ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ширкаткунандаи озмуни "Ту беҳтаринӣ!" аз Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева ба марҳалаи ниҳоии озмун баромада натавонист. Ӯ дар саҳна бо суруди "Туро ҷӯстам" баромад кард, вале дастгирии доваронро пайдо накард. Тугмачаи сабзро танҳо овозхон Юлианна Караулова пахш карду халос, ҳол он ки барои ғалаба пахши ҳама чаҳор тугмачаи "Ҳа" лозим буд.
Оҳангсоз Игор Крутой мавқеи худро чунин фаҳмонд: ба ақидаи ӯ, баромади Меҳрона савтан заъиф буд.
"Ман имрӯз натавонистам тугмаи сабзро пахш кунам. Ту маро на ба ҳайрат оварда тавонистиву, на шигифтзада кардӣ. Ман бар онам, ки имрӯз ту натавонистӣ каме пештар равӣ", — шарҳ дод амали худро Игор Крутой.
Меҳрона суханони ӯро бурида, вориди баҳс шуд, ки ин танҳо фикри ӯсту, вай бо он куллан розӣ нест.
"Хайр ин фикри Шумост, вале на аз ман. Ба назарам, ман ширкаткунандаи шоиста ва сазовори ғалабаам", — ҷавоб дод Меҳрона.
Аъзоёни дигари ҳайати ҳакамон чунин рафтори дағалонаи Меҳронаро интизор набуданд. Прдюсер Виктор Дробиш ба зудӣ нимфиналисткаи "Ту беҳтаринӣ!"-ро ором кардан хоста, ба ӯ ёдовар шуд, ки дар муқобили ту шахси муътабар нишастааст, ки на як даҳсолаи умрашро барои ҷустуҷӯи кӯдакони боистеъдод сарф кардааст.
"Мехоҳам ба ту хотиррасон кунам, ки Игор Крутой садҳо мисли ту баринҳоро тарбия ва ба воя расонидааст. Вай устоди воқеан эътирофшудаи касби худ ва ҳунарманди мардумӣ мебошад. Ба ту лозим аст, ки муносибабтатро на ба оҳангҳо, балки ба зиндагиву одамон дигар кунӣ. Кӯшиш кун то моро дарк намоӣ. Дар бораи мусиқӣ бошад, ҳоҷати гап ҳам нест", — ибрози назар кард Дробиш.
Барандаи телевизион Вадим Такменев кӯшиш кард то дағалии Меҳронаро нисбат ба Игор Крутой, ки зери эҳсосот ба вуқӯъ омада буд, фаҳмонад. "Ман ҳоло ба ҷои Meҳрона ба шумо мегӯям: "Мебахшед!" барои чунин як вокуниш. Шумо бисёр чизҳоро намедонед. Дар каллаи ӯ алъон чунин фикрҳое ҷой гирифтаанд, ки озмуни "Ту беҳтаринӣ!" ба охир расид ва ба хона баргаштан лозим аст, ки дар он ҷо на ҳама чиз оддиву фаҳмо аст. Меҳрона, ту бисёр духтари қавиӣ. Ту ба чунин сатҳи баланд расидаӣ — нимниҳоии озмуни байналмилалии савтии "Ту беҳтаринӣ!".
Ту аз ӯҳдаи ҳама кор мебароӣ. Ягона чизеро, ки ҳоло ман мехоҳам, ин муроҷиат ба мақомоти Тоҷикистон аст. Лутфан, барои баррасӣ ва ҳалли тамоми мушкилоти Меҳрона кумак кунед", — хоҳиш кард Вадим Такменев.
Меҳрона Ғайбуллоева бо чашмони пур аз ашк эътироф кард, ки ӯ каме ғалат кардааст ва дар назди аъзоёни ҳакамон узр пурсид.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Файзов зимни ҳамоиш дар мавзӯи забони модарӣ гуфт, ҳамарӯза оид ба забонҳои маҳаллӣ дар вилоят баҳсу мунозираҳо рафта истодаанд ва то ҳатто ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатномаҳо ва пешниҳодоти зиёд ворид мегарданд.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, дар ин ҳамоиш масоили таърихӣ, таҳияи алифбоҳои забонҳои помирӣ, ҷанбаҳои қонунии ҳимоя ва инкишофи забонҳои помирӣ ва таълифи осори бадеӣ ба ин забонҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Муқбилшоҳ Аламшоев: забонҳои помирӣ ба хатт ниёз доранд
Дар мавриди пешниҳодҳое, ки ба ҳукумати вилоят ироа шудаанд, тафсилоти бештар дода нашуд, аммо забоншиносон борҳо таъкид кардаанд, ки забонҳои помирӣ ва яғнобӣ бояд дар дабистонҳои маҳалли корбурдашон ва ҳамчунин бахшҳои забоншиносӣ омӯзонда шаванд.
Феълан дар ҳудуди ВМКБ ҳафт забон — рошорвӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, язгуломӣ ва ишкошимӣ корбурд доранд, ки асосан шифоҳӣ буда, хат надоранд. Масъалаи таҳияи алифбо ва хат аз иқдоми дигари муҳим барои ҳифз ва рушди забонҳои помирию яғнобӣ арзёбӣ мешавад.
Қаблан Кумитаи забон ва истилоҳот тавсия дода буд, ки таҳқиқу омӯзиши забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ ва таълими ин забонҳо ба соҳибзабонони ин минтақаҳо роҳандозӣ гардад, аммо то ҳол иқдоми амалие дар ин самт роҳандозӣ нашудааст.
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, сокинони кишвар моҳи март 13 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, санаи таҷлили Рӯзи модар, ки ҳамасола 8 март таҷлил карда мешавад соли гузашта ба рӯзи якшанбе рост омада буд ва имсол бошад ба рӯзи душанбе рост омадааст, ки истироҳат эълон шудааст.
"Сокинони кишвар дар арафаи Рӯзи модар рӯзҳои 6,7 ва 8-ум истироҳат мекунанд",- гуфт манбаъ.
Манбаъ гуфт, таҷлили Иди Наврӯз дар кишвар расман аз 21 то 24 март таҷлил мегардад, аммо имсол, ки санаи 21-уми март ба рӯзи истироҳатӣ рост меояд, 25-уми март низ дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст.
“Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад”, - гуфтанд аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.
Бо назардошти рӯзҳои иду истироҳат шаҳрвандони кишвар имсол дар моҳи март рӯзҳои 6, 7, 8, 13, 14, 20, 21, 22, 23, 24, 25, 27 ва 28 март, дар умум 13 рӯз истироҳат мекунанд.
Ҷойҳои ҷашни Наврӯз дар Душанбе
Ёдовар мешавем имсол дар Тоҷикистон Иди Наврӯз чун солҳои пеш бошукуҳ таҷлил намешавад. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус танҳо таҷлили расму оин ва бозиҳои варзиширо иҷозат додааст.