Коргардон Румӣ Шоазимов

"Хоби ҳамдуна"-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт

76
(Таҷдидшуда 11:27 04.06.2018)
Филми "Хоби ҳамдуна"-и коргардони ҷавон Румӣ Шоазимов дар бахши "Филмҳои дебютӣ ва донишҷӯӣ" сазовори диплом "Барои беҳтарин кори режиссёрӣ" гардид

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Филми коргардони тоҷик Румӣ Шоазимов дар ҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза ба даст овард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш дар Севастопол тантанаи пушидашавӣ ва супоридани дипломҳо ба ғолибони Ҷашнвораи байналмилалии кино "Золотой Витяз" баргузор гардид.

Дар форуми мазкур, ки аз 22 то 31 майи соли 2018 ҷараён дошт, зиёда аз 140 филмҳои озмунӣ ва ғайриозмунӣ аз 28 кишвари ҷаҳон намоиш дода шуданд.

"Филми "Хоби ҳамдуна"-и коргардони ҷавон Румӣ Шоазимов дар бахши "Филмҳои дебютӣ ва донишҷӯӣ" сазовори диплом "Барои беҳтарин кори режиссёрӣ" гардид",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Боиси зикр аст, ки филми "оби ҳамдуна" соли 2016 аз рӯи асари Уилям Ҷейкобс дар жанри нуар ба навор гирифта шудааст. Соли 2017 ба ҳунарпеша Баҳодур Миралибеков барои нақши асосӣ дар филми мазкур дар озмуни "Ак илбирс" (Қиризистон) ҷоизаи "Беҳтарин ҳунарпешаи Осиёи марказӣ" супорида шуда буд. Инчунин ҳамон сол филми "Хоби ҳамдуна" дар кинофестивали "Адабиёт ва кино" ("Литература и кино") дар Гатчина ду ҷоиза ба даст оварда буд.

76
Барчаспҳо:
коргардон, ҷоиза, Румӣ Шоазимов, Тоҷикистон