Консерт, акс аз бойгонӣ

Азоби модару бемеҳрии падар: пушти хандаи Ғарибшо чӣ меистад?

634
(Таҷдидшуда 12:23 22.07.2018)
Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори тоҷик, дар бораи азоби модар, бемеҳрии падар, кӯдакии хоксорона ва иҷоранишинияш дар Душанбею тарсаш аз пешниҳоди номзадӣ ба ҷоизаҳои давлатӣ суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори тоҷик, ки миёни мухлисон бештар бо номи Ғарибшо маъруф аст, саргузашти зиндагии ғамангези худро ошкор сохт.

Раҳимов дар суҳбат бо Орзу Исоев, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар барномаи “Ногуфтаҳо” изҳор дошт, ки ҳанӯз 3 ё 4 – моҳа будааст, ки падараш оилаашонро тарк карда, зани дигар гирифтааст.

Модар Бахтиёр ва 5 фарзанди дигарашро танҳо ба воя расондааст. Ба гуфтаи Раҳимов модараш дар саҳро ва ферма ба ҳайси говдӯш кор мекардааст ва азоби зиёд дидааст.

Ӯ афзуд, кӯдакии хоксоронаеро болои як намад паси сар кард ва аз падар танҳо замони синфи 2 ё 3 буданаш як ҷуфт мӯзача туҳфа гирифтааст, ки он ҳам хурд баромад.

Зимни суҳбат Раҳимов зикр кардааст, ки падараш ҷои кори хуб доштааст, роҳбалади қатор будааст, аммо барояш нафақапулиро пардохт намекардааст.

“Танҳо ҳангоми ба аскарӣ рафтан бо тавсияи модар барои гирифтани дуои падар рафтам ва чанд рубле дар кисаам гузошт”, — изҳор дошт ӯ.

Дар ҳоле, ки алам гулӯгираш мекард, Ғарибшо изҳор дошт, ки модар бо вуҷуди машаққатҳои зиёд дар тарбияи ҷигарбандонаш натавонист, аз давлати фарзандон бичашад.  Ба гуфтаи ӯ вақте фарзандон соҳиби мақому давлат шуданд, модар дунёро тарк гуфт.

“Шояд баъди ин суҳбат бисёриҳо аз ман биранҷанд, аммо ошкоро мегӯям, ки бе падар зиндагӣ кардан мешудааст, аммо бе модар мушкил аст”, — гуфт Ғарибшо.  Ӯ таъкид намуд, ки худро танҳо замоне ятим эҳсос кард, ки модарашро аз даст дод.

Раҳимов таъкид намуд, ки сарфи назар аз бемеҳриҳои падар, замони дар бистари бемории падар қарор доштанаш гузаштаро фаромӯш кард.

Ӯ афзуд, барои як муддати кӯтоҳ бо падараш муносиботи дошт, аммо тӯл накашид, чун падар дунёро тарк кард.

Бахтиёр Раҳимов ва Ташриф Халилов аъзои гуруҳи “Ғарибшо”,  аз шинохтатарин ҳаҷвнигорони тоҷик мебошанд. Раҳимов мегӯяд, аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар ин соҳа кор мекунад ва то ҳол ба ивази 250 то 300 доллар дар Душанбе иҷоранишин аст. Дар мавриди ҳамкораш Ташриф Халилов изҳор доштааст, ки ӯ бо кӯмаки шаҳрдорӣ соҳиби хона гардид ва изҳори умед намуд, ки барояш низ чунин рӯз фаро мерасад.

Бахтиёр Раҳимовро се бор бо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги ҶТ” сарафроз кардаанд. Ӯ мегӯяд, дигар метарсад, ки ҳуҷҷатҳояшро барои ҷоизаҳои давлатӣ пешниҳод кунад, чун эҳтимол дорад, ки бори дигар нишони сарисинагӣ хоҳад гирифт.

Раҳимов таъкид намуд, ки сарфи назар аз мушкилоту ғуссаҳояш бояд ба саҳна барояд ва табъи мухлисонро хуш гардонад.

“Бароям беҳтарин ҷоиза эҳтирому дӯстдории мардум аст, ки онро дорам”, — гуфтааст ӯ.

634
Барчаспҳо:
ҳаҷвнигорӣ, Тоҷикистон
Мадина Акназарова

Аз кулчапазӣ то нашри нахустин суруд ба забони шуғнонӣ: Мадина дар замони COVID - 19

1941
(Таҷдидшуда 18:24 01.06.2020)
Мадина Ақназарова ахиран суруди ҷадиди худро ба забони шуғнонӣ зери унвони "Рози дил" пешкаши мухлисонаш кард

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Мадина Ақназарова сарояндаи ҷавон ва машҳури эстрадаи тоҷик, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи нашри суруди нахустинаш ба забони шуғнонӣ ва ҳамагирии COVID - 19 нақл кард.

