанги кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Фаронса ва махсусан баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимейи шаҳри Парижи Фаронса таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки моҳи октябри соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, мавриди муҳокима қарор гирифт.

“Вобаста ба вазъи сартосарии бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон ва бо сабаби он, ки то ҳол дар Фаронса ҳолати эпидемиологӣ ба эътидол наомадааст ва баргузории чунин чорабиниҳои оммавӣ бо ҷалби меҳмонону сайёҳон манъ мебошад, директори Осорхонаи Гимейи шаҳри Париж пешниҳод намудааст, ки баргузории Намоишгоҳи мазкур дар моҳҳои аввали баҳори соли 2021 ба нақша гирифта шавад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки тибқи консепсияи тарҳрезишудаи Намоишгоҳи байналмилалии нигораҳои таърихии Тоҷикистон бо шумули барномаи фарҳангӣ дар Фаронса, як қатор корҳои ташкилӣ - тадорукотӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ иҷро гардида, тадбирандешӣ дар ин самт идома дорад.

97
Барчаспҳо:
намоиш, тағйир, вирус, осорхона, Париж, Тоҷикистон

Омори сирояту шифоёбӣ аз COVID - 19 дар моҳи июн

0
(Таҷдидшуда 21:01 02.07.2020)
Омори гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавируси навъи COVID - 19 дар моҳи июнро аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи июн
© Sputnik /

Тибқи додаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳи июн дар Тоҷикистон 2024 нафар ба коронавирус сироя 2564 нафар аз ин беморӣ шифо ёфт ва 5 кас ҷони худро аз даст дод.

Дар умум бино бар омори Вазорати беҳдошти кишвар аз 30 апрели соли равон то 30 июн дар Тоҷикистон 5954 кас гирифтори коронавирус шуда, 4568 нафар шифо ёфтанд ва 52 кас қурбони ин вабои аср гардиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ чораҳоеро дар моҳи май роҳандозӣ карда буд, ки бархе аз онҳо бардошта шуданд ва баъзеи дигар ҳамоно фаъол боқӣ мемонанд.

Ҳамин тавр, боғчаҳо ва мактабҳо то 18 август баста буда, донишҷӯён пеш аз муҳлат ба таътил фиристода шуданд. Дар кишвар пӯшидани ниқоб ҳатмӣ буда, масҷидҳо баста шуда, намози дастаҷамъома манъ шуд.

Кадом маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон бардошта шуданд

Равуо миёни вилоятҳо ва навоҳии кишвар озод шуд. Баргузории маросими дафн иҷоза дода шуд.

Аз 15 июн дар шаҳри Душанбе фаъолияти бозорҳои либоса, марказҳои савдо, кинотеатрҳо, театрҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн оғоз шуд.

Баргузории маросими арӯсӣ иҷоза дода шуд: бо ширкати на бештар аз 100 меҳмон, пӯшидани ҳатмии ниқоб, дастпӯш ва санҷиши ҳарорати бадан.

Бозии футбол бидуни тамошобин иҷоза дода шуд.

Аз 25 июн барои бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз Русия ба Тоҷикистон парвозҳои махсус роҳандозӣ шуд. То имрӯз беш аз 600 шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан бозгардонида шуданд.

0
Барчаспҳо:
омор, вируси нав, Тоҷикистон