Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин оилаи ҳунарманд" баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевБотанический сад Академии наук Таджикистана (Боги "Ирам")
Ботанический сад Академии наук Таджикистана (Боги Ирам) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озмун 14 май дар муассисаи далвтии "Боғи Ирам" баргузор мешавад. Оғози барнома соати 08:30

ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии  "Беҳтарин оилаи ҳунарманд" баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, озмун ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май ҳамчун "Рӯзи оила" ҷашн гирифта мешавад ва ба муносибати эълон гардидани соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"  бахшида мешавад.

"Беҳтарин оилаи ҳунарманд" миёни оилаҳои ҳунарманди кишвар санаи 14 майи соли равон дар "Боғи Ирам" гузаронида мешавад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Оғози барнома соати 08:30 ва даромад озод аст.

Пештар дар Хуҷанд низ  бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат!" мусобиқаи шоҳмот баргузор шуд.

Дар он байни писарон ҷои якумро Дориюш Усмонов, хонандаи гимназияи ба номи Ё.В.Гёте, ҷои дуюмро Муҳаммад Осимӣ хонандаи литсейи донишкадаи политехникӣ ва ҷои сеюмро Ҷаъфар Деҳқонов хонандаи гимназияи ба номи Ё.В.Гёте соҳиб гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0