Ба гуфти Мадина вақте рӯзҳои аввал дар бораи COVID - 19 сухан мекарданд, дар Душанбе ҳамаро тарсу ваҳм фаро гирифта буд, вале пас аз чанде ҳамаҷо ором шуд.

"Наздик ба якуним моҳ мешавад, ки мо дар хона нишастаем. Худро эҳтиёт мекунем. Шукри Худо ҳамаи аҳли хонаводаамон дурусту бардаманд", - гуфт Мадина.

Сарояндаи ҷавон дар даврони ҳамагирӣ нахустин суруди худро ба забони шуғнонӣ (пештар ӯ суруде бо номи "Ҷону дилам" нашр карда буд, ки танҳо қисме аз суруд ба забони шуғнонӣ сароида шуд) таҳти унвони "Рози дил" нашр ва пешкаши мухлисонаш кард.

Суҳбати Мадина: аз ишқ дар маршировка то муҳоҷирату пулёбӣ ва ҷарроҳии пластикии ситораҳо

Дар бораи нашри ин суруд Мадина мегӯяд аз дер боз мақсад дошт, суруде ба забони модариаш - шуғнонӣ бисарояд, вале суруди мувофиқи дилашро пайдо накарда буд.

"Вақте ман навори қадимиеро тамошо кардам, ки дар он се духтари ҷавон ҳамин суруди "Рози дил"-ро иҷро мекарданд, ман дарҳол онро писандидам ва ба худ гуфтам, ки ман албатта ин сурудро месароям", - нақл кард Мадина ва афзуд, ки аслан ӯ сурудеро интихоб мекунад, ки ба дилаш наздик бошад.

Ӯ гуфт чун матни суруд  бештар мувофиқи сарояндагон - мардон аст, тасмим гирифт матни онро каме тағйир диҳад.

"Ростӣ иҷро кардани суруди бадахшонӣ кори осоне нест. Бояд баландии овоз нота ва ҳамааш мувофиқ бошад. Вале ин суруд ба ман бо тамоми нозукиҳояш мувофиқ омад. Танҳо матнашро ҷой ҷое барои овози духтар мувофиқ кардем", - гуфт Мадина ва афзуд, ки муаллифи ин сурудро пайдо накард, чун яке аз сурудҳои қадимии мардуми Бадахшон ҳаст ва онро суруди халқӣ унвон кард.

Ба ҷавонон муаррифӣ кардани суруди пешинро Мадина аз далели дигари интихоби сурудаш гуфт.

Суруди нави Мадина рӯзи 30 май дар саҳифааш дар шабакаи Youtube нашр шуд. То имрӯз ин сурудро беш аз 39 ҳазор кас шунида ва зиёда аз якуним ҳазор нафар писандидааст.

Аз ҳамагирии коронавирус ёдоварӣ карда, Мадина мегӯяд вақти мувофиқест барои пухту паз барои аҳли хонавода ва сабти наворҳои шӯхиомез.

Дар саҳифаи Мадина дар инстаграм наворе нашр шудааст, ки ӯ дар он тари омода намудани кулчаро аз аввали кор то охир намоиш додааст. Аз навор бар меояд, ки Мадина кадбонуи хубе ҳаст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Таёри ба Сухур 🌹 Сараф во бамаза ширчой 😜

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Ҳамчунин дар баробари наворҳои пухтупаз Мадина видеоҳои шӯхиомезро низ нашр кардааст, ки писанди ҳаводорони ҳунараш шудааст.

Умуман Мадина Ақназарова аз фаъолтарин ҳунармандони тоҷик дар Instagram ба шумор меравад. Ӯ сирри шӯҳрати худро дар истеъдод ва истифодаи фаъолонаи шабакаҳои иҷтимоӣ медонад.

Бар хилофи аксари сарояндагони тоҷик, ки шӯҳратро бо сарфи маблағи ҳангуфт тавъам медиҳанд, Мадина бовар дорад, ки барои инсони боистеъдод ва меҳнаткаш барои дарёфти мақоми худ дар шоу-бизнеси тоҷик, монеа вуҷуд надорад.

