Талаби дубораи Ҷонибек ба саҳнаи Юрмала-2018 бо Лепс, Киркоров, Брежнева (НАВОР)

© SputnikИзвестный таджикский певец Джонибек Муродов
Известный таджикский певец Джонибек Муродов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибек ва Манижа, ду овозхони шинохтаи тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии "Лайма.Рандеву.Юрмала — 2018" ҳунарнамоӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ҷонибек Муродов, овозхони шинохтаи тоҷик, дар пайи ҳунарнамоии хуби 21 июл дар саҳнаи “Юрмала – 2018” дубора даъват шудааст, ки 22 июл, дар рӯзи ҷамъбастии ҷашнвора низ бо забони русӣ овозхонӣ кунад.

Дар ин бора дар саҳифаи расмии Ҷонибек Муродов хабар дода шудааст.

Дар баробари Ҷонибек, овозхони дигари тоҷик – Манижа Сангин низ соли равон дар ҷашнвораи "Лайма. Рандеву. Юрмала — 2018" иштироку ҳунарнамоӣ кардааст.

Дар маҷмуъ ҷашнвораи "Лайма. Рандеву.  Юрмала — 2018",  ки аз 19 то 22 июл ҷараён дорад, овозхонаҳои маъруф аз қабили Филлип Киркоров, Вера Брежнева, Юля Паршута,  Андрей Макаревич, Лолита, Верка Сердючка, Нино Катамадзе,  Манижа, Маркус Рива, Ballet Freedom, Ҷонибек Муродов ва дигаронро ба ҳам овардаст. Ҷашнвора тариқи шабакаи аввали телевизиони Балтия пахш мегардад.

Тибқи барнома, 22 июл дар рӯзи ҷамъбастии ҷашнвора ҳунарнамоии Хибла Герзмава, Григорий Лепс, Филипп Киркоров, Елена Ваенга, Igo, Вера Брежнева, Лаурис Рейникс, Лиепа Мондекайте, Cosmos Girls, Эмин, Jah Khalib, гуруҳи DAGAMBA, Ballet Freedom дар назар аст.

Ҷонибек Муродов бо нашри як навор дар саҳифаи расмии фейсбукияш изҳор доштааст, ки ҳунарнамоияш ба ташкилкунандагони ҷашнвора маъқул шудааст ва ғайриинтизор аз ӯ даъват кардаанд, ки имрӯз низ бо забони русӣ суруд иҷро кунад.

Ҷашнвораи байналмилалии "Лайма. Рандеву дар Юрмала" бори аввал соли 2015 аз ҷониби Лайма Вайкуле ташкил шудааст ва ин ҳунарманд шахсан овозхонҳоро барои иштирок дар он аз кишварҳои гуногун даъват мекунад.

Имсол "Лайма. Рандеву. Юрмала — 2018" дар толори "Дзинтари"-и шаҳри Юрмала (Латвия) аз 19 то 22 июл баргузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0