ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Чанде пеш дар шаҳри Истаравшан бо қарори раиси шаҳр муассисиаи давлатии "Маркази наврасон ва ҷавонон" таъсис дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдорӣ.
Бино бар иттилои манбаъ, маркази дар заминаи собиқ Қасри маориф ва фарҳанг ба номи Раҳмон Маҳмудов ифтитоҳ шудааст.
"Маркази наврасон ва ҷавонон" аз 2 ошиёна ва 23 утоқ иборат буда, барои ташкили курсҳои омӯзишии адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, қаннодӣ, рӯзғордорӣ мувофиқ гардонида шудааст",- омадааст дар иттилои манбаъ.
Афзун бар ин, дар "Маркази наврасон ва ҷавонон" утоқи корӣ барои фаълияти филилали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, толори калони фарҳангӣ, толори баргузории конфронс, толори "Хонаи кино", толори мусиқисароӣ, китобхона ва қайҳвахона ҷой дода шудааст.
Манбаъ меафзояд, шумораи умумии ҷавонон дар шаҳри Истаравшан беш аз 98 ҳазор нафар буда, ифтитоҳи маркази мазкур барои ҷалби наврасону ҷавонон шаҳр ба корҳои ҷамъиятӣ, омӯзиши забонҳо, касбу ҳунар ва пешгирии амалҳои номатлуб байни наврасону ҷавонони шаҳр мусоидат менамояд.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ дар мавриди иҷозати фаъолияти масҷидҳо ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст, хабар дод Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон.
Ӯ афзуд, ки бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъ ва ба эътибор гирифтани таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, инчунин дархости зиёди ҳамватанон, Кумитаи дин барои фаъоолияти масоҷид ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод ироа намудааст. Афшин Муқим таъкид кардааст, ки феълан интизори тасмими Ситоданд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмии пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи қариб 10 рӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Ахиран хабар дода шуд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Шӯрои уламои Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми омодагиҳоро барои боз кардани масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъро рӯи даст гиранд.
“Агар як вазъи дигари хос пеш наояд, омодагиҳо барои боз кардани масҷидҳо аз 1 феврали соли равон бояд гирифта шаванд”, - гуфт манбаъ.
Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.
Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.
Азбаски ин тасмим қабл аз моҳи шарифи Рамазон гирифта шуд, баргузории намози таровеҳ ва ҳатто намозу идгардаки моҳи Рамазон низ манъ шуд.
Дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳудуди 10 рӯзи охир эълон медорад, ки ягон мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” дар кишвар расман сабт нашуда, ягон нафар ҳам дар шифохонаҳои ин кишвар бо ин ташхис бистарӣ нест ва ин вазъ роҳро барои боз кардани дари масҷидҳо боз кардааст.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳунарманди халқии Тоҷикистони Шуравӣ, актёр ва коргардон Ҳабибулло Абдуразоқов аз даргузашт. Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷикро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд.
Ӯ рӯзи 19-уми январ дар синни 84-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик пас аз марги худ як силсила филмҳоеро боқӣ мондааст, ки миёни тамошобинон маҳбубияти зиёде дошт. Ин филмҳо ба фонди тиллоии киноматографи Иттиҳоди Шуравӣ ва тоҷик дохил шудаанд.
Sputnik Тоҷикистон наворҳои беҳтарин нақшҳои Ҳабибулло Абдуразоқовро ҷамъ овардааст.
Дар филме, ки аз рӯи асари нависандаи тоҷик Садриддин Айнӣ "Марги судхӯр", ки соли 1966 ба навор гирифта шуда буд, Абдуразоқов яке аз нақшҳои асосӣ – Баҳриддинро бозӣ кард.
Маҳз ҳамин нақш дар филми коргардон Тоҳир Собиров ба Абдуразоқов шӯҳрати овард ва пас аз ин филм дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат пайдо кард.
Дар филм дар бораи Қори ишкамба инчунин Зоҳир Дусматов, Ато Муҳамаҷонов, Абдураҳим Кудусов, Сановбар Бақаева, Алигер Хоҷаев ва дигар ҳунармандони тоҷик нақш офаридаанд.
Дар ин филме, ки соли 1973 рӯи саҳна баромад Ҳабибулло Абдуразоқов яке аз нақҳои асосиро бозӣ кардааст.
