Намоишгоҳи Олим Камолов ва духтараш

Дар Душанбе асарҳои Олим Камолов ва духтарашро ба намоиш гузоштанд

50
(Таҷдидшуда 20:17 21.04.2018)
Дар ин намоиш беш аз 30 асари минётурии рассоми шинохта ва духтари ӯ, ки шогирди аввалинаш аст, ба маърази тамошо гузошта шудаанд

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ифтитоҳи намоиши асарҳои минётурии рассоми шинохтаи тоҷик, устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Олим Камолов ва духтари ӯ Бону Камолова баргузор шудааст.

Дар намоиш зиёда аз 30 асари минётурии рассоми шинохта ва духтари ӯ, ки шогирди аввалинаш аст, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар дар бораи аҳамияти фарҳангу санъат дар ҳаёти маънавии инсоният ва таърихи санъати тасвирии минётурии тоҷикон маълумоти муфассал додааст. Ба гуфти ӯ  Камолиддини Беҳзод — барҷастатарин рассоми тоҷик барои шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудани ин намуди санъат ва рушди он саҳми беандоза дорад. 

"Олим Камолов, ки зиёда аз 20 сол инҷониб бо санъати минётурӣ машғул аст ва осори Камолиддини Беҳзодро меомӯзад, барои аз нав эҳё намудани ин намуди санъати тасвирӣ хизмати беандоза кардааст" — гуфтааст Гуедар.

Меҳмонон, ки намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ВАО ва ҳаводорони санъати тасвирӣ буданд, тавонистанд, ки аз осори Олим Камолов ва Бону Камолова баҳраи 

Намоиши асарҳои минётурии Олим Камолов ва Бону Камолова дар қароргоҳи сафорати Фаронса дар Тоҷикистон барои мухлисону ҳаводорон тӯли як моҳ боз хоҳад буд.

50
Барчаспҳо:
Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, Олим Камолов, Душанбе, Тоҷикистон
Зрители в кинотеатре

Дар ноҳияи Спитамен кинотеатри замонавӣ сохта мешавад

23
(Таҷдидшуда 15:26 03.08.2020)
Бино аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Аҳмадзода сараввал дар Ҷамоати шаҳраки Навкат бо ҷараёни сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ ошно шудааст.

"Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кооперативи “Гулрез” сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои сохташаванда тибқи лоиҳа аз 7 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он кинотеатри замонавӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дар ошёнаҳои боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Мувофиқи харҷномаи пешакӣ арзиши умумии сохтмон зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил мекунад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Книал” бар дӯш дорад.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо додааст.

23
Барчаспҳо:
рушду ободонӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Спитамен
Джурабек Муродов

Ҷӯрабек Муродов аз се падараш, дӯстӣ бо бузургону сӯхтор дар осорхона: сахт гиристам-видео

1712
(Таҷдидшуда 16:30 02.08.2020)
Сафҳаи фейсбукии Осорхонаи Ҷурабек Муродов, ба нашри наворҳое оғоз кардааст, ки дар он устоди санъат аз дастовардҳои ҳунариву шиносоияш бо нухбагони фарҳехтаи миллат қисса мекунад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik.  Дар шарҳи наворҳои нашркардаи Сафҳаи фейсбукии осорхона навишта шудааст, ки нақлҳои устод дар бораи зиндаги ва фаъолияти худ, ҳар ҳафта, рузи ҷумъа соати 16:00 доир мешавад.

Дар навори аввал Ҷӯрабек Мурод бо нишон додани аксҳои таърихӣ бо бузургони миллат аз қабили Мирзо Турсунзод, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Қутби Киром, Лоиқ Шералӣ лаҳзаҳои вохӯриву нишастҳо ва ҳазҳояшонро нақл мекунад.

Ба гуфти нобиғаи санъати тоҷик, ин нафарон беҳтарин фарзандони донишмаду фарзонаи миллат буданд,  ва ҳамеша суҳбатҳои фарҳангиву созанда доштанд.

Сарояндаи шинохта ва Ҳунарманди мардумии СССР мегӯяд “се падар” дорад: падари худаш, падари маънавӣ ва падари сиёсияш.

“Муродбек Олимӣ, падари худам, Мирзо Турсунзода, падари маънавиям ва Ҷаббор Расулов, падари сиёсиям аст. Ман назди ин нафарон ҳамеша қарздорам ҷояшон биҳишт бод”,-мегӯяд ҳунарманд.

Хотироти Ҷӯрабек Муродов аз мулоқоте, ки бо Аҳмад Зоҳир як моҳ пеш аз маргаш дошт - Видео

Номбурда ҳамчунин аз сӯхтори осорхонааш ёдовар шуда, гуфт, беш аз бист фисад чизҳое, ки оригинал буд сӯхтанд.

“Ман дар ҳаётам бисёр нагиристаам. Фақат дар даргузашти падару модар дӯстои наздик гиря кардаам, аммо дар сӯхтори осорхонаам низ сахт гирифтам. Чун ин меҳнати ҳалоли эҷодии ман буд”.

Ӯ ҳамчнин гуфт, осорхона бо дастгирии раҳбарони вақти вилояти Суғд таъмир шуд ва ҳамзамон унвони давлатиро гирифт.

1712
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе

Аз ронандаҳои маст то афзоиши садамаҳои ҳалокатовар дар Суғд

0
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд омори қоидавайронкунии ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандаҳои маст ва шумори садамаҳои ҳалокатбор дар роҳ давоми шаш моҳи охирро шарҳ дод

ДУШАНЕБ, 23 авг – Sputnik. Бино ба оморе, ки дафтари матбуоти РВКД вилояти Суғд дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 ҳолати рондани воситани нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор шудааст.

“Аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ аз ҷумла идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ 301, идораи воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ 227, идораи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ бидуни иҷозат 182, идораи воситаи нақлиёт бо аломати қайди давлатии бегона 47 ҳолат ошкор карда шуда, дар умум ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 9 милиону 17 ҳазору 750 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи РВКД.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ин давра аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ 183 ҳазору 833 ҳолати қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ин рақам ҳарчанд дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ ба андозаи 26, 3 ҳазор ё 12, 5 % кам аст, вале рухдоди садамаҳои ҳалокатовар ба 40 маврид ё 5, 3 % ва шумори шахсони ҳалокшуда ба 58 нафар расидааст, ки ин ба андозаи 20, 8 % зиёд шудааст.

Нимашаб маст аз тарабхона баромаданд: ҳабс ва ҷаримаи 4 духтар барои дашному занозанӣ

РВКД дар Суғд мегуяд, садамаҳои ҳалокатовар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Шаҳристон бештар қайд гирифта шудааст.

0