Нигаронии Аҳмадзода аз вазъи бади боғи фароғатии "Наврӯзгоҳ"

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳолати кунунии боғи "Наврӯзгоҳ"-чароғонкунӣ, фаъолияти атраксионҳо, обутобгоҳ, истифодаи иншоот ва ҳолати санитарии боғ раиси вилояти Cуғдро нигарон кардааст

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар ин росто Аҳмадзода ба раҳбарияти боғ супориш дода, ки гӯшаи боғи ҳайвонотро дар ҷойи мувофиқ ҷойгир намояд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Рӯзи якшанбе раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Наврӯзгоҳ" – и шаҳри Хуҷанд рафта, бо фаъолият ва вазъи кунунии он ошно шудааст.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Супориши нахуствазир ба раиси Суғд: иншоотро ба сифати баланд созед

Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Наврӯзгоҳ" дар соҳили дарёи Сир ва дар масоҳати 22 гектар доман густурда, яке аз мавзеъҳои дӯстдоштании сокинон ва меҳмонони маркази вилоят маҳсуб меёбад.

Дар "Наврӯзгоҳ" атраксионҳои гуногун мавҷуд буда, ҳамарӯза теъдоди зиёди сокинон барои истироҳату фароғат ба ин мавзеъ меоянд.

Зимни боздид маълум шудааст, ки вазъи боғ нигароникунанда буда, чароғонкунӣ, фаъолияти атраксионҳо, обутобгоҳ, истифодаи иншоот ва ҳолати санитарии боғ беҳбудӣ мехоҳад.

"Раиси вилоят бо назардошти мушкилоти мавҷуда ба роҳбарияти муассисаи фарҳангӣ супориш дод, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин барои беҳтар намудани вазъи ободонии Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Наврӯзгоҳ" тадбирҳои мушаххас андешида, гӯшаи боғи ҳайвонотро дар ҷойи мувофиқ ҷойгир намояд", — супориш додааст Аҳмадзода.

Дар идомаи боздид раиси вилоят бо рафти корҳои таъмиру навсозии меҳмонхонаи "Ленинобод" ҳам ошно шудааст.

Дар доираи тадбирҳои амалишаванда ба муносибати "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" меҳмонхонаи "Ленинобод" ба навсозӣ фаро гирифта шудааст. Тибқи нақша дар баробари таъмири ҳуҷраҳои меҳмонхона бунёди қаҳвахонаҳои замонавӣ, истгоҳ барои нақлиёт, ҳавзи шиноварӣ, толори машқу тамрин ва дигар иншооти ёрирасон дар назар дошта шудааст.

Раиси вилоят дар аснои шиносоӣ масъулин ва сохтмончиёнро вазифадор намуд, ки корҳои таъмиру барқарорсозиро дар сатҳи зарурӣ ва бо сифати баланд ба иҷро расонанд.

Лентаи хабарҳо
0