Филми аз чанд қисмат иборат буд, дар бораи сарнавишти чаҳор нафар: Ҳайдар (Абдуразоқов), Давлят, Наим ва Гулшани зебо, ки дар деҳаи кӯҳистони Тоҷикистон ба дунё оаданд, нақл мекунад.
Ин филм дар бораи дӯстист, ки бо дар зиндагӣ имтиҳонҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад.
Тибқи нақша, дӯстон Гулшанро, ки Давлат дусташ медорад аз арусӣ бо як шавҳари сарватманд наҷот медиҳад, ва ӯро ба самти шаҳр мебаранд.
Дар соли 1976, Ҳабибулло Абдуразоқов боз дар як филми дустдоштаи мардуми тоҷик нақш бозӣ кард. Ӯ дар филме, ки аз рӯи асари "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ филмбардорӣ шудааст, нақш офарид.
Ин филм аз сӯи коргардон Борис Кимягаров таҳия шуд ва то ҳол миёни мардуми тоҷик маҳбубияти зиёд дорад.
Филми шашқисматии соли 1985 "Ҷура - шикорчӣ аз Мин-Архар" -ро чандин насли тамошобинони Тоҷикистон тамошо карданд.
Дар ин филм Абдуразоқов нақши Юсуф яке аз босмачиёни қурбаширо бозӣ кардааст.
Тибқи нақшаи филм, сардори қочоқчиён ва Босмачиён, ҳамчунин шарики ҷосусони Бритониё, кӯшиш мекунад ба истиқрори ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон халал расонад.
Абдуразоқов дар хотири мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ боз бо бозии як нақши дигар мондааст - сардори қатор Саидов дар филми детективии “Қатори иловагӣ ба роҳи дувум мерасад”. Ин филм соли 1986 рӯи саҳна баромад ва коргардонҳои он Валерий Аҳадов ва Сайидо Қурбонов буданд.
Тибқи нақшаи филм дар қатори Душанбе-Маскав ҷасади яке аз мусофирон пайдо мешавад.
Кофтукоби ҷинояткор, ки дар дохили қатор аст бар души майори милитсия Денисов ва капитани милисаи тоҷик Қурбонов гузошта мешавад.
ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Овозхони Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Отаҷонов дар сафҳаи Инстаграми худ дар бораи таъсиси як ҳизби сиёсӣ ва мубориза барои мансаби сарвари давлат ба мухлисон эълони ғайриинтизор кард.
View this post on Instagram
Дар паёми нави видеоӣ ба Отаҷонов ба ҳаводоронаш гуфт, ки ният дорад дар интихоботи навбатӣ ба курсии президенти Узбакистон номзад шавад.
Аллакай маълум аст, ки омодагӣ ба як рӯйдоди муҳими сиёсӣ моҳи марти соли 2021 оғоз хоҳад ёфт.
Илова бар ин, сарояндаи собиқ нақл кард, ки чаро тасмим гирифтааст ҳаёташро дигар кунад ва ба сиёсат равад.
Дар тасмими худ Отаҷонов аз он далолат мекунад, ки мехоҳад ватани худро рушд диҳад ва ин изҳорот набояд ҳамчун киноя аз бесамарии президенти кунунӣ дониста шавад.
"Ман мардумро обод хоҳам кард. Албатта, бо ин изҳорот ба "сарвари кунунӣ" ҳеҷ гуна "даъво" намекунам ва ҳақ надорам. Онҳо низ бо тамоми қувваашон талош мекунанд. Барори кор",- гуфт ва овозхон ва таъкид кард, ки ин видео шӯхӣ набуда, як изҳороти ҷиддист.
Дар ҳамин ҳол, Отаҷонов афзуд, ки ҳоло дар хориҷа дар рухсатии оилавӣ қарор дорад ва баробари бозгашт ба Тошканд, ба таблиғи номзадӣ шурӯъ мекунад.
Ӯзбекистониҳоро овозаҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум ба таҳлука андохт
Дар ин миён овозхони собиқ ба мардуми Ӯзбекистон барори кор ва дар интихоботи соли 2021 - "ҷонибдорони оқилу тавонмандро" орзу кард.