Арабистони Саудӣ нахустин Рӯзҳои фарҳангиашро дар Тоҷикистон баргузор мекунад

© Вазорати фарҳанги ҶТМулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон бо намояндаи ҳайати Арабистони Саудӣ
Мулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон бо намояндаи ҳайати Арабистони Саудӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон аввалин Рӯзҳои фарҳанг аст, ки Арабистони Саудӣ дар кишварҳои хориҷӣ баргузор менамояд. Ин нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвари мо барои густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аст", - мегӯяд намояндаи кишвар

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Арабистони Саудӣ аввалин Рӯзҳои фарҳангиашро дар кишварҳои хориҷа дар Тоҷикистон мегузаронад.

Бино бар иттилои манбаъ, субҳи 5 майи соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари департаменти фарҳанги Вазорати фарҳанг ва иттилооти Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Музайяд баргузор гардид.

Вазири фарҳанг меҳмононро ба шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, оид ба фаъолияти соҳаҳои фарҳанг ва санъат дар кишвари мо маълумот дод.

"Робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистои Саудӣ аз соли 1992 оғоз гардидаанд. Ташрифи меҳмонон ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои моро боз ҳам таҳким мебахшад", — гуфт вазир. 

Роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад ал Музайяд таасуроти хешро аз истиқболи гарм дар Тоҷикистон баён намуда, изҳори миннатдорӣ кардааст.

"Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон аввалин Рӯзҳои фарҳанг аст, ки Арабистони Саудӣ дар кишварҳои хориҷӣ баргузор менамояд. Ин нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвари мо барои густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аст", — афзудааст Аҳмад ал Музайяд. 

Дар вохӯрӣ инчунин Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ал Баъдӣ ва Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ иштирок намуданд.

Баъди анҷоми мулоқот меҳмонон аз Осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, дастхатҳо ва китобҳои нодирро тамошо карданд.

Лентаи хабарҳо
0