Саҳна, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистониён имсол Ваҳдати миллиро дар Конибодом таҷлил мекунанд

66
(Таҷдидшуда 17:13 12.04.2018)
Муовини якуми Вазири фарҳанг Ибодулло Машраб аз таҷлили ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом ва Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сухан ронда, зикр намуд, ки аҳли ҳунар бояд барои барномаҳои фарҳангӣ суруду оҳангҳои нав пешниҳод намоянд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тантанаҳои асосии ҷашни Ваҳдати миллӣ имсол дар шаҳри Конибодом баргузор мешаванд. Дар ин бора масъулини Вазорати фарҳанг дар ҷаласаи васеи вазорат хабар доданд.

"Муовини якуми Вазири фарҳанг Ибодулло Машраб аз чорабиниҳои фарҳангии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявии соли 2018, аз ҷумла таҷлили ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом ва Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сухан ронда, зикр намуд, ки аҳли ҳунар бояд барои барномаҳои фарҳангӣ суруду оҳангҳои нав пешниҳод намоянд",- гузориш медиҳад дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ.

Дар ҷаласа  Шамсиддин Орумбекзода- вазири фарҳанг, муовини якуми вай Ибодулло Машраб, роҳбарони муассисаҳои театриву консертӣ ва ансамблҳову оркестрҳо иштирок намуда, онҳо рафти омодагӣ ба чорабиниҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявиро баррасӣ карднд.

Вазири фарҳанг таъкид доштааст, ки аҳли ҳунар ба баргузории маросимҳои фарҳангии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай омодагӣ мебинанд.

"Қаблан ба муассисаҳои театрию консертӣ супориш дода шуда буд, ки рақсҳои миллӣ ва сурудҳо бо забони кишварҳои иштирокчии ҷаласаи мазкурро таҳия намоянд",- афзудааст вазир.

Ёдрас мешавем, дар ҳамин ҷаласа масъулини вазорат хабар доданд, ки дар рафти сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон як барномаи дигари Шоми дӯстӣ баргузор мешавад.

66
Барчаспҳо:
ҷашн, таҷлил, вазорати фарҳанг, Конибодом, Тоҷикистон