Наврӯз дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия

Cафири Русия ва донишҷӯёни тоҷик Наврӯзро пешвоз гирифтанд

59
(Таҷдидшуда 17:17 21.03.2018)
Донишҷӯёни тоҷик барномаи консертии зебоеро бо шумули суруд ва рақсҳои миллӣ, омода кардаанд. Ҳар як факултаи РТСУ мизи ҷашнии худро ороста буд

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лягин-Фролов ва донишҷӯёни тоҷик Наврӯзро пешвоз гирифтанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии сафорати Русия дар Тоҷикистон.

"Рӯзи сешанбе, 20 март сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар таҷлили ҷашни Наврӯз, ки дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат кард", - гуфта мешавад дар хабарнома.

Лякин-Фролов мутахассисони ояндаро бо фарорасии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба эшон некӣ ва бурдборӣ орзу кардааст.

Сафир ба тамоми донишҷӯён ва муаллимоне, ки дар интихоботи раисҷумҳури Русия ширкат доштанд, миннатдорӣ кардааст.

Раиси Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар навбати худ ёддовар шуд, ки Наврӯз — ҷашни тозагии ҷисмӣ ва рӯҳӣ, шодиву сурур аст, ва ҳозиринро даъват кард то нисбат ба ҳамдигар меҳрубону мушфиқ бошанду, ба қадри якдигар бирасанд.

Донишҷӯён барномаи консертии зебоеро бо шумули суруд ва рақсҳои мухталифи миллӣ омода сохтанд. Ҳар як факултаи РТСУ мизи ҷашнии наврӯзии худро ороста буд, ки бар рӯи онҳо оина, шамъ ва ҳафт маҳсул гузошта шуда буд.

Дар ин рӯз донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ҳам Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Хонандагони литсей ва мактаби №8 низ дар ин чорабинӣ иштироки фаъолона карданд.

59
Барчаспҳо:
таҷлили Наврӯз, Игор Лякин-Фролов, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)