Манижа Сангин дар Москва

Манижа Сангин дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад

60
(Таҷдидшуда 17:10 13.04.2018)
Манижа-овозхони номдори тоҷиктабори Русая дар консерти баҳориаш албоми навашро пешниҳод мекунад

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Манижа Сангин-овозхони тоҷиктабори Русия ба наздикӣ дар Маскав консерти баҳоронаи худро  дар толори консертии "Дома союзов" ба мухлисонаш мешниҳод мекунад.

Дар ин шом овозхони номдор албоми тозаи худро бо номи #ЯIAМ иҷро мекунад. Ҳунарманд гуфтааст, албатта нақша дорад, ки сурудҳои машҳурашро ҳам тақдими мухлисон мекунад.
Ёдрас мешавем, ки охирҳои моҳи октбр бори аввал Манижа дар ҳамин толор ба мухлисони москвагиаш консерти худро пешниҳод карда буд.

Ба консерти Манижа Сангин ҷавонони Маскав, ки дар шабакаҳои Instagram ва Facebook эҷодиёт ва зиндагии овозхони дӯстдоштаи худро пайгирӣ мекунанд, омада буданд.

Ногуфта намонад, ки Манижа яке аз камтарин овозхононе ҳаст, ки аз технологияҳои замонавӣ дар омода кардани намоҳанг истифода мекунаду дар саҳифаи Instagram-аш беш аз 250 ҳазор аъзо дорад.

60
Барчаспҳо:
ҳунарнамоӣ, Манижа Сангин, Маскав, Русия