"Дар асри 21 машҳур шудан бисёр осон аст. Агра инсон истеъдод ва ҷаззобият дошта бошад, албатта метавонад дар санъати тоҷик мақоми худро пайдо кунад. Ман ин чизро дар мисоли худам тасдиқ мекунам. Шояд солҳои пеш мушкилтар буд, вале имрӯзҳо бо кумаки интернет ин кор осон шудааст”, - гуфт Мадина дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мадина Ақназарова соли 2018 дар санъати эстрадии тоҷик зуҳур кард. Ӯ бо сабки сурудхонӣ, интихоби матни суруд, овози боқувват ва ҷасорату фаъолнокӣ дар Instagram зуд дар дилу дидаи мақомдорони умури фарҳанг ва мардум ҷой ёфт.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Dustoni aziz, surudi halqii ” ”Rozi dil”bo zaboni Badakhshoni ( Shugnoni) alakai dar Youtube dar kanali man sado medihad 🙏🏻 Marhamat, gush kuned . 🎉 #girlfrombadakhshan🌹

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

Нахустин намоҳангашро таҳти унвони "Ай ёр, ёр" соли 2017 сабт ва пешкаши мухлисон карда буд, ки аз ҷониби тамошобинон бисёр хуш пазируфта шуд. Мадина дар чандин консертҳои хайриявӣ низ ҳунарнамоӣ карду ӯро дигар дар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ низ даъват мекарданд. 

Мадина мусиқии тоҷикро дар Ӯзбекистон ва Ҷопон ва дигар кишварҳо муаррифӣ кардааст.

Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз чанде хонаводаи Мадина ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург мекӯчад.

Мадина то синфи 9-ум дар мактаби рақами 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бозгашт.

Мадина ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академӣ (опера) супорид ва онро бо хубӣ хатм кард. Пасон Мадина таҳсилашро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дод.

Феълан Мадина Ақназарова донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳунарҳои зебо мебошад.

То имрӯз Мадина Ақназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Пебербург баргузор кардааст.

1941
Барчаспҳо:
Забони модарӣ, Мадина Ақназарова, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Министр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода

Мусибат дар хонаводаи Орумбекзода: ҳамдардӣ бо оилаи собиқ вазир

8471
(Таҷдидшуда 19:48 30.05.2020)
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо хонаводаи вазири собиқи ин ниҳод Шамсиддин Орумбекзода изҳори таслият кардааст

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар хонадони вазири пешини фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода мусибат рух додааст - модари вазири собиқ даргузашт.

Дар ин робита раҳбарияти Вазорат бо хонаводаи Шамсиддин Орумбекзода изҳори таслият кардааст.

"Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода нисбати даргузашти модарашон ҳамдардии амиқ баён менамоянд", - омадааст дар номаи ҳамдардӣ.

Ёдрас мешавем, ки Шамсиддин Орумбекзода то соли 2020 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд ва соли 2019 Орумбекзодаро мардуми Тоҷикистон "вазири дастрас" унвон карданд.

Ҳамин тавр, моҳи январи соли 2020, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек аз вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуда Давлатзода Зулфия Давлат ҷойгузини ӯ гардид.

8471
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, изҳори ҳамдардӣ, Тоҷикистон
Приветственная Стелла в город Варзоб, архивное фото

Дар ноҳияи Варзоб дигар коронавирус нест?: мақомот ба муовини сарвазир чӣ маълумот доданд?

93
(Таҷдидшуда 12:15 03.06.2020)
Дар ҷаласаи як ҷаласа мақомоти ноҳияи Варзоб ба муовини сарвазири кишвар иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Варзоб охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, аз беморхона ҷавоб шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии назди муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, ки 2 июн дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид, гузориш дода шудааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Гуфта шудааст, ки зимни ҷаласа ба муовини сарвазири кишвар гузориш дода шуд, ки дар беморхонаи  ноҳияи Варзоб низ охирин беморони гирифтори COVID-19 табобат ёфта, ҷавоб шуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар пешгирии ин сироят сар аз давраи гӯшанишинӣ то бартарафкунии он раиси ноҳия, кормандони соҳаи тиб ва дигар масъулин саҳми арзанда гузоштанд.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазир Ширин Исматуллозода ба мақомоти ноҳия дастур додааст, ки корҳои безараргардониро давом дода, бо аҳолӣ ҳамеша тамос шаванд.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки давоми чанд рӯзи охир чунин ҷаласаҳои корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода дар шаҳру навоҳии Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат низ баргузор гардиданд.

Гуфта шудааст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон фаъолияти духтурони минтақавӣ, дармонгоҳҳо, касалхонаҳо ва тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи реҷаи 24 соат дар шабонарӯз фаъолият намуда, ташхис, қабул ва ҷобаҷокунии беморон зери назорати бевоситаи мутахассисон қарор дорад.

Бояд гуфт, ки тибқи  дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазири Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ баромад.

93
Барчаспҳо:
ҷавоб, беморхона, бемор, муовини сарвазир, вирус, Варзоб, Тоҷикистон