Қалъаи Хуҷанд, акс аз бойгонӣ

"Қалъаи Хуҷанд"-ро бештар аз 1200 гардишгар боздид кардаанд

33
(Таҷдидшуда 12:46 11.07.2018)
Теъдоди гардишгароне, ки ин маҷмааи таърихиву фарҳангӣ боздид карданд,афзуда, дар шаш моҳи ахир 1236 нафарро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд, дар шаш моҳи ахир аз Маҷмааи таърихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" 45 682 нафар боздид кардаанд, ки аз он 1236 нафарашонро гардишгарони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Бино бар иттилои манбаъ, роҳбарияти маҷмаа барои ҷалби бештари гардишгарон чораҳои судманд андешидаанд.

 "Дар нимсолаи аввали соли равон бо мақсади ғанӣ гардонидани маъхази осорхона 101 адад ашёҳои арзиши таърихӣ-фарҳангӣ дошта ба маблағи 17965,00 сомонӣ харидорӣ карда шуд", — афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, теъдоди сайёҳоне, ки аз Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" боздид менамоянд, зиёд гардида, дар шаш моҳи сипаришуда аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, ки дар ҳудуди маҷмаа ҷойгиранд, 45 682 нафар боздид намудаанд. Аз ин миқдор 1236 нафар тамошобинон аз хориҷи дур буда, 472 нафар аз давлатҳои ИДМ мебошанд.

Бино бар иттилои бостоншиносон "Қалъаи Хуҷанд" аз асри VII то асри XIX арзи вуҷуд доштааст. Тадқиқотҳои васеъ дар ҳудуди он доир нашудаанд. Даромадгоҳ ва деворҳои қалъа қисман дар охири асри XX барқарор карда шудаанд.

Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир ҷой гирифтааст. Атрофи қалъаро деворҳои баланд, ки қисман хароб гаштаанд иҳота мекунанд. Релефи болои қалъа дар натиҷаи сохтмонҳои муосир пурра дигаргун гаштааст.

Куҳанқалъаи Хуҷанд бо арк — кремл — қасри ҳоким, қасри шоҳ дар замони давлати Каёниён — эрониёни шарқӣ бунёд гардидааст. Ковишҳои археологӣ осори моддии ин шаҳрро бо дизу шаҳ ристонаш, ки мутааллиқ ба асри VII то милод аст, дар соҳили чапи Сирдарё ошкор карданд. Асрҳои VI-V то милод шаҳристон нақшаи мураббаъ дошта, ба 20 га баробар буд (диз — 6 га, шаҳристон — 12 га).[1]

Таъминкунандаи оби сокинони Қалъа — канали Қўрхона буд, ки обаш аз шохоби Хоҷа Боқирғон таъмин буд (об ба таври пинҳонӣ аз чашми душмани ба қалъа ҳуҷумкунанда тариқи "обдузд" аз оби Сирдарё таъмин карда мешуд, аз ҳамин сабаб ҳам то ҳол калонсолони Хуҷанд мегўянд, ки аз зери қалъа ба дарё роҳест зеризаминӣ, ки он роҳи оби қалъа мебошад).[2]

Куҳандизи Хуҷанд ҳам ҳуҷуми арабҳо (асрҳои VIII-IХ), ҳам давраи Сомониён, ҳам гумоштаҳои сулолаҳои Қарохониён, Салчуқиёнро (асрҳои ХI-ХII) аз сар гузаронидааст. Дар замони ҳукмронии амир Темури ланг (асри ХIV — ибтидои асри ХV) куҳандизу арки ҳоким чун ҷои бинои ҳукуматӣ монд. Асрҳои баъдина куҳандиз то аркаш чун қароргоҳи ҳокимон, масалан, Оқбўтабек (а.ХIХ) ба хонанда маълум аст. Баъди Хуҷандро ишғол намудани лашкари ҳукумати подшоҳии рус (24 майи соли 1866) дар дохили қалъаи Хуҷанд аскарони ин ҳукумати подшоҳӣ ҷойгир кунонида шуд (он ҷо бинои сардори коменданти ҳарбӣ ва казармаи аскарон, сардори музофоти Хуҷанду канселярияи он низ ҷойгир буданд).

33
Барчаспҳо:
боздид, гардишгар, "Қалъаи Хуҷанд", Тоҷикистон